Нахустин гуфтугӯҳо дар заминаи ҳамкориҳо бо тоҷирони эронӣ дар Вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон баргузор гардид.
Барқи Тоҷикистон ба Эрон?
Саид Муҷтабо Аҳмадӣ, муовини раиси ширкати «Нерусармояи Эрон», ки раёсати ҳайати тоҷирони эрониро дар ин сафарашон бар дӯш дорад, пас аз анҷоми ин дидор гуфт, ҳар ду кишвар дар бахшҳои гуногун аллакай ҳамкориҳои судманд доранд ва ҳадаф аз сафари тоҷирони эронӣ низ густариши ҳамин ҳамкориҳост.
Саидраҳмон Назриев, муовини вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон ба тоҷирони эронӣ муроҷиат кард, ки дар бораи фаъол сохтани минтақаҳои озоди иқтисодии Тоҷикистон иқдом кунанд. Ӯ гуфт, истифода аз таҷрибаи минтақаи озоди тиҷоратии ҷазираи Кеш муфид хоҳад буд.
Ҷаноби Назриев ҳамчунин дар бораи имконоти Тоҷикистон дар ҳамкорӣ дар бахши энержӣ бо Эрон гуфт, Тоҷикистон метавонад тавассути Афғонистон бо сохтани хатҳо нерӯи барқи Тоҷикистонро ба қисмати шимолу шарқи Эрон интиқол бидиҳад.
Ба гуфтаи Муҳаммадӣ Тӯраев, намояндаи тиҷоратии Тоҷикистон дар Эрон, дар феҳрасти барномаҳои ҳамкории ду кишвар мавзӯъи навсозӣ ва мавриди истифода қарор додани роҳи шимоли Афғонистон низ шомил аст, ки метавонад то ҷое мушкили транзит ва ҳамлу нақл миёни Тоҷикистон, Эрон, Афғонистон ва Туркманистонро ҳал кунад. Ба гуфтаи ҷаноби Тӯраев, дар санади имзошуда дар Теҳрон ҳамчунин масъалаҳои сохтмони 2 нерӯгоҳи обӣ дар Тоҷикистон бо сармояи Эрон, ки тавони 150 мегаваттиро доранд, дар назар аст. Бар илова, сохтмони 10 нерӯгоҳи кӯчаки барқӣ низ тавофуқ шудааст.
Замонати Тоҷикистон
Саидраҳмон Назриев, муовини вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон, ба тоҷирони эронӣ итминон дод, ки фазои сармоягузорӣ дар Тоҷикистон мусоид аст ва давлат ҳифзи сармояҳоро кафолат медиҳад.
Ин дар ҳолест, ки то ба ҳол дар бахшҳои мухталиф сармояҳои бахши хусусии ҳеҷ кишваре ба Тоҷикистон ворид нашудааст. Сармоягузорони бахши хусусии хориҷӣ аз сангинии молиёту муроот нашудани қоидаҳои фаъолияти сармоягузор аз сӯи мақомот, аз сармоягузорӣ ба Тоҷикистон худдорӣ мекунанд.
Саид Муҷтабо Аҳмадӣ, раиси ҳайати тоҷирони эронӣ, аммо, умедвор аст, ки тоҷирони кишвараш дар Тоҷикистон ба ҳеҷ мушкиле гирифтор нашаванд.