Аксари оилаҳои баҳамзада хонаводаҳои ҷавонанд, ки ҳамагӣ дар оғози ҳаёти оилавӣ қарор доштаанд. Ва аксари занҳои талоқгирифта пас аз ҷудоӣ танҳо сару либос ва тӯҳфаҳои хурди маросими хоандориро дарёфт карда, бидуни сармояи дигаре ба хонаи падар баргаштаанд.
Ин ҳолат дар Тоҷикистон як ҳодисаи маъмулӣ шудааст. Ва махсусан занҳои таҳсилнокарда пас аз талоқ ба ҷуз ин амволи кӯчак чизе ба даст намеоранд. Зеро маҳре, ки ҳаққи хоси зан аст, хеле ночиз пардохт мешавад.
Қонуни хонавода дар Тоҷикистон қарордоди никоҳ миёни зану шавҳарро мавриди назар дорад, аммо ин қарордод ихтиёрӣ аст ва шумораи хеле ками оилаҳо ин қарордодро ба тасвиб расондаанд.
Ин аст, ки дар бештари маворид ҳаққи зан нақз мешавад. Аммо оё пардохти маҳри зан, ҳамчунон қарордоди никоҳ дар ҳифзи никоҳи марду зан нақш дорад ва оё ин ду як ҷузъи ҳимоят аз ҳуқуқи зан аст?
Маҷаллаи «Як рӯз бо шумо» дар расидагӣ ба ин мавзӯъ меҳмоние дар чанд хонавода дошт ва дар ҳузури мардум мавзӯъро баррасӣ кард: