Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

«Регар» ТадАЗ – ғолиби давраи аввали сабқати Лигаи олӣ


«Регар» ТадАЗ-и Турсунзода ғолиби давраи аввали мусобиқаи қаҳрамонии футболи Тоҷикистон байни дастаҳои лигаи олӣ гардид.

«Регар» ТадАЗ 20-уми май дар меҳмонӣ дастаи «Хуҷанд»-ро бо ҳисоби 4-1 шикаст дод. Капитани меҳмонон Хуршед Маҳмудов дар дақиқаи 18-ум ҳисобро боз кард. Баъди 17 дақиқа Даврон Тахтасунов голи дуввуми «Регар» ТадАЗ-ро ба самар расонд. Жаилтон Оливейра дар дақиқаи 39-ум ҳисобро афзун кард – 3-0. Дар нимаи дуввуми дидор Шӯҳрат Шамсиев, бозигари «Хуҷанд, ҳисобро тағйир дод – 3-1. Голи чаҳоруми меҳмононро Даврон Тухтасунов дар дақиқаи 54-ум зад.

Дар бозии дигари даври ҳаштум дастаи «Хайр»-и Ваҳдат дар сафар бар тими «Энергетик»-и Душанбе бо ҳисоби 3-2 пирӯз гашт. Голҳоро аз дастаи мизбон Пирмурод Бурҳонов ва Александр Франк ва аз тими меҳмон Мирзобек Мирзоев, Низом Раҳимов ва Обид Исмоилов (аз пенолти ё ҷаримаи 11-метра) ба ҳадаф расонданд.

20-уми май, инчунин, як бозии даври 9-ум байни ду дастаи шаҳри Душанбе баргузор шуд. «Истиқлол» бар тими мизбон – ССКА «Помир» бо ҳисоби 2-0 ғалаба кард. Ҳарду голро капитани «Истиқлол» Юсуф Рабиев аз ҷаримаи 11-метра ба нишон расонд.

Бозии охирини даври ҳаштум бегоҳи 21-уми май дар варзишгоҳи «Фурудгоҳ»-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров зери борон баргузор шуд. Дастаи меҳмон – «Вахш»-и Қӯрғонтеппа пас аз пирӯзӣ дар сабқати интихобии Ҷоми раиси Конфедеросиюни футболи Осиё дар Мянмар бо тими «Парвоз» қувва озмуд. Бозӣ бо ҳисоби 1-1 ба анҷом расид. Ҳисобро дар дақиқаи 27-ум ҳамлагари «Вахш» Рустам Усмонов кушод. Вале дар дақиқаи 66-ум Сӯҳроб Эгамбердиев аз ҷаримаи 11-метра ҳисобро баробар кард.

Ба ин тартиб, дастаи «Регар» ТадАЗ-и Турсунзода, ки бо 22 имтиёз дар ҷадвали мусобиқа дар ҷои аввал мебошад, ғолиби давраи аввал гардид.

Дастаи «Истиқлол»-и Душанбе, ки як бозӣ камтар анҷом додааст, бо 17 имтиёз дар ҷои дуввум қарор дорад. Тими «Вахш»-и Қӯрғонтеппа бо 14 имтиёз дар ҷои севум мебошад.

Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали мусобиқа то 29-уми май

Ҷой

Дастаҳо

Б

Ғ

М

Б

Т/T

И

1.

«Регар»ТадАЗ

8

7

1

0

29-3

22

2.

«Истиқлол» (Душанбе)

7

5

2

0

15-4

17

3.

«Вахш» (Қӯрғонтеппа)

7

4

2

1

8-4

14

4.

«Хайр» (Ваҳдат)

7

2

2

3

10-11

8

5.

«Парвоз» (Б.Ғафуров

7

2

2

3

9-12

8

6.

«Хуҷанд» (Хуҷанд)

7

1

3

3

8-15

6

7.

«Энергетик» (Душанбе)

7

1

2

4

8-12

5

8.

ССКА«Помир» (Душанбе)

7

0

3

4

2-14

3

9.

«Равшан» (Кӯлоб)

5

0

1

4

1-15

1


Дар сабқати нишонзанҳои беҳтарин Давронҷон Тухтасунов («Регар» ТадАЗ) бо 10 гол дар ҷои аввал аст.

Даври 9-ум
29-уми май (шанбе)
«Вахш» - «Хуҷанд»
30-уми май (якшанбе)
«Хайр» - «Парвоз»
XS
SM
MD
LG