Қотил ба рӯи ӯ се тир зад ва риштаи умри Сайф Раҳимзод дар бемористон канда шуд. Додгоҳи шаҳри Душанбе 17 январи соли 2003 Раҳим Қаландарови 28 – соларо дар қатли ӯ гунаҳкор ва ба марг маҳкум кард. Таҳқиқи ин парванда шахсан таҳти назорати раисҷумҳури Тоҷикистон қарор дошт.
Аммо то ба ҳол сабабҳои террори ӯ рӯшан нашудааст, ба он далел, ки муҷрим гуноҳи худро ба гардан нагирифт ва ронандаи Сайф Раҳимзод, ки низ захмӣ шуда, қотилро шиносоӣ карда буд, ба таври мармуз аз ошёнаи 4 вазорати коҳои дохилӣ Тоҷикистон худро ба замин афканд.
Фармоишгари қатли Раҳимзод кӣ буд?
Бо вуҷуди таҳқиқи зиёди марги ӯ касе ба ин ҳақиқат нарасид, ки фармоишгари қатли ӯ кист ва бо гузашти 10 сол ин суол посухи худро наёфтааст.
Мақомоти Тоҷикистон бо вуҷуди шакку гумонҳои зиёд дигарбора ба таҳқиқи марги мармузи Сайф Раҳимзоди Афардӣ, нависандаву коргардони тоҷик ва раиси вақти Кумитаи радио ва телевизиони кишвар напардохтаанд.
Дар додгоҳи олии Тоҷикистон ба он далел ки ин парванда пӯшида шудааст, касе ҳозир нашуд бо мо сӯҳбат кунад. Ба ҳамин минвол, таҳқиқе, ки аз сӯи рӯзноманигорон низ сурат гирифтааст, то кунун натиҷае надодааст.
Орзу Исоев, аз рӯзноманигорони телевизиони «Сафина», ки ба таҳқиқи марги собиқ раиси Кумитаи радио ва телевизиони Тоҷикистон даст зада буд, мегӯяд, ба ҷуз он чӣ ки расман гуфта шуд, чизи наверо ошкор карда натавонист ва ба ҳамин минвол, барномааш ҳам рӯи нашрро надид.
Вай афзуд: «Ҳодиса ҳамчунон печидаву сардаргум буд, ки маълум шуд, фармоишгари куштори Сайф Раҳими Афардӣ то ҳанӯз рӯшан нест, зинда асту куҷое ҳаст. Қотилаш ба маҳкама кашида шуд. Аммо фармоишгар маълум нест».
Зимнан, пажӯҳишгарони қатли Сайф Раҳимзоди Афардӣ дар чанд маврид бар ҳақиқати ҳукми додгоҳ ба шакку гумон печидаанд. Қабл аз ҳама номаълум мондааст, ки туфанги бесадо аз куҷо ба дасти қотил расида ва тирҳои туфанге, ки ба тафтиш пешниҳод шудааст, бо тирҳои аз ҷасади марҳум гирифташуда мувофиқат накардаанд.
"Ман падари шуморо накуштаам"
Шакки дигар дар он будааст, ки ронандаи Сайф Раҳимзод ба таври мармуз худро аз ошёнаи чоруми вазорати корҳои дохилӣ ба замин афкандааст. Саввум гумон баъд аз он пайдо шуд, ки дар шоҳидии рӯзноманигорон дар додгоҳ ҳангоми сухани охирин қотил бо хитоб ба аҳли оилаи Сайф Раҳимзод гуфтааст: ман падари шуморо накуштаам!
Қудрат Афардӣ, писари Сайф Раҳимзод мегӯяд, бо ҳукми додгоҳ иктифо кардааст ва дигар дар пайи маълум кардани фармоишгари қатли падараш нашудааст.
Раҳмон Мирализода, ки дар замони раҳбарии Сайф Раҳимзоди Афардӣ дар Кумитаи радио ва телевизион кор мекард, мегӯяд: «Ӯ кореро мекард, ки ҳар роҳбар мекард. Ҳамон кореро, ки дар радиову телевизион мекунанд».
Ба гуфтаи Мирализода воқеан кори кумитаро бо ҷалб кардани мутахассисони хуб тағйир дод ва ботил аст, ки марги ӯ бо фаъолияти давлатиаш рабт дошта бошад.
"Фармоишгари қатлро ба Худо супурдаам"
Аммо Зебо Афардӣ, ҳамсари Сайф Раҳимзоди Афардӣ мегӯяд, бовар дорад, ки фармоишгари қатли ҳамсараш рӯзи хушро нахоҳад дид ва ӯро ба Худо супурдааст: «Инро вақт нишон медиҳад. Барои он ки ҳамон фармоишгарро аниқ ту кардӣ гуфтанба ҳозир қудрат нест. Зиндагӣ боз ҳам давом дорад. Имрӯз ин суолро ман намедиҳам, аммо фарзандону наберагони мо ҳастанд, ки рӯзе ҳақиқатро ошкор мекунанд ва ҳама чиз рӯи об мебарояд»
Сайф Раҳимзоди Афардӣ, муаллифи маҷмӯаи ҳикояҳои «Ситораҳои сари танӯр» ва «Аз ёдҳо, азёдҳо»-ро як нависандаи навгаро дар адабиёти тоҷик мешуморданд. Ҳамчун коргардон низ бо филми «Ситораҳои сари танӯр» навгароии худро собит кард.
Ҳамчун раиси Кумитаи радио ва телевизион низ бо бархӯрди навгароёнааш то ҳол ба ёд оварда мешавад. Аммо як нуктаро ҳам яке аз ҳамсӯҳбатони мо ҳангоми омода кардани ин гузориш баён кард, ки агар палидие сиёсат дар ҳаққи миллати тоҷик кард, намунаи барҷастааш марги Сайф Раҳимзоди Афардӣ буд.