Ҳукумати Узбакистон ахиран фаъолияти корпоратсияи "Зеромакс"-ро, ки бо зиёда аз 40 ширкати хурду бузургаш риштаҳои гуногун ва меҳварии иқтисоди Узбакистонро зери даст гирифта буд, қатъ кард. Аз он ҷо, ки гуфта мешавад, ин муҷтамаи муваффақи хусусӣ ба Гулнора Каримова, духтари раисиҷумҳури Узбакистон тааллуқ дошт, баста шудани он тахминҳое ба миён овардааст, ки ин иқдом зидди Гулнора Каримова буда, баёнгари коҳиши нуфузи ӯ ва афзоиши қудрати Шавкат Мирзиёев, сарвазири Узбакистон аст, ки низ ҷойнишини ояндаи президент Ислом Каримов ба шумор меравад.
Аммо то куҷо ин гумону андеша заминаи воқеӣ доранд ва баста шудани супер-ширкати "Зеромакс"- дар кадом замина имконпазир шудааст?
Бастани “Зеромакс” паёме аз заъфи Каримов?
Баста шудани корпоратсияи хусусии "Зеромакс", ки бахши умдаи иқтисоди Узбакистон ва пурдаромадтарин риштаҳои он, аз фурӯши нафту газу тило гирифта, то саноати коркарди пахта ва сохтмони иншооти бузургро дар даст дошт, дар Узбакистон ва берун аз он на баҳсҳои ҳуқуқу қонун ва ҳифзи сармоягузориҳо, балки таҳлилҳои сиёсии марбут ба ҷонишинҳои ояндаи президент Ислом Каримовро ба миён овардааст.
Бархе аз коршиносон ин воқеаро аломати афзоиши нуфузи сарвазир Шавкат Мирзиёев дар роҳ ба сӯи қуллаи қудрат ва коҳиши шансҳои Гулнора Каримова, духтари раисиҷумҳур ба ишғоли курсии раёсатҷумҳурии Узбакистон номидаанд.
Коршинос Умедҷон аз Тошканд мегӯяд: "Ҳарчанд ба Гулнора Каримова тааллуқ доштани ширкати "Зеромакс" дар ягон ҷо қайд нашудааст, тамоми бахшҳои онро ашхосе раҳбарӣ мекунанд, ки Гулнора Каримова таъин кардааст. Биноан, дар ҳоле, ки Каримова ҷойгузини падараш шумурда мешуд ва дертар номзадии Шавкат Мирзиёев ҳам сари забонҳо гашт, метавон тахмин зад, ки "Зеромакс" қурбони рақобатҳои сиёсии байни ин ду номзад ва ҳам аломати коҳиши нуфузи худи Каримов шудааст. Торумори "Зеромакс" танҳо ба манфиати як нафар - Шавкат Мирзиёев аст. Биноан тахмин задан мумкин, ки номзадии Шавкат Мирзиёев ва ё таъсири Шавкат Мирзиёев дар Узбакистон рӯз ба рӯз бештар мешавад."
Манобеи мустақил дар Узбакистон мегӯянд, корпоратсияи "Зеромакс" рӯзи 5-уми май бо қарори Додгоҳи шаҳри Тошканд ва бо иттиҳоми напардохтани қарзи 500-миллиондолларӣ баста шудааст.
Аммо бархе аз коршиносон чунин эҳтимолро рад мекунанд ва мегӯянд, бо даромаде, ки корпоратсия дорад, ба ҳеҷ ваҷҳ қарздор буда наметавонад.
Бархи дигар баста шудани ширкатро ба қарордоди фурӯши Узбакистону Русия ва дархости Маскав ба тиҷорати бидуни миёнаравон рабт медиҳанд. Дар гузашта гази Узбакистон аз тариқи "Зеромакс" ба Русия фурӯхта мешуд. Аммо ба ҷуз аз газ, ширкат ба фурӯши нафт, тило, пахта ва меваю сабзавоти Узбакистон низ машғул буд ва канор мондани он аз тиҷорати газ гумон аст, ҳамаи фаъолияти онро баҳам занад.
Бисёриҳо "Зеромакс"-ро ба як салтанати алоҳидае ташбеҳ медиҳанд, ки аз соли 2001 ба ин сӯ монанди ҳаштпо ба тамоми соҳаҳои иқтисодӣ ва тиҷоратии Узбакистон ворид шуда, муҳимтарини онҳоро аз худ кардааст ва ба яке аз меҳварҳои иқтисоди Узбакистон табдил ёфтааст.
Бастани "Зеромакс" рейди ногаҳонӣ набуд
Қатъи фаъолияти "Зеромакс" тасмим ё рейди ногаҳонӣ набуда, тадриҷӣ ва бо омодагии пешакӣ ҷараён ёфтааст. Чунончӣ, ҳанӯз моҳи феврал наздик ба 700 корманди "Зеромакс" аз вазифа барканор шуданд. Моҳи апрел мудири иҷроии корпоратсия, Миродил Ҷалолов ба Испания сафар ва дар ин ҷо бо Гулнора Каримова мулоқот кард.
Охирҳои моҳи апрел ба ҳамаи ширкату муассисаҳои марбут ба "Зеромакс" дастури шифоҳӣ дода шуд, ки охирин гузоришҳои молиявии худро бисупоранд ва кормандон ашёву колои хусусии худро аз коргоҳҳо берун баранд.
Яке аз кормандони собиқи "Зеромакс" дар сӯҳбат бо Бахши узбакии Радиои Озодӣ гуфт, ҳолу ҳавои шикаст аз охирҳои моҳи март ва аввали моҳи апрел сар шудааст:
Аммо инро ҳам бояд афзуд, ки дарвоқеъ расмулҳисоби бонкии ҳамаи ширкату муассисаҳои корпоратсия сар аз 5-уми май, яъне рӯзи эълони ҳукми додгоҳ, баста шудаанд.
Бо назардошти фароянди воқеа бархе аз нозирони маҳаллӣ ва хориҷӣ гуфтаанд, "Зеромакс" ҳамчун як нақбе барои кашондани сарвату сармояҳои Узбакистон ба хориҷа ва ҷобаҷо кардани ин сарватҳои ҳангуфт дар макони амн вазифаи худро иҷро кард ва акнун нозарур шудааст.
Ё “Зеромакс”-ро Гулнора баст?
Аммо ин дидгоҳ низ начандон қавист, зеро корпоратсияи иборат аз даҳҳо ширкат метавонист, боз солҳо ба андӯхтани сарват дар Узбакистон машғул бошад ва аз сӯи дигар торумори чунин корпоратсия метавонад, садҳо сармоягузори хориҷиро аз Узбакистон дилсард кунад.
Пас оё метавон гуфт, парвандаи "Зеромакс" ангезаҳои сиёсӣ дорад? Чанде аз таҳлилгарон тарки саҳна кардани "Зеромакс"-ро бешак, ба манфиати сарвазир Шавкат Мирзиёев медонанд. Зеро аксари ширкату корхонаҳои ин муҷтамаъ акнун ба моликияти давлат табдил меёбанд ва як соҳибимтиёзи бахши умдаи иқтисодиёти Узбакистон саҳнаро холӣ мекунад, ки ба сарвазир озодии бештари амал медиҳад.
Аммо агар бастани "Зеромакс" ба хости худи Гулнора Каримова ба вуқӯъ пайваста, ҳадаф аз он танҳо "пок кардани нақшҳои пой" бошад, наметавон онро ба рақобатҳои қудрат дар Узбакистон пайванди маҷбурӣ дод. Ин ҳам дар ҳоле ки Ислом Каримов ҳанӯз вориси "тахту тоҷ"-и худро муқаррар накардааст ва ба чунин меросбар ишорае надодааст.
Бархе аз коршиносон ҳатто ба вориси раёсатҷумҳурӣ будани Гулнора шубҳа доранд. Онҳо бештар нақши "кадбонуи Кӯҳи тило" ё хазинадорро ба ӯ нисбат медиҳанд, ки мумкин аст, барои ҷовидона дар хориҷа бимонад.
Нуфузи Мирзиёев ҳақиқат ё афсона?
Афзоиши нуфузи Мирзиёев, дар зимн зодаи Истаравшани Тоҷикистон, ки аз тарафи рақибонаш "тоҷик" шумурда мешавад, низ метавонад, танҳо зоҳири масъала бошад. Бо такия ба рафтори гузашта ва хислатҳои Каримов метавон гуфт, густариши ҷойгоҳи Мирзиёев замонате надорад.
Каримов ҳамчун як диктатор борҳо нишон додааст, ки ба ин ё он шахс имкониятҳои зиёд медиҳад, ба қуллаҳои қудра наздик меорад ва дар як шаб ӯро барканору зиндонӣ мекунад. Ба ҳар тартиб, ҳанӯз на Каримов ва на худи Мирзиёев аломате надодаанд, ки курсии баъдии сарвазир дар Кохи раёсатҷумҳурӣ хоҳад буд.
Пас чаро "Зеромакс" ба шакли зарбае ба Гулнора баста шуд? Як таҳлилгари тошкандӣ, ки нахост номаш зикр шавад, мегӯяд , ин иқдом беш аз ҳама ба як сухани Ислом Каримов рабт дорад, ки ним сол пеш гуфта буд, дар Узбакистон бойҳову камбағалҳо вуҷуд нахоҳанд дошт. Ҳама чизро бояд бо ҳам дид.
Дере нагузашта фаъолияти хусусии пизишкон, ки дар ҳоли табдил ба як қишри сарватманд буданд, манъ гашт. Онҳоро айбдор карданд, ки ба меъёрҳои беҳдорӣ риоят намекунанд. Сипас, чанд ҳафта пеш нотариусҳои шахсӣ ғайри қонун эълон шуданд. Онҳоро айбдор карданд, ки дар байни доро ва бенавоён фарқ қоиланд ва ба хилофкориҳо роҳ медиҳанд.
Дар чунин фазо Каримов наметавонист, дурахшонтарин намунаи сарватмандӣ аз ҳисоби мамлакат -ширкати "Зеромакс"-ро нодида гирад.
“Акнун ҳама бояд камбағал бошад”
На танҳо сарвари он, балки мудирони сатҳи миёнаи ин корпоратсия кайҳо ба миллионерон табдил ёфтаанд ва иттиҳоми қарзи ниммиллиардӣ бар гардани "Зеромакс" на танҳо сабаби мусодираи моликияти онҳо хоҳад шуд, балки калонтарини онҳоро, ки мумкин аст, ба чеҳраҳои мухолиф ё душманони шахсии Гулнора Каримова табдил ёбанд, ҷисман аз байн хоҳад бурд.
Аслан ҷамъ шудани сармояҳои бузург ва он ҳам нақдина аз тарафи Ислом Каримови ҳаётдида ва соҳибтаҷриба як таҳдид ба амнияти давлат шумурда мешавад. Бузургтар аз он як тадҳид ба қудрати раҳбари олӣ. Аз ин зовия, торумори "Зеромакс" шояд бештар ба суди худи Каримов ва ҳокимияташ аст, то ба суди ҳар кас дигаре.