Ҳамчунин, бештари ҳафтаномаҳо изҳороти Жириновский, раҳбари либерал-демократҳои Русияро, ки гуфтааст, “бояд Тоҷикистону Қириғизистонро ба ҳайъати Русия шомил кард”, ба боди баҳс кашидаанд.
Баҳси Жириновский
“СССР” зери сарлавҳаи “Вируси русӣ”, навиштааст, бо вуҷуди он ки ин изҳори назар вокунишҳои мухталифи мардумро ба дунбол дошт, вале ҳанӯз кадоме аз мақомдорони тоҷик алайҳи ин баёния садо баланд накардаанд.
Муаллифи матлаб мегӯяд, “аксари мардум, ки қути лоямути худро аз ҳисоби муҳоҷирони кории дар Русия қарордоштаи худ дарёфт мекунанд, пешниҳоди Жириновскийро шояд барои андеша қабул кунанд?”
“Нигоҳ” низ ин мавзӯъро сарфи назар накарда, навиштааст, “мусибати бехонумонӣ аст, ки ба як марди бебасират иҷоза медиҳад, то дар як расонаи русӣ ин гуна табли расвоии моро бикӯбад.”
“Жириновский фолбинӣ мекунад”. Ҳафтаномаи “Пайкон” таҳти ин сарлавҳа изҳороти раҳбари либерал-демократҳои Русияро бепоя хондаааст. Муаллифи матлаб гуфтааст, “чун пешниҳодаш ҷон надорад, ақидаи ташкил кардани нӯҳумин округи федеролияш ба гӯши фил хоҳад рафт.”
Мансабдорони ҷавон-ақрабои президент?
Ҷавонони тоҷик ва тавоноии онҳо аз мавзӯъи дигари матруҳаи нашрияҳои Душанбест, ки дар остонаи “Рӯзи ҷавонон” дар Тоҷикистон нашр шудааст.
“Озодагон” дар саҳифаи аввали худ ин мавзӯъро баҳс карда, аз ҷавонони тоҷик ба унвони ояндаи миллат, аммо ояндагоне, ки ба ояндаи худ бовар надоранд, ёд кардааст.
“Ҷавонони Тоҷикистон” - нашрияи расмии Кумитаи кор бо ҷавонон, варзиш ва сайёҳии кишвар ҷавононро тавсиф карда, онҳоро “ободгару номбардори ватан” номидааст. Ҳамчунин, нашрия ифтихор кардааст, ки “ҷавонони мо дар чорабиниҳои мухталифи ҷаҳонӣ иштирок карда, шарафи Тоҷикистонро ҳифз мекунанд.”
Маликшо Неъматов, раиси Кумитаи кор бо ҷавонон, варзиш ва сайёҳии Тоҷикистон дар сӯҳбаташ ба “Озодагон” гуфтааст, имрӯз кам нестанд ҷавононе, ки дар вазорату кумитаҳои давлатии кишвар кор мекунанд ва то ҳадди ёрдамчии президент низ расидаанд.
Бархе дигар аз коршиносон низ дар сӯҳбат ба ин нашрия аз Озода Раҳмон ва Рустами Эмомалӣ - фарзандони раиси ҷумҳур, Ҷамолиддин Нуралиев, муовини вазири молия ва домоди раиси ҷумҳур, Давлаталӣ Сайидов, раиси кумитаи сармоягузорӣ ном бурдаанд, ки дар идораҳои давлатӣ соҳиби вазифаанду насли ҷавонро намояндагӣ мекунанд.
Сели Кӯлоб ё сели ашк?
Рӯзгори мардуми офатзадаи Кӯлоб пас аз селхезӣ низ дар аксари нашрияҳо бозтоб ёфтааст.
“Наҷот”, нашрияи расмии Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон аз ироаи кӯмакҳои аъзои ин ҳизб ба мардуми осебдидаи Кӯлоб хабар додааст.
“Фардо” сели Кӯлобро “сели ашки модарони тоҷик” номидааст. Ин ҳафтанома аз он изҳори ташивш кардааст, ки то ҳол мақомот натавонистаанд ба мушкили ин мардуми офатзада расидагӣ кунанд. “Фардо” масъулони бемасъулиятро танқид кардааст, ки илоҷи воқеъаро пеш аз вуқӯъ наҷустаанд.
“Фараж” дар саҳифаи аввали худ зери сарлавҳаи “Ҷашни рӯзи ваҳдати миллӣ доир нагардад” матлаберо чоп кардааст.
Масъуд Собиров, раҳбари Ҳизби демократ ва муаллифи ин матлаб навиштааст, ки ҳарчанд рӯзи мотами миллӣ эълон нашудааст, вале мардуми тоҷик аз селхезиҳои Кӯлоб ғамзада аст.
“Барои ҳамин, хуб мебуд, ки маросими мутантани рӯзи ваҳдати миллӣ, ки дар Хоруғ ба нақша гирифта шудааст, таҷлил нагардад!”,-пешниҳод кардааст ӯ.
Муҳоҷирати чиниҳо: хатар?
Мавзӯи дигаре, ки ин ҳафта мавриди таваҷҷӯҳи хабарнигорон қарор гирфтааст, муҳоҷирати бебанду бори чиноиҳо ба Тоҷикистон аст. Аксари назардиҳандагони як пурсиши ҳафтаномаи “Озодагон” аз муҳоҷирати хитоиҳо ба Тоҷикистон эҳсоси хатар кардаанд.
Файзиннисо Воҳидова, ҳуқуқдони тоҷик, гуфтааст, “ин муҳоҷират паёмадҳои манфӣ ба дунбол дорад”.
Вале Рашид Ғанӣ Абдулло, коршиноси тоҷик, гуфтааст, ки теъдоди муҳоҷирони воридшудаи чинӣ ба Тоҷикистон чандон зиёд нест. “Аз ин рӯ, ба давлати Тоҷикистон хатар надорад”,-афзудааст вай.
Нуралии Давлат бошад, гуфтааст, “бояд дар марз барои чиноиҳо як бозори бузург ташкил шавад, то онҳо моли худро фурӯхта, сипас ба ватанашон бозпас раванд”.