Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Президенти Тоҷикистон исломситезиро маҳкум кард


Дар иҷлосияи Шӯрои вазирони корҳои хориҷии Созмони конфронси исломӣ, ки аввалин бор дар пойтахти Тоҷикистон баргузор гашт, Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аъзои созмонро ба ҳалли масъалаҳои муҳими олами ислом ва аз ҷумла мушкили Ховари Миёна ва Афғонистону Ироқ даъват намуд. Вай инчунин исломситезиро ба нажодпарастӣ баробар донист.

Иҷлосияи 37 – уми Шўрои вазирони корҳои хориҷии кишварҳои узви Созмони конфронси исломӣ кори худро субҳи имрўз, 18-уми май, бо суханронии Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, оғоз кард.

Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар аввал ширкатдорони иҷлосияро ба “минтақаи Осиёи Марказӣ, ки дар таърихи ислом бо номи «Мовароуннаҳр» маъруф аст”, хуш омадед гуфт ва таъкид кард, ки ин минтақа зодгоҳи нобиғагоне чун “имом Бухорӣ, имом Абўҳанифа, имом Тирмизӣ, Абўлайси Самарқандӣ, шайхурраис Ибни Сино, Абўрайҳони Берунӣ, Мавлоно Ҷалолиддини Балхии Румӣ ва дигар абармардони илму фарҳанг, фиқҳ ва улуми исломӣ” мебошад.

“Нуқтаҳои доғ”

Президент Раҳмон гуфт, нақши Созмони конфронси исломӣ метавонад “чун василаи таҳкими ҳамкории бисёрҷониба дар миёни кишварҳои исломӣ, бахусус дар таъмини сулҳу субот ва рушди устувор хеле муҳим ва муассир бошад.”

Ӯ гуфт, “ҳоло мардуми азияткашидаи Ироқ орзуманди ҳаёти орому осоишта ва истиқрори ҳарчи зудтари вазъ, яъне хоҳишманди зиндагии одии инсонӣ аст, ки дар ин ҷода нақши Созмони мо метавонад фаъолтар ва муассиртар бошад”.
Дар робита ба Фаластин раисҷумҳури Тоҷикистон гуфт, “нақши Созмони конфронси исломӣ дар ҳалли чунин масъалаи ҳаётии ислом, сарфи назар аз нишастҳову ҳамоишҳои мухталиф, ҳанўз қотеъ ва ҳалкунанда ба назар намерасад. Ба ҳамин монанд аз як силсила мушкилоти дигари даҳсолаҳо ҳалношудаи Уммат низ метавон ном бурд».

Дар робита ба вазъ дар Афғонистон оқои Раҳмон гуфт: "кўмакҳои лозима ба Афғонистон дар асоси барномаҳои мақсаднок метавонанд яке аз самтҳои муқовимат бо таҳдиду хатарҳои мухталифи дар он кишвар ҷойдошта гарданд. Мутаассифона, кӯшишҳои ҷомеаи ҷаҳонӣ ва маблағҳои ҷудошуда на ҳамеша бо сатҳи афзояндаи масалан, таҳдиди маводи мухаддир мутобиқ мебошанд. Бинобар ин ба ақидаи мо, сарҳади кишварҳои бо Афғонистон ҳаммарз бояд чун ҷабҳаи пеши мубориза дониста шуда, барои таҳкими нерўву имкониятҳои он кўшиши назаррас ба харҷ дода шавад".

Президент Раҳмон гуфт, аксари кишварҳои рў ба инкишофи мусулмонӣ, ки имрўз гирифтори бўҳрону мушкилот мебошанд, манобеъи зиёди табиӣ, нерўи кории арзон ва шароиту имконоти хуби сармоягузорӣ доранд. Сармоягузорӣ дар самтҳои афзалиятнок ва стратегӣ – энергетика, зербино (бахусус зербинои истеҳсолӣ, техникӣ ва таъминотӣ), иттилоот ва коммуникатсия, саноат, обрасонӣ ва туризм – ба сатҳи сифатан нави пешрафт ва тақвияти нерўи умумии ҷаҳони ислом мусоидат хоҳад намуд.

«Омили исломӣ»

Дар суханронии раисҷумҳури Тоҷикистон таъкид гардид, ки дар сиёсати муосири ҷаҳонӣ "омили исломӣ" мавқеи торафт намоёнро ишғол мекунад. Ӯ бо таассуф гуфт, доираҳои муайяни сиёсӣ дар арсаи байналмилалӣ омили исломиро барои пиёда сохтани манфиатҳои худ истифода бурда, кўшиш ба харҷ медиҳанд, ки назарияи "бархўрди тамаддунҳоро" дар амал татбиқ намоянд.
«Бояд таъкид кард, ки равандҳои ташвишовари авҷ гирифтани амалҳои муқобили ҳамдигар қарор додани дину тамаддунҳо билохира метавонанд ба бесарусомонӣ ва фалокат на фақат дар минтақаҳои муайян, аз ҷумла Осиёи Марказӣ ва ё Шарқи Наздик, балки дар миқёси умумиҷаҳонӣ оварда расонанд», ихтор дод президенти Тоҷикистон.

Эмомалӣ Раҳмон гуфт, паҳншавии исломситезӣ чун яке аз намудҳои нажодпарастӣ Тоҷикистонро мисли кишварҳои дигари мусулмонӣ нигарон сохтааст. Ба пешниҳоди ӯ, таваҷҷўҳи бештар ба гуфтугўи тамаддунҳо метавонад боиси коҳиши ин гуна ташаннуҷҳо ва эҷоди ҳусни тафоҳум гардад.

XS
SM
MD
LG