Ҷомеаи ҷаҳонӣ бо хавф аз барномаи ҳастаии Эрон ба ин кишвар пешниҳод карда буд, то урани хомашро дар кишваре дигар ғанӣ бисозад ва Эрон қаблан ин пешниҳодҳоро рад мекард.
Ромин Меҳмонпараст, сухангӯи Вазорати корҳои хориҷии Эрон, гуфтааст, ҳамакнун, Эрон розӣ аст, то урани хомро барои ғанисозӣ ба Туркия бифиристад.
Туркия ва Бразилия, ду узви Шӯрои амнияти СММ, мухолифи ҷорӣ кардани таҳримҳои сангинтар алайҳи Теҳронанд.
Бархе аз кишварҳои ғарбӣ, аз ҷумла, ИМА, талош доранд, ки дар баробари Эрон барои сарпечияш аз ҳамкорӣ бо ҷомеъаи ҷаҳонӣ ва қатъи ғанисозии ураниум таҳримҳои шадидтар эълон шавад. Ин кишварҳо Теҳронро дар талоши дастёбӣ ба силоҳи ҳастаӣ гумонбар мехонанд.
Президенти Бразилия Инасио Лула да Силва ва сарвазири Туркия Раҷаб Таййиб Эрдуғон барои мутақоид кардани Аҳмадинажод ҷиҳати пазироиши шартҳои Шӯрои амният ба Теҳрон сафар карданд. Раҷаб Тайиб Эрдуғон ба хотири ширкат дар музокирот дар Теҳрон, сафари худ ба Озарбойҷонро мавқуф гузошт.
Миёнаравиҳои Туркия ва Бразилия дар баҳси ҳастаии Эронро охирин шонси Теҳрон барои гурез аз таҳримҳои нав меномиданд.