Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сиёсатшиноси амрикоӣ: Боқиев ҳама пулро бурдааст


Қирғизистон боз шоҳиди тазоҳуроти нав аст. Дар ҷануби Қирғизистон ҳукумати вилоятҳо гоҳ ба дасти ҳукумати муваққат мегузарад, гоҳ ба дасти ҷонибдорони президенти сарнагуншуда. Ҳамчунин, Қирғизистон дар садади қабули як Қонуни асосии нав аст, ки ба интизори иддае, бояд низоми парлумониро дар кишвар ҷорӣ кунад ва иддае онро ҳофизи низоми президентӣ мебинанд. Ҳамчунин, аз ташдиди муборизаи қудратҳо, қабл аз ҳама Амрико, Русия ва Чин дар минтақа зиёд гуфта мешавад.

Дар ин бастагӣ Радиои Озодӣ бо Александр Кули, профессори Донишгоҳи Колумбия, муаллифи нашрияҳои New York Times, International Herald Tribune ва Wall Street Journal-и Амрико, сӯҳбат кард ва қабл аз ҳама пурсидем, ки оё чаро ҳукумати муваққати Қирғизистон натавонист қудратро дар ин кишвар комилан ба даст гирад:

Александр Кули: - Бубинед, ҳукумати муваққати Қирғизистон аз гурӯҳҳои гуногун иборат аст. Бархе воқеан ислоҳотхоҳанд, аммо бархеи дигар мешавад гуфт, ки тасодуфан ин ҷо афтодаанд, яъне, ин силсилаи гурӯҳҳоест, ки ҳадаф, идеология ва ақидаҳои сиёсии гуногун доранд. Мушкил дар он аст, ки ҳукумати Қирғизистон хеле заъиф аст. Пул надорад. Боқиев ҳамаро бурдааст. Ҳукумати муваққат наметавонад маошу нафақаи мардумро диҳад. Сохтори давлат хеле заъиф аст. Сохтори кредитӣ кор намекунад. Мушкил дар пеш бурдани корҳои давлатӣ пеш омадааст. Мушкил дар он аст, ки ҳанӯз машрӯъияти ҳукумати муваққат низ таҳти суол аст. Ҳамчунин ин ҷо масъалаи ислоҳоти конститутсионӣ аст, ки ҳукумати муваққат мехоҳад ҳарчи зудтар онро анҷом диҳад. Аз сӯи дигар, ба даст овардани ҳуқуқи конститутсионӣ зарур аст барои пиёда кардани аҳдоф. Ҳукумати мувақкат мехоҳад он қудратеро, ки президентҳо, аз ҷумла Оқоеву Боқиев доштанд, маҳдуд кунад, то ҷилави корҳо дар кишварро ба даст гирад ва барои боло бурдани нақши парлумон мекӯшад.

Фарҳоди Милод: - Оқои Кулӣ, бархе бар инанд, ки Ғарб мехоҳад дар Қирғизистон идораи парлумонӣ бошад, то намунае барои минтақа дар шикасти низомҳои худкома шавад. Аз сӯи дигар, аз ҷонибдорони идораи президентӣ Русия ҳимоят мекунад, ки агар зарур ояд боз мисли Оқоеву Боқиев тавонад қудратро тағйир диҳад. Шумо чӣ назар доред?
Александр Кули: - Бале, аммо ман фикр намекунам масъала ин бошад, ки «Ғарб чӣ мехоҳаду Русия чӣ мехоҳад». Мо тайи панҷ соли ахир ду намоишеро дидем, ки заъф ва корношоямии идораи президентӣ дар Қирғизистонро нишон доданд. Роҳи нав бояд таҷриба шавад, ки барои рақобати аҳзоб ва дигар нерӯҳои сиёсӣ фазо эҷод ва рушди ҷомеаро таъмин кунад. Ҳамчунин ба ин васила мешавад аз сактаи саввуми президентӣ тайи чор панҷ соли оянда дар Қирғизистон ҷилавгирӣ кард.

Фарҳоди Милод: - Манзури ман ин аст, ки масалан, Роза Отунбаева, раиси ҳукумати муваққат ҳам мехоҳад,раисҷумҳур бошад, қудрат дошта бошад. Аммо ӯ аз низоми парлумонӣ пуштибонӣ мекунад. Оё пушти ин баҳс низ қудратҳо ҳастанд, ҳастанд онҳое, ки аз ин ё он низом пуштибонӣ кунанд ва он ба манофеи онҳо дар Қирғизистону минтақа созгор бошад?
Александр Кули: - Бале, ба назарам, кишварҳои аврупоӣ аз низоми парлумонӣ пуштибонӣ мекунанд, ба он хотир ки аксари онҳо демократияҳои парлумонӣ ҳастанд. Мо дар Бритониё шоҳиди як ҳукумати эътилофӣ хоҳем шуд. Дар Амрикои мо сохтор омехта аст, президент қудрати бештар дорад. Ба фикрам, кишварҳои аврупоӣ аз идораи парлумонӣ пуштибонӣ мекунанд. Он чӣ марбут ба Отунбоева аст, ба ман амбитсияҳои шахсии ӯ маълум нест. Дида мешавад, ки ӯ ватанашро дӯст медорад, ислоҳот мехоҳад. Аммо бархе ба соддалавҳии аз ҳад беши ӯ ишорат мекунанд, ки ба бинишҳои худ аз ҳад зиёд бовар дорад ва низ бовар орад, ки дигарон низ мисли ӯянд. Шахсан ӯро ман бештар сарвазир тасаввур мекунам. Ман ӯро дар нақши президент дида наметавонам ва бовар надорам, ки ӯ худ хоҳиши президент шуданро дошта бошад.

Фарҳоди Милод: - Бубинед, агар қудратҳо бо як нафар кор дошта бошанд, осонтар аст, дар қиёс бо ин ки бо як парлумон, намояндагони як миллат кор дошта бошанд. Масалан, дар мисоли ду, ба истилоҳ инқилоб ё шӯриши Қирғизистон хеле содда буд, ки қудрат тағйир хӯрад...
Александр Кули: - Дуруст аст, дар равобити дутарафа воқеан бо як нафар кор гирифтан осонтар аст, аз ин ки бо чандин нафар ва институт кор гирӣ. Аз лиҳози назария, барои Русия назорати як нафар хеле содда аст. Шояд. Аз дигар тараф, фаромӯш набояд кард, ки бо Боқиев чӣ шуд. Боқиев шахси қудратманд буд. На дар фикри Амрико буд, на дар ғами Русия ва на дар ғами Қирғизистон. Вай фақат дар фикру ғами худ буд. Бале, як касро назорат кардан беҳтар аст, аммо мешавад, ки ӯро назорат карда натавонист. Мо дидем, ки Боқиев аз назорати Маскав берун буд. Аммо мардум ин гуна набуд. Яъне, Русия бояд эҳтиёт шавад, агар аз низоми президентӣ умеде дорад, зеро кафолати ин нест, ки як нафари муқтадирро идора мешавад кард.

Фарҳоди Милод: - Ба назари Шумо, оё мувозинати қудратҳо баъд аз ҳаводиси Қирғизистон то куҷо тағйир хӯрд, на фақат дар Қирғизистон балки дар Осиёи Марказӣ?
Александр Кули: - Ин ҷо масъалаи мувозинати кӯтоҳмуддат ва дарозмуддат аст. Дар Қирғизистон дар кӯтоҳмуддат рақобати қудратҳо, бидуни шак, ба нафъи Русия тамом шуд. Русияву Қирғизистон табиӣ аз қабл ҳам равобити хуб доштанд. Аммо дар дарозмуддат худ ҳаводиси Қирғизистон собит карданд, ки такя танҳо ба як қудрат барои истиқлоли кишвар хатарнок аст. Бигзор Амрикост ё Русия ё Чин барои кишварҳои минтақа маълум шуд, ки бояд барои тавсиаи ҳамкориҳо ба роҳандозии равобити гуногунҷабҳа бикӯшанд.

Фарҳоди Милод: - Оё дар Тоҷикистон такрори ҳаводиси Қирғизистон имкон дорад?
Александр Кули: - Дар ин бораи сӯҳбат кардан мушкил аст. Тоҷикистон кори хубе мекунад, ки бо қудратҳои гуногун – Русия, Амрико, Чин, Иттиҳоди Аврупо, Ҳиндустон ва ғайраҳо ҳамкорӣ дорад ва хатое, ки Қирғизистон кард, накардааст. Медонед, нигаҳ доштани субот кори осон нест. Дар Тоҷикистон мо ҳоло суботро мебинем, ки инро қудратҳо ҳам мехоҳанд. Ман ин гуна ояндаро барои Тоҷикистон намебинам.
XS
SM
MD
LG