Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Баррасии шумораи нави нашрияҳои чопи Душанбе


Ин ҳафта қариб ҳамаи нашрияҳои чопи Душанбе асосан ба баррасии ду мавзӯъ - пайомадҳои фоҷеабори офати об дар Кӯлоб ва муносиботи андаке ба нармӣ гаравидаи Тоҷикистону Узбакистон пардохтаанд.

«Озодагон» дар сармақолаи худ менависад, Кӯлоб мотам дошту, мо ҷашн, ҳол он ки бояд рӯзи мотам эълон мешуд. «Дуруст, ки ҳеҷ кас аз офати ногаҳонӣ ҷойи гурез надорад. Аммо талош барои гирифтани пеши роҳи офат нишони ақли солим аст. Дар баробари фоҷиабор кушта шудани даҳҳо ҳаммиллатони мо дар Хатлонзамин бар асари сел, пеш аз ҳама ҳукумати кишвар масъул аст. Ва ҳеҷ тавҷеҳе наметавонад далели бахшида шудани ҳукумат бошад» навиштааст ин нашрия.

Ҳамазамон, ин нашрия дар мақолаи дигари худ, ки «Алимардони балогардон» ном гирифтааст, навиштааст: «Вақтҳои охир ба назар мерасад,ки Муродалӣ Алимардон ба як чеҳраи муҳими ҳукумати Тоҷикистон табдил меёбад. Алимардон акнун ҳам масоили дипломативу ҳам масоили кишоварзиву чорводорӣ, иқтисодиву бонкдорӣ ва ҳатто наҷотдиҳӣ дар ҳолатҳои фавқулоддаро дар даст дорад. Яъне, агар Алимардон бошад, ҳама кор ҳал мешавад.»

«Нигоҳ» дар мақолае бо номи «Тоҷикистону Узбакистон: низоъ ё гуфтушунид?» аз қавли коршиносон , аз ҷумла, навиштааст: «Новобаста ба он ки ҳукумати Узбакистон баъд аз офати даҳшатбори Кӯлоб ба зарардидагон ёрии башардӯстона фиристода, ҳамзамон, чанд вагони бору колои Тоҷикистонро аз асорат раҳо намуду, мардум ва раҳбарияти Тоҷикистон ба ӯ изҳори миннатдорӣ карданд, муносиботи миёни ин ду кишвар ҳамоно нигаронкунанда боқӣ мемонад. Чунин ба назар мерасад, ки барои ҷомеаи Тоҷикистон хеле аз паҳлуҳои ба сардӣ гаравидани муносиботи ин ду кишвар норӯшан боқӣ мемонад.»

«Фараж» як сухани Сӯҳроб Шарифов, раҳбари Маркази тадқиқоти стротежии дастгоҳи президенти Тоҷикистонро ба чолиш кашидааст, ки оқои Шарифов гуфта буд, президент ҳақ дорад, ки хешовандони худро ба вазифаҳои баланди давлатӣ таъин кунад, дар сурате, ки онҳо дорои маълумоти кофӣ ва таҷрибаи зарурӣ бошанд. «Фараж» навиштааст, дар ҳоле ки худи президент чандин маротиба дар суханрониҳояш аз ба сохтори оилавӣ табдил ёфтани вазоратҳову кумитаҳои давлатӣ изҳорӣ нигаронӣ карда буд, пас ин изҳороти Сӯҳроб Шарифовро чӣ гуна бояд фаҳмид?

«Фараж» ҳамчунин дар мақолаи дигари худ навиштааст, «рамазони гузашта бозори тахрибшудаву дӯконҳои вайрони бозори марказии Шаҳритусро дида ҳайрон шудам, ва аз яке соҳибкорон фаҳмидам, ки директори ин бозор бо салоҳдиди худу розигии ҳукумати ноҳия соҳибкорони зиёдеро аз ҷойи корашон маҳрум карда, ба бунёди фурӯшгоҳи дуошёна камар бастааст. Баъд аз эътирози беш аз 200 соҳибкори бекормонда ваъда додааст, ки пули масрафкардаашонро бармегардонад ва онҳоро бо ҷойи кор таъмин мекунад, аммо бо гузашти як сол аз миён ҳанӯз ин ваъдаи ӯ иҷро нашудааст»
XS
SM
MD
LG