Мақомот аз сарнавишти тарҳи танзим ва назорати таҳсили донишҷӯёни тоҷик дар мадрасаву донишгоҳҳои кишварҳои исломӣ, ки авоили сол аз сӯи раёсати умури дини вазорати фарҳанги Тоҷикистон таҳия шуда буд, ҳарфе намегӯянд. Аммо ба назар мерасад, ки ҳукумат бо мақомоти кишварҳои исломӣ дар мавриди ҷилавгирӣ аз вуруди “худсарона”-и довталабон мувофиқа ҳосил кардааст.
Муаллифон ҳадафи тарҳро – танзим ва таҳти назорат доштани шароити будубош ва таҳсили донишҷӯёни тоҷик дар мадрасаву донишгоҳҳои исломии дигар кишварҳост. Аммо коршиносон изҳор намуданд, ки ин тарҳ ангезаи сиёсӣ дорад ва ҳукумати Тоҷикистон мехоҳад аз як сӯ, аз вуруди ақидаҳои ифротгароёна ба кишвар ва аз сӯи дигар, аз пайвастани шаҳрвандонаш ба гурӯҳҳои тундраву террористии дигар кишварҳо ҷилавгирӣ кунанд.
Бархе назорати таҳсил дар донишгоҳҳои исломиро муғойир ба қавонини кишвар хонданд, ки ҳаққи дарёфти маълумот ба ҳама шаҳрвандонро кафолат додааст.
Нома нест, ба Тоҷикистон баргард?
Айни ҳол дар бештари мадрасаҳову донишгоҳҳои Арабистони саудӣ аз довталабони тоҷик ҳамроҳ бо аснод номаи расмии вазорати маориф ва ё вазорати умури хориҷиро талаб мекунанд. Дар донишгоҳҳои исломии Миср ҳам аз шаҳрвандони Тоҷикистон номаи расмӣ тақозо мешавад.
Қорӣ Иноят, як муҳассили Донишгоҳи ҷомеъаи исломии шаҳри Мадинаи мунаввара ба мо гуфт, “аз сӯҳбатҳо шунидем, ки аз сӯи донишгоҳ аз бачаҳо талаб шудааст, ки аз вазорати умури хориҷӣ нома биёранд, ки ҳукумат барои дар ин ҷо хонданашон розӣ аст”.
Ҳабиб Мирзоев, раиси Маркази барномаҳои байнулмилалии вазорати маорифи Тоҷикистон низ ба мо гуфт, ки ҳама довталабони таҳсил, аз ҷумла, дар мадрасаву донишгоҳҳои кишварҳои исломӣ аз тариқи ин марказ барои таҳсил фиристода хоҳанд шуд. Ӯ афзуд, ки имсол 22 ҷавони тоҷик ҳаққи таҳсил дар донишгоҳи маъруфи “Ал-Азҳар”-и Мисрро пайдо хоҳанд кард.
Тоҷикон кадом мадрасаҳоро меписанданд?
Дар ҳамин садҳо довталаби дигар, ки аз квотаи ночизи расмӣ берун мондаанд, аз талоши таҳсил дар донишгоҳии исломии дигар кишварҳо даст бардоштанӣ нестанд. Коршиноси тоҷик Абдуллои Раҳнамо мегӯяд, ки солҳои ахир таваҷҷуҳ ба маълумоти мазҳабӣ дар Тоҷикистон афзоиш меёбад ва ин ҳам дар ҳоле, ки дар Тоҷикистон шароити дарёфти маълумоти динии муосир ва тахассусӣ маҳдуд аст. Ба гуфтаи ӯ, дар Тоҷикистон 20 мадрасаи исломӣ фаъолият мекунад, ки ҳар яки онҳо аз 20 то 40 шогирд доранд.
Гуфта мешавад, айни ҳол толибилмони тоҷикро, ба ҷуз донишгоҳи маъруфи Ал-Азҳари Миср, дар донишгоҳҳои исломии Ар-Риёз ва Мадинаи Арабистони саъудӣ, дар мадрасаи Дорулулуми шаҳри Қарочӣ ва дар донишгоҳи байнулмилалии исломии шаҳри Исломобод метавон вохурд.
Аммо ба гуфтаи таҳлилгари тоҷик Саъдии Юсуфӣ, дари таҳсил дар мадрасаҳо барои ҷавонони тоҷик пурра баста нашудааст, зеро, “дар Покистону Арабистони саъудӣ мадрасаҳои ғайридавлатӣ ва хусусӣ зиёданд, ки он ҷо касе номаи расмии сафорат ё вазоратро талаб нахоҳанд кард”, мегӯяд ӯ.
Ва зимнан, маҳз мадрасаҳои ин ду кишвар мояи нигаронии мақомоти Тоҷикистон боқӣ мемонанд. Гуфта мешавад, аксари пайравони ҷараёнҳои “Салафия” ва “Ҷамоати Таблиғ”, ки солҳои ахир дар Тоҷикистон зуҳур карда ва бо шеваи намозгузориву баҳсҳои мазҳабияшон боиси низоъҳо дао ҷомеъа шудаанд, таҳсилкардҳои мадрасаву донишгоҳҳои Покистон ва Арабистони Саудиянд.
Назорат ба хотири таъмини амният?
Таҳлилгар Абдулло Раҳнамо талошҳои танзиму назорати таҳсили ҷавонони тоҷик дар мадрасаҳои кишварҳои исломиро, қабл аз ҳама, бо нигарониҳои ҳукумат аз имкони афзоиши гурӯҳҳои ифротгаро дар кишвар марбут мекунад. Ба гуфтаи ӯ, “Тоҷикистон маъмулан як фазои якмазҳабии сокиту ором дорад ва дар шароити феълӣ мазҳаби ҳанафӣ як омили субот ва амнияти миллист”. Абдуллои Раҳнамо меафзояд, “вақте ки хатмкардаҳои мадрасаҳои исломӣ бо дидгоҳҳои дигари фақҳиву шаръӣ вориди саҳнаи динии Тоҷикистон мешаванд, фазои ягонаи мазҳабӣ ва ҳамроҳ бо он суботу амният халалдор мешавад ва имкони бархурдҳои лафзиву ҷисмонии мазҳабҳо фароҳам мегардад”.
Тоҷикистон “Макка”-и нави таълимоти динӣ мешавад?
Аз нигоҳи Абдуллои Раҳнамо, беҳтарин роҳ дар вазъи феълӣ - таъсиси шабакаи қавии мадрасаву донишгоҳҳои динӣ дар кишвар аст. Ӯ мегӯяд, ки ба ин васила, ба истилоҳ, бо як тир чанд нишон метавон зад – аввалан, аз вуруди андешаҳои мазҳабии дигар ҷилавгирӣ мешавад ва сониян – ниёзмандиҳо ба таълимоти динӣ бештар қонеъ мегардад.
Изофа бар ин, Тоҷикистон ба як маркази бузурги таълимоти динӣ дар минтақа табдил хоҳад шуд, зеро пайравони мазҳаби ҳанафӣ аз кишварҳои Осиёи Марказӣ ва аз Афғонистону Покистону Чин ва Русия барои таҳсил ба ин ҷо хоҳанд омад.
Абдуллои Раҳнамо меафзояд, “шояд дар 30-40 соли оянда аксар имом-хатибҳои ин кишварҳо хатмкардаҳои мадрасаҳои Тоҷикистон шаванд. Чунки мо имрӯз мебинем, ки Тоҷикистон ин шонсро дорад ва имрӯз ҳам дар назди домуллоҳои бонуфузи тоҷик шогирдон аз Узбакистону Қирғизистону Қазоқистон ва Русияву Туркистони Чин сабақ меомӯзанд”.
Таҳлилгари тоҷик меафзояд, ки маркази таълимоти исломӣ шудани Тоҷикистон барои боло рафтани нуфузи кишвар дар минтақа ҳам муҳим аст.
Бо ин гуфтаҳо таҳлилгар Саъдии Юсуфӣ низ мувофиқ аст, аммо ба он нукта ишора мекунад, ки миёни мардум нуфузу мақоми хатмкардаҳои мадрасаҳои кишварҳои исломӣ ҳамеша воло буд ва дар оянда ҳам воло боқӣ хоҳад монд.
Бинобар ин ӯ мегӯяд , гумон аст, ки солҳои наздик, бо вуҷуди эҷоди монеъаҳо, сели хоҳишмандони таҳсил дар мадрасаҳои хориҷӣ камтар шавад.