Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Форсизабонҳо маризиҳои сироятиро баррасӣ мекунанд


Мақомот ва коршиносони арсаи беҳдоштии Эрон, Тоҷикистон ва Афғонистон дар як ҳамоиш ба манзури ҷилавгирӣ аз густариши маризиҳои гузаранда дар шаҳри душанбе гирд омаданд.

Раддияи сафорати Русия

Арзёбии вазъи амрози сироятӣ дар минтақа дар ин ҳамоиш дар ҳоле иттифоқ меуфтад, ки мақомоти беҳдоштии Русия воридоти хушкмеваи Тоҷикистон ва ҳамин тавр сафари кӯдакони то шашсолаи тоҷик ба қаламрави ин кишварро мамнӯъ эълон кардаанд.

Геннадий Онишенко, сарпизишки идораи беҳдоштии Русия, изҳор дошта буд, ки мақомоти Тоҷикистон аз ихроҷи кӯдакони то шашсолаи атбои Русия, ки дар ин кишвар кору зиндагӣ мекунанд ҷилавгирӣ кардааст.

Аммо ахиран сафорати Русия дар Тоҷикистон ин даъвоҳоро беасос хонда изҳор дошт, ки давлати Тоҷикистон ҷиҳати ҷилавгирӣ аз бемории полиомелит аз тадобири мушаххас ва дуруст кор гирифтааст ва кадом монеае барои сафари шаҳрвандони хурдсоли Русия аз Тоҷикистон вуҷуд надорад.

Бо ин ҳол, дар ҳамоиши мазкур масъулин ва мутахассисини арсаи беҳдоштӣ аз густариши бемории полиомелит ва ё фалаҷи атфол дар Тоҷикистон изҳори нигаронӣ мекунанд.

Эрон нигарон аст

Муртазо Эзадӣ, табиби амрози уфунӣ ва узве аз ҳайати эронӣ дар ин ҳамоиш, мегӯяд, амрози вогире чун полиомелит ба ҳадде хатарофар ва зудгузаранда аст, ки ҳеҷ кишваре дар танҳоӣ наметавонад шиддат ва суръати тавсеаёбии онро ҷилавгирӣ кунад. Вай мегӯяд, дар ҳоле, ки Тоҷикистон ба манбаъи густариши ин беморӣ табдил шудааст, набояд мунтазир монд, ки давлати ин кишвар ба ёрӣ фаро хонад. Зеро, ин беморӣ як навъи офат ва балои башарӣ аст ва онро мебояд дар макон ва лонааш маҳву нопадид кард.

Даҳ сол орӣ аз фалаҷ будем

Саида Ҷобирова, муовини вазири тандурустии Тоҷикистон, мегӯяд, бемории фалаҷи атфол дар Тоҷикистон дар даҳ соли ахир аслан мушоҳида нашуда буд. Тоҷикистон дар ин бора бо Созмони ҷаҳонии беҳдоштӣ низ як санад ба имзо раснида буд, ки кишвари орӣ аз чунин навъи бемории марговар аст. Вале, гуфт ӯ, ташхис нишон додааст, ки ин беморӣ аз хориҷ ворид шуда ва онро мутахассисон полиомелити ёбоӣ номидаанд.

Бар пояи маълумоти вазорати тандурустии Тоҷикистон дар ин кишвар наздики 300 тан ба гумони гирифторӣ ба бемории полиомелит зери табобат қарор доранд. Ангезандаҳои ин беморӣ дар таркиби хуни 52 нафар ошкор шудааст.

Дар нишасти мазкур 100 табиб аз Эрон, 250 кас аз Афғонистон ва беш аз 200 мутахиссис аз Тоҷикистон ширкат доранд.
XS
SM
MD
LG