Бозори Русия, нафъи Тоҷикистон
Дар чаҳорчӯби лоиҳаи «Пешбурди тиҷорат дар Тоҷикистон», ки аз ҷониби Маркази байнулмилалии тиҷорат (МБТ) амалӣ мешавад, ахиран пажӯҳиши бозори маҳсулоти нассоҷӣ ва дӯзандагии Русия анҷом пазируфтааст. Дар ин пажӯҳиш ба маълумоте, ки барои корхонаҳои содиротии Тоҷикистон бештар муфид аст, диққати махсус дода шудааст.
Рупа Гангулӣ, мушовири МБТ оид ба соҳаи нассоҷӣ ва дӯзандагӣ, ба торнамои Озодӣ гуфт, ҳадафи асосии ин тадқиқот ироаи маълумоти муфид дар бораи талабот, имкониятҳо ва мушкилоти ин бозори бузург ба корхонаҳои Тоҷикистон, ҳукумати Тоҷикистон ва ҳамаи ниҳоду созмонҳои ин кишвар, ки ба соҳа рабт доранд, мебошад.
Хонум Гангулӣ мегӯяд, дар тадқиқот талош шудааст, то вазъи феълии бозори маҳсулоти нассоҷӣ ва дӯзандагии Русия, назари ширкатҳои харидори яклухт, ҳамчунин, маълумот доир ба он қисмати бозор, ки ширкатҳои Тоҷикистон метавонанд вориди он гарданд, баён шавад.
Чиҳил миллиард доллар интизор
Тадқиқот ҳокӣ аз он аст, ки сарфи назар аз бӯҳрони молии ду соли охир Русия барои фурӯшандаҳои яклухт дар саросари ҷаҳон ҳамоно бозори ҷолиб бо имконоти рушд барои оянда маҳсуб мегардад. Гардиши мол дар бозори нассоҷӣ ва дӯзандагии Русия 37-40 миллиард доллари амрикоӣ тахмин зада мешавад ва танҳо ҳаҷми бозори маҳсулоти дӯзандагӣ дар ин кишвар дар алоҳидагӣ то 25 миллиард долларро ташкил медиҳад.
Ҳаҷми савдои чаканаи маҳсулоти нассоҷӣ то 12 миллиард доллар афзоиш ёфтааст. Бештар аз 30 дарсади фурӯши чакана дар Русия ба вилояти федеролии марказӣ (Маскав) ва 7 дарсадаш ба шаҳри Санкт-Петербург рост меояд. Бино бар маълумоти дастрасшуда аз сарчашмаҳои иловагӣ, қисми асосии бозори маҳсулоти дӯзандагӣ (60 % дар соли 2008) аз маҳсулоти занона иборат аст ва боқимондаи бозор миёни маҳсулоти мардона (25%) ва кӯдакон (15%) тақсим шудааст.
Чин пешсаф аст, вале Тоҷикистон бартарият дорад
Дар Федератсияи Русия барои молҳое, ки берун аз маҳдудаи Иттиҳоди давлатҳои муштаракулманофеъ (ИДМ) оварда мешаванд, таърифаҳои баланд ҷорӣ шудааст. Ҳамчунин, раванди нисбатан бюрократии коргузорӣ дар гумрук ба чашм мерасад.
Дар чунин сурат, корхонаҳои нассоҷӣ ва дӯзандагии Тоҷикистон афзалияти бештар доранд, чун дар чаҳорчӯби созишномаҳои байнидавлатии ИДМ, дар Русия онҳо танҳо барои арзиши афзуда (НДС) андоз месупоранду халос, ки он барои аксари кулли маҳсулоти нассоҷӣ ва дӯзандагӣ 18% муайян шудааст.
Саҳми Чин дар бозори нассоҷӣ ва дӯзандагии Русия аз ҳар кишвари дигар бештар аст ва аз рӯи омори расмӣ қариб 38%-и маҳсулоте, ки аз гумрук расман мегузаранд, ба Чин тааллуқ доштаанд. Пас аз Чин дар ин феҳраст Туркия ва чанд кишвари Иттиҳоди Аврупо ҷойгир шудаанд, ки ҳаҷми содироти ин кишварҳо ба Русия бештар аз кишварҳои пасошӯравӣ мебошад. Қирғизистон дар содироти куртаҳо ва пероҳанҳои кӯтоҳи занона (блузка) ба Русия ҷойи дуввумро мегирад.
Дар маҷмӯъ, сарфи назар аз бартариятҳои гумрукӣ ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ дар рақобат бо содиркунандаҳои дигар дар бозори Русия дар ҳоли ҳозир мушкилӣ мекашанд. Яке аз сабабҳои чунин вазъ нобоварӣ нисбат ба сифат, тарҳ (дизайн) ва дар маҷмӯъ имкони рақобатпазирии маҳсулот аз ИДМ дар бозорҳои Русия мебошад.
Роҳро чӣ гуна бояд боз кард?
Ба ширкатҳои нассоҷӣ ва дӯзандагии Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Тоҷикистон, ки барои маҳсулоташон дар бозорҳои Русия фармоиш меҷӯянд, як қатор тавсияҳо дода мешавад, аз ҷумла: - иштирок дар намоишгоҳҳои тиҷоратӣ, махсусан дар он намоишгоҳҳое, ки дар Осиё баргузор мешаванд, чун маъмулан харидорони русӣ маҳз дар ҳамин гуна намоишгоҳҳо ҳамкор меҷӯянд; иштирок дар намоишгоҳҳо дар Русия барои омӯзиши бештари бозор; таҳияи стротежии рӯшани бозорёбӣ (маркетингӣ) бо ҳадафи итминон додан ба муштариёни русиягӣ дар мавриди сифат ва хидматгузорӣ. Аз ҷумла, метавон нишон дод, ки корхона барои назорат аз болои сифат ва харидории таҷҳизоти нав сармоягузорӣ мекунад ва ин масоилро ҷиддӣ мегирад; иттиҳод бо корхонаҳои дигари ҷумҳурӣ бо ҳадафи тарғиботи бештари брэнди маҳсулоти ин кишвар ва ё минтақа; ва ҳамчунин ба роҳ мондани ҳамкориҳои дуруст дар Русия, то мушкилиҳои вижаи бозори содирот, ки аз имкони истеҳсолкунанда берун аст, саривақт ҳал шаванд.
Илова бар маълумот оид ба сохтор ва вижагиҳои бозори Русия, таърифаҳо, роҳҳои интиқол, талабот ба бастабандӣ, нишонзанӣ (маркировка), интиқол ва ғайра, дар тадқиқоти мазкур ҳамчунин дар бораи намоишгоҳҳои муҳим, ширкатҳои тиҷоратие, ки метавонанд ҳамкори эҳтимолӣ бошанд ва тавсияҳо оид ба роҳҳои вуруд ба бозори Русия ва таъмини рақобатпазирӣ маълумот дода шудааст. Ба ҳайси манбаъ аз маълумотҳои расмӣ, аз ҷумла хадамоти гумрук ва Хадамоти федеролии омори Русия, сӯҳбат бо ширкатҳои фаъоли ин бозор ва ҳамчунин маълумоти дастрасшуда аз сарчашмаҳои иловагӣ, монанди маҷаллаҳо ва веб-сайтҳои марбут ба соҳа истифода шудааст.