Тақозои ёрӣ аз САҲА
Нуриддин Шамсов, намояндаи доимии давлати Тоҷикистон дар САҲА, зимни суханронӣ дар ҷаласаи Шӯрои ин созмон аз Қазоқистон ба унвони раҳбари давраии САҲА тақозо кардааст, ки дар доираи мандат ва тааҳҳудоти худ амнияти интиқоли бор ва ба таври озод убур кардани вагонҳои Тоҷикистон аз қаламрави Ӯзбакистонро таъмин кунад. Намояндаи Тоҷикистон дар ин созмон гуфтааст, ки давлати Тоҷикистон бо риояи ҳусни ҳамҷаворӣ ҳамеша дар талоши ҳамкориҳои ҳасанаба Ӯзбакистон аст, вале ин кишвар бидуни далоили ҷиддӣ убури тронзитии вагонҳои ҳомили моли Тоҷикистонро ғайримумкин сохтааст.
Боздошти вагонҳои молу колои Тоҷикистон дар қаламрави Ӯзбакистон аз авохири моҳи феврали соли ҷорӣ баъд аз он ки ҳукумати Тоҷикистон барои сохтмони нерӯгоҳи Роғун сармояи мардумро ҷалб кард, шурӯъ шуд. Зеро, Ӯзбакистон бо сохтмони нерӯгоҳи Роғун мухолифат мекунад ва мегӯяд, бунёди ин нерӯгоҳ бо чунин зарфият ва сарбанд хатароти зистмуҳитӣ дар пай дорад.
СММ ёрӣ надод, САҲА ёрӣ хоҳад дод?
Аммо суол ин аст, ки даъват ва дархости Тоҷикистон то куҷо аз ҷониби САҲА қабул ва бар манфиати ин кишвар тамом мешавад ва оё ин созмон чунин абзор ва имконотеро дорад, ки барои рафъи мушкилоти миёни Тоҷикистон ва Ӯзбакистон кӯмак кунад? Ин ҳам дар ҳоле, ки масъалаи мушкили вагонҳои дар банди Ӯзбакистон қарордоштаи Тоҷикистон ба гӯши дабири кулли СММ низ расонида шуд, вале, то кунун ин мушкил роҳи ҳал пайдо накардааст.
Давлат Усмон, вазири пешини иқтисод дар ҳукумати Тоҷикистон, мегӯяд, ин созмонҳо, аз ҷумла Созмони амният ва ҳамкории Аврупо, дар ҳоле даст бакор мешаванд, ки кишварҳои умда ва калидии узви он ҳавасманд бошанд.
Аммо коршинос Комёб Ҷалилов бар ин назар аст, ки ҷалби кишвар ва созмонҳои дигар барои мусоидат дар ҳалли қазияи пешомада миёни ду кишвари Тоҷикистон ва Ӯзбакистон талафи вақт ва афзудани мушкилии дигар бар душвории мавҷуда аст. Оқои Ҷалилов мегӯяд, мақомоти ҳар ду кишвар бидуни миёнарав бояд масъаларо ҳал кунанд.
Натиҷаи сафари Алимардон – раҳоии ду вагон
Сафари ба Тошканд авохири моҳи гузашта анҷомдодаи ҳайати давлати Тоҷикистон бо роҳбарии Муродалӣ Алимардон, муовини сарвазир, кадом натиҷае ба бор наоварда буд.
Хабари охирин аз ин қазия он аст, ки Роҳи оҳани Ӯзбакистон ду қатори вагонҳои ҳомили орди Тоҷикистонро баъди боздошти семоҳа раҳо карданд. Муҳаммадюсуф Абдураҳмонов, сардори идори мусофирбарии Роҳи оҳани Тоҷикистон, ин хабарро таъйид кард ва гуфт, барои раҳоии бақия вагонҳо миёни мақомоти ҳарду кишвар музокирот идома дорад.
Ин ҳам дар ҳолест, ки намояндаи Тоҷикистон дар САҲА хисороти расида ба иқтисоди ин кишвар аз боздошти вагонҳоро 100 миллион доллар баровард кардааст.