Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Кабирӣ: "Шояд Бритониё аз Тоҷикистон сабақ гирад"


Натоиҷи муқаддамотии интихоботи парлумонии Бритониё ҳокист, ки ягон ҳизб тавони дар танҳоӣ ташкил кардани ҳукумати навро нахоҳад дошт.

Дар ин сабқат ҳеҷ яке аз аҳзоб натавонист, ки бештари курсиҳои парлумони навро соҳибӣ кунад.

Се рақиб, ҳеҷ пирӯз

Тибқи шумориши пешакии оро, Ҳизби муҳофизакорон ва ё консерватии Дэвид Камерон бештари ҷойҳо дар парлумони дорои 650 ҷойро ба даст меоварад ва аммо аз ҳоло рӯшан аст, ки ин ҳизб ба дарёфти 326 курсӣ ва ба ин васила мустақилона ташкил кардани ҳукумат муваффақ нахоҳад шуд. Ҳадс зада мешавад, ки муҳофизакорон шояд каме бештар аз 300 ҷой дар парлумонро соҳиб шаванд. Ҳизби ҳукмрони кор таҳти раёсати сарвазири феълӣ Гордон Браун, тибқи пешгӯиҳо, ба дарёфти тақрибан 250 курсӣ муваффақ хоҳад шуд.

Муҳиддин Кабирӣ, вакили Маҷлиси намояндагон ва нозири интихоботи парлумонии Бритониё, мегӯяд, дар ин кишвар фақат ҳизби 326 курсиро соҳибшуда пирӯз эълон мешавад ва ҳаққи таъсиси ҳукумати яккаҳизбиро пайдо мекунад. Тибқи қонун, агар дар интихобот ягон ҳизб ба дарёфти бештари раъйҳо муваффақ нашавад, пас музокирот миёни аҳзоби сиёсӣ ба хотири таъсиси ҳукумати эътилофӣ сурат мегирад ва дар сурати ноком шудани ин гуфтушунидҳо интихоботи нави парлумонӣ доир мегардад.

Ба навиштаи хабаргузориҳо, сарвазири феълӣ Гордон Браун ҳатто дар ҳоле, ки Ҳизби кор назар ба ҳизби муҳофизакорон курсиҳои камтари парлумонро ишғол намояд, имкони ташкили ҳукумати навро хоҳад дошт. Браун ахиран паём дод, ки талоши дар мақом боқӣ монданро хоҳад кард ва шояд бо демократҳои либерал эътилоф ташкил кунад. Ва аммо Дэвид Кммерон мегӯяд, ки дар ин маъракаи сиёсӣ интихобкунандагон барои хатми ҳукмронии 13 солаи ҳизби кор дар Бритониё раъй додаанд.

Сенсатсия рух надод

Ба назар мерасад, натоиҷи интихобот саввумин ҳизби бузурги Бритониё - демократҳои либералро сахт ошуфта кардааст. Тӯли маъракаи интихоботӣ ҳатто ҳадс зада мешуд, ки ин ҳизб шонси пирӯзӣ дар интихоботро дорад – баъд аз баҳсҳои телевизионии руасои се ҳизби бузурги кишвар Ник Клег, раиси демократҳои либерал, обрӯи зиёдеро касб кард. Ва аммо натоиҷи муқаддамотӣ баёнгари он аст, ки ин ҳизб на фақат ҷойҳои навро соҳиб намешавад, балки шояд чанд мандати пешини худро аз даст диҳад. Дар ҳамин ҳол ҳам Ҳизби кор ва ҳам ҳизби муҳофизакорон имкони эътилоф бо ин ҳизбро баррасӣ мекунанд. Ва аммо гуфта мешавад, ки бештари аъзои ҳизби демократҳои либерал пайвастан ба ҳизби кори Гордон Браунро авлотар мехонанд.

Таҷрибаи Тоҷикистон?

Дар ҳамин ҳол, ба гуфтаи Муҳиддин Кабирӣ, сиёсатмадори тоҷик ва нозири интихоботи парлумонии Бритониё, шояд вақти он расидааст, ки ба системи интихоботии ин кишвар тағйирот ворид шавад. Ба вижа, ки теъдоди зиёди мардум баъд аз соати 10-и шаб имкони раъйдиҳӣ надоштанд. Ӯ мегӯяд, “шояд дар ин кишвар аз таҷрибаи мо истифода кунанд ва интихоботро на дар рӯзи корӣ, балки дар рӯзи истироҳат доир намоянд”.

Зимнан, беш аз 44 миллион шаҳрвандони Бритониё ҳаққи раъдиҳӣ дар интихоботро доранд ва ин дафъа 65 дарсади онҳо аз ин ҳаққи худ истифода бурданд. Дар интихоботи панҷ соли пеш тақрибан 4 дарсад камтар интихобкунандагон пойи қуттиҳои раъйдиҳӣ омада буданд.
XS
SM
MD
LG