Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳукми Муҳаммад Аҷмал Қассоб: Пайғоми Ҳинд ба Покистон


Додгоҳи Ҳиндустон имрӯз ҳукми Муҳаммад Аҷмал Қассоб, як марди покистониеро эълон кард, ки дар ҳамлаи соли 2008 ба шаҳри Мумбайи ин кишвар даст доштааст. Бар асари ин ҳамла даҳҳо нафар кушта ва ҳудуди 1200 тан захмӣ шуда буданд.

Дар ин ҳуҷум 166 тан кушта ва 300 нафари дигар захмӣ шудаанд. Мақомоти Ҳиндустон мегӯянд, ҳукми Муҳаммад Аҷмал Қассоб пайғомест ба Покистон, ки Терроризмро ба Ҳиндустон "содир" накунад.

Муҳаммад Аҷмал Қассоб, яке аз 10 террористи ҷон ба саломатбурдаи ҳуҷуми хунбор дар Мумбай аст. Ин ҳуҷум моҳи ноябри соли 2008 анҷом шуда буд.

Қассоб аз рӯи 86 мавриди бисёр ҷиддӣ, аз ҷумла куштор ва муҳориба бо Ҳиндустон гунаҳкор эълон шуд, ки ҳар ду ҳукми эъдомро пешбинӣ мекунанд.

Паланиаппан Чидамбарам, вазири умури дохилии Ҳиндустон гуфт, ҳукми додгоҳ пайғомест ба Покистон, ки турроризмро ба Ҳиндустон содир накунад.

Хабарнигорон аз толори додгоҳ гуфтаанд, вақе додгустар ҳукмро мехонд, Қассоби 22 сола беҳаракат меистод. Тибқи анъанаи панҷобиҳо ӯ дар тан қабои сафеди дароз дошт.

Додгустар ҳангоми қироъати ҳукм гуфт, ки ин марди покистонӣ дар муҳориба бо Ҳиндустон, куштори инсонҳо дар истгоҳи роҳи оҳан, куштори мақомоти давлатӣ ва ҳамдастӣ бо нӯҳ террористи дигар гунаҳкор эълон шуд.

Дар ин ҳуҷумҳо даҳҳо нафар кушта ва беш аз 1200 тани дигар захм бардоштаанд. Ҳикми додгоҳ ба думболи мурофиъаи яксола, ки дар он 650 шоҳид иштирок дошт, эълон гардид.

Тарафи айбдоркуннда мутмаъин буд, асноди қавӣ ба мисли ташхиси ДНК ё колбудшикофӣ, нақши ангушт, наворҳои видеои Ғасаб дар истгоҳи қаторро дар ихтиёри додгоҳ қарор додааст.

Қарор аст, додгоҳ ҳукми эъдоми Муҳаммад Аҷмал Қассобро рузи 4 уми май эълон кунад. Аммо хабарнигорон мегӯянд ба эҳтимоли қавӣ баррасии қазия дар дигар сохтори додгоҳии Ҳиндустон идома хоҳад дошт.

Эҳсоси қавиеро ки мардум аз ҳуҷуми соли 2008 ба Мумбай доранд, Мадҳури Павар, ки дар ин ҳодиса шавҳараш, афсари пулис захмӣ шудааст, хуб ифода кард:

“Қассоб бодя ҳамон вақт шадидан муҷозот мешуд. Ду сол интизор будан ҳеҷ маънӣ надорад. Ӯ бояд ба дор кашида мешуд."

Додгоҳ ду марди ҳиндуро, ки якҷо бо Қассоб дар додгоҳ буданд ва қаблан гуфта мешуд, узви Лашкари Тайиба буда, қабл аз ҳуҷум дар ҷамъоварии истихборот ба ӯ кумак кардаанд, бегуноҳ эълон кард.

Муҳаммда Аҷмал Қассоб аввал дар ҷараёни додгоҳ гуноҳи худро эътироф накард. Аммо баъдан гуфт, яке аз он 10 нафар террорист аст, ки бо гурӯҳи покистонии Лашкари Таиба тамрин дида ва мусаллаҳ шудааст. Аммо ӯ баъдан бо ишора ба фишори пулис аз гуфтаҳои худ даст кашид.

Ҳодисаи Мумбай равобити Ҳиндустонро бо ҳамсояи мусалмонаш Покистон комилан хароб кард ва гуфтушуниди сулҳ бо Исломободро мутаваққиф намуд.

Аммо ахиран дар равобити ду кишвар як гармие зуҳур кардааст. Ҳафтаи гузашта нахуствазирони ҳар ду кишвар ба мақомоти худ дастур доданд, ки барои беҳбуди равобит иқдом кунанд.
XS
SM
MD
LG