Дар маросими ифтитоҳи ин озмун Қоҳир Расулзода, раиси вилояти Суғд, атласро аз зеботарин матоъҳои миллӣ ва ифтихори тоҷикон номид.
Озмуни «Атлас-2010» бо амри раисиҷумҳури Тоҷикистон ва бо қарори раиси вилояти Суғд баргузор мешавад ва ҳадаф аз он эҳёи либосҳои суннатӣ унвон мешавад.
Аммо ин дар ҳолест, ки коршиносон мегӯянд, истеҳсоли атлас дар кишвар ва аз ҷумла дар вилояти Хуҷанд коҳиш ёфтааст ва ин матои миллӣ асосан аз кишварҳои хориҷ ворид карда мешавад.
Дар вилояти Суғд атлас ва адрас имрӯз матоъҳои серхаридор маҳсуб мешавад. Шоҳсанам Саидова, як корманди корхонаи «Хуҷанд-Атлас», гуфт, назар ба солҳои пеш ҳоло мардум дар ҷашну маросимҳои анъанавӣ бештар аз матои атлас сару либос фармоиш медиҳанд.
Ба гуфтаи ӯ, ахиран дар байни ҷавондухтарон намудҳои нави атлас бо номҳои “Парвина”, “Нодира» ва «Келинчак»-и духти ин корхона муд шудааст.
Хонум Саидова мегӯяд, “дар корхонаи мо ҳоло зиёда аз чиҳил намуди атлас истеҳсол мешавад, ки ҳар кадом харидорони зиёди худро доранд”.
Дар озмуни «Атлас-2010» беҳтарин намунаҳои атласи замонавӣ ва дастбофи ҳунармандони қарнҳои 18 ва 19 гирдоварӣ ва ба намоиш гузошта шуд.
Озмун бо иштироки 300 нафар ва аз рӯи панҷ давр: сарулибосҳои наврасону кӯдакон, наварӯсон, рӯзмарра ва идона сурат гирифт.
Дар ин сабқат тарроҳон аз шаҳру навоҳии Суғд маҳсули ҳунарии худро ба намоиш гузоштанд. Замира Эрматова тарроҳи беҳтарини сол ва соҳиби шоҳҷоизаи озмун шуд.
Дар поёни озмун мубтакирони он эълон карданд, ки ҷашни 20-солагии истиқлолияти Тоҷикистон озмуни нави «Атлас-2011» баргузор хоҳад шуд.