Ин олимпиада рӯзи 27 оғоз шуда, то 29 апрел идома хоҳад кард. Дар он 150 муҳассили Академияи шабакавии Cisco, ки дар назди маркази фанновариҳои иттилоотӣ ва комуникатсионӣ амал мекунад, ширкат меварзанд.
Сабқат бо ҳамсолони хориҷӣ
Олимпиада аз се бахш иборат аст ва дар он ширкатдорон тавассути интернет мусобиқа хоҳанд кард. Ҷавонони болаёқат дар онлайн-олимпиадаи байнулмилалӣ бо 300 навраси кишварҳои собиқ Иттиҳодӣ Шӯравӣ рақобат мекунанд, мегӯяд Талъат Нӯъмонов, созмондиҳандаи сабқати мазкур дар Тоҷикистон.
Вай меафзояд, ҳадаф аз ташкили чунин як сабқат ҳам ҷалби таваҷҷӯҳи шумори бештари ҷавонон ба омӯзиши илму техника ва кашфи истеъдодҳову мутахассисони нав аст. Зеро имрӯз фанноварии итилоотиву комуникатсионӣ ва технологияи шабакавӣ бо суръати баланд рушд мекунад ва барои истифодаву коркарди он муттахасиси зиёд лозим аст.
Собир Отабоев, донишҷӯи донишгоҳи технологии Тоҷикистон, бо боварӣ ба он, ки дар олимпиадаи “NetRidersr 2010” пирӯзӣ насибаш мешавад, ширкат мекунад. Дар олимпиадаи соли гузашта бахт ба рӯи Собир нахандид. Аммо имсол ӯ ба ин сабқат бо омодагии зиёд омадааст ва умедвор аст, ки яке аз ҷойҳои аввалро касб хоҳад кард. Собир дар олимпиада бо ҳамсолонаш оид ба сохтор ва идораи муваффақи компютер рақобат мекунад.
Азиз, ширкаткунандаи дигари олимпиадаи «Netriders 2010», мегӯяд, қабл аз озмун дар тӯли якуним моҳ масоили бехатарии компютер дар муассисаҳо, насби барномаҳо ва идораи низоми шабакавиро омӯхтааст. Азиз дар оянда ҳуқуқшинос шудан мехоҳад ва меафзояд, «дар оянда ба воситаи кори шабакавӣ мо метавонем ҷинояткороне, ки дар дохил ва хориҷ аз кишвар ҳастанд ба воситаи изи ангуштонашон пайдо кунем».
Умедҳо аз мутахассисони ҷавон
Ғафур Эркаев, раҳбари асосиатсияи ширкатҳои хадамоти мобилии Тоҷикистон, мегӯяд, истеъдодҳои ҷавони тоҷик бояд пайдо ва дастгирӣ шаванд, зеро Тоҷикистон, ки иқтисоди бозаргониро пеша кардааст ва бӯҳронӣ молӣ ҳам ба кишвари мо бетаъсир набуд, маҳз мутахассисони ҷавон метавонанд пешравиҳои иқтисодиро таъмин созанд.
Баҳром Шарипов, сармушовири раиси «Агроинвестбонк» мегӯяд, дар сурати баланд шудани дониши компютерии мутахассисони бонкӣ, хидматҳои бонкӣ ба мардум роҳаттар ва бо сарфаи вақт расонида мешавад.
Ба гуфтаи ӯ, «истифодабарии ин шабакаҳои интернетӣ имкон медиҳанд, ки муштариёни бонк пулҳои суратҳисоби худро тавассути корти пластикӣ дар ҳар гӯшаву канори ҷаҳон истифода кунанд».
Баҳром Шарипов мегӯяд, феълан бонкҳои кишвар одатан аз низоми шабакавии дохили бонк истифода мебаранд ва шумори каме аз онҳо барои муштариён имкони пардохти маблағҳои газу барқ ё телефонро тавассути интернет фароҳам овардаанд.