Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Имсол сармояи хусусии хориҷӣ ҳанӯз ворид нашудааст


Кумитаи Давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Тоҷикистон мегӯяд, дар се моҳи соли ҷорӣ ҳеҷ навъ сармояи хусусии хориҷӣ ба Тоҷикистон ворид нашудааст.

Давлаталӣ Саидов, раиси Кумита сармоягузорӣ далоили ворид нашудани сармояи хориҷиро чунин шарҳ дод: «Аввалан, сармоягузорони хориҷӣ ба Тоҷикистон ошноии хуб надоранд. Дуввум, дар муҳити сармоягузории мо мушкилиҳо вуҷуд доранд. Саввум, дар системаи андозбандӣ низ мушкил зиёд аст».

Дар ҳоли ҳозир дар Тоҷикистон 22 намуди андозбандӣ вуҷуд дорад. Ба гуфтаи бархе аз коршиносон, беш аз 60 дарсади андозҳо барои рушди бахши хусусӣ ва сарозер шудани сармояи хориҷӣ судманд нестанд ва ба ҷуз 7 ё 8 намуди андозҳои воқеӣ боқиро бояд лағв кард.

Даврон Қурбоналиев, коршиноси бахши андоз дар робита ба андозҳои монеъшаванда ба сарозер шудани сармояҳои хориҷӣ ба Тоҷикистон гуфт: «Дар Тоҷикистон як намуди андоз аст, ки андоз аз истифодабарандагони роҳҳои мошингард номида мешавад. Сармоягузори хориҷӣ ҳар қадаре, ки дар иҷрои барномааш хароҷоти зиёд кунад, аз рӯи ин тариф ҳамон қадар бештар андоз месупорад. Ба ин далел ҳеҷ сармоягузори хориҷӣ ҳозир намешавад ба Тоҷикистон биёяд ва дар иҷрои барнома харҷи зиёд кунад, дар ҳоле ки дар ҳама кишварҳои ҷаҳон андоз аз оидот гирифта мешавад, на аз хароҷот. Дар Тоҷикистон аз хароҷот андоз мегиранд. Ҳамчунин андозситонӣ дар ҳеҷ кишвари дунё вуҷуд надорад».

Профессор Ҳоҷимуҳаммад Умаров ба чунин иддао мувофиқ аст, вале ба гуфтаи ӯ, маҳз зиёдии таруфаҳои андоз ва судманд набудани он фазои сармоягузориро халалдор кардааст.

Профессор Умаров ҳамчунин далели дигари сарозер нашудани сармояҳои хориҷиро чунин арзёбӣ кард: «Тоҷикистон дар мавқеияти нохуби ҷугрофӣ карор дорад ва гузашта аз ин сармоягузори хориҷӣ бештар ба кишварҳои Назди Балтик, Укарина ва Белорус таваҷҷӯҳ зоҳир мекунад, ба ин далел, ки роҳҳои хуби иртиботӣ доранд».

Аммо ба гуфтаи Шодӣ Шабдолов, намояндаи мардумӣ дар парлумон далели дигари сарозер нашудани сармояҳои хусусии хориҷӣ ба Тоҷикистон фасод дар миёни мақомот ва заъфи давлат дар мубориза алайҳи фасод аст.

Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Тоҷикистон мегӯяд, дар ҳоли ҳозир барномаҳое, ки дар Тоҷикистон иҷро мешавад, бо ҷалби беш аз 8 миллиард сомонӣ қарзҳое хориҷӣ ва кӯмакҳои билоиваз мебошанд.

Давлаталӣ Саидов, раиси ин кумита дар ин маврид гуфт: «Ин тарҳҳо бештар дар бахши энержӣ сохтмони роҳҳо ва зербиноҳо иҷро мешаванд, ки дар се моҳ наздик ба 36 миллион сомониро ташкил дод».

Ин дар ҳолест, ки 75% ин 8 миллиард сомонӣ қарзи давлатии Тоҷикистонро ташкил медиҳад, ки ба гуфтаи коршиносони байналмилалӣ ҳудуди 50% ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти дохили (ММД)-и Тоҷикистон аст.

Аммо вазорати молия инро қабул надорад ва мегӯяд, ки қарзи хориҷӣ ҳудуди 40% ММД аст ва ин рақам ба 50% нарасидааст, ки мояи нигаронӣ бошад.

Дар ҳамин ҳол, Бонки ҷаҳонӣ ва Бонки Осиёии рушд аз ду сол ба ин сӯ ба далели зиёд будани қарзи хориҷӣ ба Тоҷикистӣон қарз намедиҳанд ҷуз кӯмакҳои билоивази молӣ.
XS
SM
MD
LG