Вазорати энержӣ ва саноати Тоҷикистон аз додани иттилоъ дар бораи ҳадафи ин гурӯҳ худдорӣ кард. Ин дар ҳолест, ки ахиран муовини раиси Бонки ҷаҳонӣ, Филип Лу Эйру дар паёмаш унвонии мақомоти Узбакистон гуфта буд, ки қарор аст, як гурӯҳи коршиносони ин созмон барои мушоҳида ва баҳогузорӣ ба корҳои сохтмонӣ дар Роғун, вориди Тоҷикистон шавад.
Бар асоси гуфтаҳои муовини раиси Бонки ҷаҳонӣ, ин гурӯҳ сифати кор дар нерӯгоҳи Роғунро баррасӣ мекунад.
Ахиран ҳукумати Тоҷикистон эълом кард, ки наздик ба 70 дарсади корҳои сохтмонӣ дар замони Шӯравӣ иҷро шуда буд ва ҳадаф аз фурӯши саҳмияҳо хариди дастгоҳу таҷҳизот ва чархаи тавлиди барқ аст. Дар ҳоле, ки ду агрегат, ё чархаи тавлиди барқ дар замони Шӯравӣ ба ин нерӯгоҳ оварда шуда буд, Узбакистон ва дигар кишварҳои зинафъ аз он нигаронанд, ки Тоҷикистон корҳои барқароркуниро баҳона карда, ба насби ду чархаи тавлиди барқ машғул аст.
Ба далели ҳамин норавшаниҳо ва таъсири фурӯши иҷбории саҳмияҳо ба вазъи иҷтимоии мардум Сандуқи байнулмилалии пул аз давлати Тоҷикистон хост, то аз ин кор даст кашад ва мавзуи сармоягузории Роғунро ба ихтиёри Бонки ҷаҳонӣ ҳавола кунад.
Аксел Шиммелпфенниг, раҳбари намояндагии Сандуқи байнулмилалии пул дар Тоҷикистон, пас аз дидор ва гуфтугӯи ахираш бо раисиҷумҳури Тоҷикистон дар ин бора гуфта буд, “дар масъалаи сармоягузории сохтмони нерӯгоҳи Роғун бояд ҳукумати Тоҷикистон бо Бонки ҷаҳонӣ ҳамкории густардаро ба роҳ монад. Пас аз баррасии ин масъала аз сӯи Бонки ҷаҳонӣ давлати Тоҷикистон бояд ба Бонки ҷаҳонӣ барои ташкили консорсиюм ва бар уҳда гирифтани раёсати он муроҷиат кунад”.
Ба гуфтаи Бонки ҷаҳонӣ, ин гурӯҳе, ки вориди маҳалли сохтмони нерӯгоҳи Роғун шудааст, дар тарҳрезии барномаи зистмуҳитӣ низ саҳм хоҳад гирифт. Ва натиҷаи кори ин гурӯҳ, имкон дорад ба кишварҳои поёноб ироа шавад.
Интизор меравад, пас аз баррасии вазъи корҳо дар Роғун Бонки ҷаҳонӣ барои ташкиили гурӯҳи дигари коршиносони байнулмилалӣ дар мавриди тарҳрезии барномаи фаннӣ, иқтисодӣ ва зистмуҳитии ин нерӯгоҳ иқдом кунад.