Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Табодули лутфи сиёсӣ дар Маскав


Сарвазири Русия Владимир Путин дар мулоқот бо президенти Узбакистон Ислом Каримов Узбакистонро "кишвари калидии Осиёи Марказӣ" номид ва изҳори қаноатмандӣ кард, ки Русия тавонистааст, робитааш бо ин кишварро дуруст ба роҳ монад.

Ин ҳам дар ҳоле буд, ки президенти Федерасюни Русия, Дмитрий Медведев ба коҳиши гардиши мол байни ду кишвар дар соли гузашта ишора кард.

"Илтифоти сиёсӣ"-и Путин дар посух ба шиорҳои батакрори раҳбари Узбакистон садо дод, ки дар ҳар пайти муносиб Русияро ягона дӯсту пуштибони Тошканд дар ҷаҳон ва минтақа меномид.

Вай гуфт: "Мо, дар Узбакистон, ба дӯстӣ ва эҳтироми ҳамдигарии таърихӣ ва анъанавии байни ду кишвар ва захираҳои бузурги ҳамкорӣ, ки дар байни халқҳои мо, Русия ва Узбакистон вуҷуд доранд ва ба ҷойгоҳи Фередсиюни Русия дар арсаи ҷаҳонӣ ва умури ҳифзи субот дар ҷаҳон ва минтақаи мавриди таваҷҷӯҳи мо -- Осиёи Марказӣ, ки, таъкид мекунам, ҳеҷ кишвари дигар ин ҷойро гирифта наметавонад, баҳои баланд медиҳем."

Ҳам Ислом Каримов ва ҳам Дмитрий Медведев дар нишасти хабарӣ борҳо такрор карданд, ки сафари Каримов ба Маскав ҳанӯз охирҳои соли гузашта тарҳрезӣ шуда, хосияти таъҷилӣ надорад. Ин таъкид аз ишораҳои матбуоти Русия маншаъ мегирифт, ки навиштанд, бо табдили режим дар Қирғизистон, Каримов ба Маскав шитофт, то худро аз чунин таҳаввули мумкин эмин гардонад.

Аммо аз он ҷо ки мавзӯъи Қирғизистон дар ин нишасти хабарӣ ба мавзӯъи шумораи аввал табдил ёфт, маълум буд, ки ҳарду раҳбар ба он диққати махсус медиҳанд. Раисиҷумҳури Русия, Дмитрий Медведев вазъият дар Қирғизистонро як таҳдиди бузург ба амнияти ҳамаи Осиёи Марказӣ номид ва гуфт:

"Ҳоло масъалаи асосӣ дастёфт ба эътидоли дохилии сиёсист. Аслан зарур аст, ки давлат эҳё карда шавад, вале дар ҳоли ҳозир давлат сарнагун шудааст ва вуҷуд надорад. Мо сари он ҳисоб мекунем, ки раҳбарияти муваққати Қирғизистон барои ин ҳама талоши ҳатмӣ ва кофиро мекунад."

Медведев гуфт, агар ҳукумати муваққати Қирғизистон ҳоло ба ин самт талош накунад ҳарҷу марҷ ба бадтарин шева ба манофеи халқи Қирғизистон ва ҳамсоягони он зарба хоҳад зад.

Вай афзуд: "Аз ин нигоҳ, мо хоҳони онем, ки вазъи иҷтимоиву иқтисодӣ ба эътидол оварда шавад, давлат, боз таъкид мекунам, ҳамаи тавонмандиҳои заруриро соҳиб шавад ва қатъиян муҳим аст, ки қонунмандии ҳамаи ҳокимиятҳо таъмин гардад, яъне интихобот баргузор шавад, на ҳокимиятдории амалӣ ва танҳо дар он сурат метавон ҳамкориҳои комили иқтисодиро пеш бурд. Русия ба Қирғизистон кӯмаки башарӣ расонд, вале ҳамкориҳои комили иқтисодӣ, боз таъкид мекунам, танҳо дар сурате мумкин хоҳанд буд, ки ниҳодҳои ҳукумат сохта шаванд."

Ба ин тартиб, раисиҷумҳури Русия ин бор аз мавзеъгирии сахттаре дар баробари Ҳукумати муваққати Қирғизистон сухан гуфт. Бархе аз таҳлилгарон инро, ба истилоҳ "хидмат"-и президенти Узбакистон Ислом Каримов мешуморанд, ки тавонист, ба арзишёбиҳои то ин дам мӯътадил ва ҳатто гоҳе нарми сарони Русия дар робита ба рӯйдодҳои Қирғизистон як оҳанги сардтар ва сахттар ҳамроҳ кунад.

Вале бино ба бархе аз расонаҳои ахбори оми Русия, лаҳни манфӣ дар бархӯрди президент ва сарвазири Русия замоне рӯ зад, ки аз Қирғизистон дар бораи латукӯби аҳолии русизабон хабар расид. Ин хабар Медведевро водор кард, ба нерӯҳои мусаллаҳи Русия дар Қирғизистон дастур диҳад, ки аҳолии руси ин кишварро таҳти муҳофизат қарор диҳанд. Таври маълум дар Канти Қирғизистон пойгоҳи ҳарбии Русия мавҷуд аст ва бо бурузи рӯйдодҳои ахири Қирғизистон Маскав ба ин ҷо 150 сарбози дигар фиристод.

Ба ҳар сурат, Ислом Каримов дар сафари расмияш ба Маскав на танҳо бархе аз созишномаҳои густариши ҳамкориҳои дуҷонибаро ба имзо расонд, балки ҳамчун намояндаи Осиёи Марказӣ ва ҳамсояи девордармиён як оҳанги бархӯрди сарде ба рӯйдодҳои Қирғизистонро ба Маскав овард.

Вай дар нишасти хабарӣ баррасиҳои матбуоти Русияро дар робита ба Қирғизистон бо нақли қавле аз ин матбуот ба боди тамасхур кашид: "Раҳбарони кишварҳои ҳамсоя бо изтироб, вале аҳолии онҳо бо ҳаяҷон ба амали халқи озодидӯсти қирғиз нигоҳ мекунанд." Ана, худ хулоса бароред. Ба назари ман, ин як бархӯрди тунд ба чунин масъалаҳост. Ончӣ имрӯз дар Қирғизистон иттифоқ меафтад, ба манфиати ҳеҷ кас ва пеш аз ҳама ба манфиати кишварҳои ҳамсарҳади Қирғизистон ҷавобгӯ нест. Хатари ҷиддие мавҷуд аст, ки ин равандҳо хосияти доимӣ хоҳанд гирифт."

Муносибати мусбати раисиҷумҳури Русия, Дмитрий Медведев, ба ин суханони Ислом Каримов аз хандаҳои ӯ ва ишораи ҳазломези ахираш, ки гӯё Каримов бо нақли қавл аз нашрияҳо бепул онҳоро аз минбари баланд таблиғ мекунад, падидор гаштааст.
XS
SM
MD
LG