Мисол меорам: Фарз кардем, шумо ё ман сарамон гирд гашту, тӯй карданӣ шудем. Барои сабукии кор аввал ба куҷо муроҷиат мекунем? Ҳо, бале-е, ба ресторан… вай номи тоҷикиаш чӣ буд? -ҳа, тарамтурум…. Тарабхона! Садқаи Истиқлол шавам, пештар на ҳар кас ба гуфтани ин калима ҷуръат мекард,-о. ишратхона гуфтанӣ гап-да. .. Хуб. Тарабхона. Ҳамин,ки бисмиллоҳ гуфта, аз дари соҳиби ин тарарамхона даромадед, соҳибтарарам лабонашро мулоимхунукона инҷ карда, саломатонро алек мегираду, дарҳол ба сари мақсад меояд: 150 кас зиёд не, рӯзҳои корӣ баъди соати 5-и бегоҳӣ, рӯзи истироҳат аз соати 10-и саҳар.
Хуб, 150 бошад – 150. Боз беҳтар, арзонтар меафтад,- аз дил мегузаронед шумо ва дар ҳамон дил як лаҳза аз танзимгарон миннатдор ҳам мешавед… Лекин ин фақат як лаҳза, баъд… Баъд шумо нархи як ҷои нишастро мепурсед ва «соҳибтараб» дарҳол ба шумо мефаҳмонад:- арзонтаринаш 50 сомонӣ … Танҳо барои шумо…
- Охир дирӯзакак 1 ҷой 5 сомонӣ буд, ба назарам… гуфтанӣ мешавед шумо, вале…
- Дуруст. Ба назаратон. Вай «назаратон» то танзим буд ва тарабКОРОНИ мо ҳам то 450 нафар ба тарабХӮРӢ меомаданд. Акнун мо ҳаққи 450 нафарро аз 150 нафар мегирем. Чунки ин ҷо алҳол ИХ – ЧИМ! ном дорад, яъне Идораи Хурди (ё хӯрданбоби) Ҷомеаи Имконияташ Маҳдуд, яъне танзимшуда. Бинобар ин, мо ягон қоидаи танзимро вайрон намекунем: 150 наф. од. р. корӣ, аз с.5-и бег. Ва р.истир. аз с. 10-и саҳар. Арақу обу шарбатро бо баъзе намудҳои хӯришу закуска худатон меоред. Не, ҳардуяш як гӯр не. Закускаро ошпазҳои мо тайёр карда метавонанд (Аз русҳо ёд гирифтагӣ), лекин хӯришро не. Тамом. Биёед, мо шуморо интизор…
Ва шумо ба берун баромада, ҳисоб мекунед: 150 х 50 = ВА-АХ! Ва аз тарарамхона мардонавор мегурезеду, баъди ба худ омадан паси гарданатонро хорида, боз аз ҳамон дил мегузаронед, ки «Беҳтараш ман туйро дар хона мегузаронам: қоқу суқи аз туй мондаро боз чанд вақт каттагӣ карда, хӯрда гаштан мумкин… ва ба сӯи бозор бо сари баланд раҳсипор мегардед. Дар бозор даставвал дар ҳама ҷо кодҳои телефонҳои дастиро дида, ҳайрон мешавед. Баъд касе ба шумо мефаҳмонад, ки ин код не – нархи мол аст ва сари баланди шумо дар як они воҳид чун тӯби дамаш баромада, ба як сӯ хам мезанад.
- О, вай… гуфтанӣ мешавед шумо
- «О вай» то танзим буд, дарҳол ҷавоб меояд ба гӯшатон, ҳозир о вай – по-вай нест. Мо нархи се линча орди туйдори пештара мехаридагиро ба як линча мондем. Чунки ба туйдори танзимӣ орди бисёр лозим нест, вале ба мо пули бисёр лозим. Прилавка… яъне корхона бояд аз пул зарар набинад.Доллар хестагӣ… э вай, қиммат шудагӣ.
Ҳозир танзим говҳоро ҳам сарфи назар… яъне, чӣ буд, эконом, ҳа, сарфа мекунад. То худи гов, ихтиёран, ҳаром намурад - намекушем. Лекин говҳои мо сахтҷон, ба хубӣ мурдан намехоҳанд. Бинобар ин, мо ба подабонҳо пул дода, аз онҳо хоҳиш мекунем, ки ақаллан рӯз дар миён як – ду говро ба ҷарӣ тела диҳанд. Баъд мо пули ба подабонҳо додаро ба нархи гӯшт ҳамроҳ мекунем. Чангак… яъне корхона бояд зарар набинад…
Як замоне пуламонро деноменатсия ё иваз кардем, умуман ҳазор сумамон як сомонӣ шуду, лекин нархи як бандча кабудии 5 тина ба 50 дирама табдил ёфт. Яъне, нархи пиёзу гашничи зормонда 500 маротиба афзуд… ё 5000 бор... Умуман инро ҳисобдонҳо медонанд.
Акнун ҳамқишлоқиҳои мӯҳтарам, як ҳисоб карда бинед, ки фоидаи ин танзим ба кӣ бештар мерасад? Ба болои ин ҳама илова кунед он муфтхӯронеро, ки худашонро «оқсаққолони танзим» ном кардаанду, сари дастурхонатонро як моҳ пештар омада иҷора мегиранд. Инчунин хешу табор, ёру дӯст ва ҳамқишлоқиёни бо сабаби ба шумораи 150 ворид нагаштанашон бо шумо қаҳришударо ҳам фаромӯш накунед.
Ба ҳар ҳол, ин танзимро як каме тармим кардан лозим. Фикри ман ҳамин. Вагарна, худо накарда ҳамин хел рафтан гирад, он таъмирталаб шуданаш мумкин. Он гоҳ соҳибмаъракаи бечора тамоман раҳгум мезанад. Шумо ба ин чӣ мегӯед?
Матолиби дигари муаллиф:
Ҷомаи бомаслиҳат
Қавми сердиплом
Ба кӣ гӯшт даркор?
Зоғон хӯранд меваи боғи баландро?
Гӯштии идона
Гуфтугӯи мардона
Ҳафтсин
Мамнӯъгоҳ
Танз чист?
Ҳар бева гумон мабар, ки холист
Ман ба куҷо афтодам?
Дуздиро ҷустуҷу дорем мо
Дод аз маводи мухаддир
Дузди қонунӣ ва ҳиммати ӯ
Маҳмуд-мавлуд