Ҳоло суоли матраҳ ин аст, ки кишварҳои ҳамсоя аз ҳаводиси Қирғизистон чӣ сабақ хоҳанд гирифт ва оё то куҷо чеҳраи Осиёи Марказӣ тағйир хоҳад ёфт?
Муҳиддин Кабирӣ, раиси Ҳизби наҳзати исломӣ ва вакили порлумони Тоҷикистон мегӯяд, ҳаводиси Қирғизистон бидуни баҳс сабақи бузурге барои ҳукуматҳои минтақа хоҳад буд, аммо такрори ин ҳаводис дар бақия кишварҳои минтақа имконнопазир хоҳад буд, ба он далел ки дар ин кишварҳо ҷомиаи демократӣ ба дараҷаи Қирғизистон рушдёфта нест.
Аммо оқои Кабирӣ, ҳукуматҳои Осиёи Марказиро таҳти интиқод қарор дод, ки дар баробари ниёзҳои мардум ва мухолифинашон нописанд ҳастанд.
Кабирӣ гуфт, бахусус бархе аз ниҳодҳои ҳукумати Тоҷикистон бар ин назаранд, ки дар ин кишвар имкони сар задани норизоиятиҳои муташаккил имкон надорад, дар ҳоле ки мушкилоти мардуми Тоҷикистон шабоҳат ба мушкилоти мардуми Қирғизистон дорад.
Ӯ мегӯяд: “Ин воқеан метавонад як худфиребӣ бошад ва зарбаи сахтро ба баданаи давлату давлатдории мо занад. Иншоаллоҳ, умед дорем, ин ҳодисаҳо барои ҳама бояд ибрат шуда бошад, ки ғафлатзада набошанд ва барои оппозитсиюн ҳам бояд ибрат шуда бошад, ки бо эҳсосои мардум набояд бозӣ кард, ба хотири аз даст надодани оромишу субот”.
Рустам Ҳайдаров, сарвари Бунёди Эберт дар Тоҷикистон мегӯяд, далели аслии такрор нашудани ҳаводиси Қирғизистон дар Туркманистону Ӯзбакистон набудани аҳзоби мухолиф аст ва дар Қазоқистон вазъи иқтисодӣ ба ин имкон намедиҳад. Аммо Тоҷикистон бо он вуҷуд, ки аҳзоби мухолиф дорад ва вазъи иҷтимоии мардумаш хуб нест, аз нигоҳи оқои Ҳайдаров, вижагиҳои худро дорад.
Ҳайдаров мегӯяд: “Дар Тоҷикистон омили исломӣ вуҷуд дорад ва мо ҷанги шаҳрвандиро аз сар гузарондем ва дуввумбор ба ин гуна эътироз даст задани оппозитсиюн ғайриимкон аст. Кишвар дар вазъи бади иқтисодӣ қарор дорад. Дигар ин ки дар бунбасти нақлиётӣ қарор дорем. Боз омилҳои зиёде ҳастанд, ки намегузоранд опозитсиюни Тоҷикистон даст ба чунин амалҳое зананд, ки оппозитсияи Қирғизистон зад”.
Қосими Бекмуҳаммад, коршиноси умури сиёсӣ мегӯяд, ҳаводиси Қирғизистон намоиши навбатии қудрати Русия буд ва дарси аввалине, ки ҳукуматҳои минтақа гирифтанд, ҳамоно аз эҳтиёт кор гирифтан дар робита бо Маскав аст.
Бекмуҳаммад мегӯяд: “Алорағми нақши ба зоҳир муассири Кремл дар таҳаввулоти Қирғизистон ҳеҷ як аз кишварҳои Осиёи Марказӣ пойбанд ба як меҳвар ва ё ба як қутб нахоҳанд кард. Таҷрибаи ҳудуди 20 соли истиқлоли Осиёи Марказӣ нишон медиҳад, то замоне, ки манофеи геополитикии Русияро маҷбур накардааст, иқдом ба сармоягузорӣ дар ҳеҷ як аз ин кишварҳо нанамудааст, магар ин ки дар заминаи транзити газ ва амсоли инҳо, ки суди мустақим дорад, биёяд ҳузур пайдо бикунад ва монеъи дигар кишварҳои хориҷӣ ба ин бозор бишавад”.
Аммо Зафар Сӯфии Фарғонӣ, сардабири ҳафтаномаи “Озодагон” мегӯяд, ҳаводиси Қирғизистон дар минтақа арзишҳоеро ба миён овард, ки замоне Аскар Оқоевро дур ва Қурмонбек Боқиевро ба қудрат оварда буданд.
Фарғонӣ мегӯяд: “Аввалин хиёнате, ки Боқиев кард, хиёнат ба ҳамон арзишҳо буд. Новобаста аз он ки ин ҳаводис баъд то куҷо хоҳанд кашид, таъсири ин дар сатҳи минтақа боқӣ мемонад. Акнун маълум мешавад, ки на фақат дар Қирғизистон, балки дар минтақа роҳи ягона ҳамин тарзи мубориза бо усули қирғизӣ хоҳад буд, яъне бо роҳи табаддулот ба сари қудрат омадани як гурӯҳ дар муқобили онҳое, ки сари қудрат ҳастанд. Ин роҳи хуб нест ва ба манфиату ормонҳо миллатҳо рост намеояд”.
Коршиносон мегӯянд, Қирғизистон умдатарин ҳамкори Тоҷикистон дар минтақа аст ва нигаҳ доштани равобит дар сатҳи пешин аз вазифаҳои умдаи ду ҷониб хоҳад буд.
Рашид Ғанӣ Абдулло, коршиноси сиёсӣ мегӯяд, дар баҳсҳои минтақаӣ рӯи об ва сохтмони нерӯгоҳҳо Тоҷикистону Қирғизистон дар як сангар қарор доранд ва манофеъи миллиашон ба ҳам созгоранд.
Абулло мегӯяд: “Ягона давлате, ки дар минтақа бо мо аз оғоз муносибати хуб дошт, ҳамин Қирғизистон аст. Сарфи назар аз он ки дар сари қудрат Оқоев буд, ё Боқиев муносибати мо хуб буд. Иншоаллоҳ, бо инҳо ҳам муносибатамон хуб мешавад. Бояд як чизро дар назар гирем, ки мо бештар эҳтиёҷ ба муносибати дуруст бо Қирғизистон дорем. Барои чӣ? Барои мо Қирғизистон як дарича, равзанаест, ки тавассути он ба самти шимол мебароем ва бо ин вобастагиамонро аз ҳамсояи дигарамон коҳиш диҳем”.
Аммо коршиносон бар ин назаранд, ки Русия дар баҳси сохтмони нерӯгоҳҳо мавқеи Тошкандро пуштибонӣ мекунад, аз ин хотир, яке аз вазифаҳои умдаи сиёсати хориҷаи Тоҷикистон ин аст, ки дар мавқеи зарурӣ паси Қирғизистони таҳти таъсири Маскав қарордошта наравад.