Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳафтаномаҳо: Ногуфтаҳои қабули қонуни роҳи пулакӣ


Эътирозҳо аз пулакӣ шудани роҳи Душанбе-Хуҷанд, изҳороти додситони кулл дар бораи вазъи сиҳатии Ёқуб Салимов ва таҳаввулоти Қирғизистон аз муҳимтарин мавзӯъҳои нашрияҳои ин ҳафтаи чопи Душанбе аст.

Роҳи пулакӣ ба манфиати кист?

“Озодагон” дар саҳифаи аввали худ зери сарлавҳаи “Гирдиҳамоӣ дар Варзоб”, норизоиятии гурӯҳе аз сокинони ин маҳалро дар бораи пулакӣ шудани роҳ чоп кардааст. Ин нашрия дар саҳифаҳои дигари худ низ ба ҷузъиёти бештари мавзӯъ пардохта, назари чанде аз вакилони Маҷлиси Намояндагонро дар бораи қабули қонуни пулакӣ шудани роҳ дар Тоҷикистон пурсидааст.

Шодӣ Шабдолов, раҳбари ҳизби коммунист ва намояндаи ин ҳизб дар порлумон гуфтааст, ҳизби онҳо аз аввал мухолифи қабули ин қонун буд. Вай гуфтааст, “тибқи меъёрҳои байнулмилалӣ танҳо роҳҳое пулакӣ мешаванд, ки роҳи алтернативӣ дошта бошанд”.
Муҳиддини Кабирӣ, раҳбари ҳизби наҳзати исломӣ ва намояндаи ин ҳизб дар порлумон, низ гуфтааст, бо вуҷуди он ки фурсат аз даст меравад, вале уммед дорад, ки “ақли солим ғалаба карда, ин қонун бекор карда хоҳад шуд.”

“Ман бар онам, ки ҳатман ин ҷо манфиати шахсон ва гурӯҳҳои алоҳида ҳаст ва бе он наметавон буд. Зеро бо шиддате, ки пуштибонӣ аз қонун дар замони муҳокима шуд, маро ба ин мутмаин кард”,-афзудааст Кабирӣ.

“Варзоб: Норизоӣ, ришвахорӣ” сарлавҳаи саҳифаи аввали ҳафтаномаи сиёсии “Фараж” аст. Ин ҳафтанома навиштааст, ки “пулакӣ шудани роҳи Душанбе-Чаноқ агар аз як сӯ эътирози мардуми маҳалли Варзобро ба бор оварда бошад, аз сӯйи дигар дар даромадгоҳи шаҳри Душанбе аллакай иҷозатномаҳои бемӯҳр, ки ба ивази маблағи камтар аз маблағи муқаррашуда дода мешаванд, ба як расм табдил меёбад”.

“Пайкон” ҳам ба ин мавзӯъ дахл карда, ба вазири нақлиёт суол додааст, ки дар ҳоле ки онҳо барои роҳ аз ронандагон пул мегиранд, чаро наметавонанд ин роҳро барои мусофирон амну аз барф тоза кунанд?

Додситонӣ ҷавоб гуфт, омбудсмен чӣ?

Дар паҳлӯи мавзӯъи пулакӣ шудани роҳи Душанбе-Хуҷанд, бештари нашрияҳо посухи Шерхон Салимзода, додситони кулли Тоҷикистонро ба номаи модари Ёқуб Салимов, собиқ вазири умури дохилӣ, ки қаблан дар матбуоти кишвар ба нашр расида буд, чоп кардаанд.

Вай дар пайи як нишастӣ хабарӣ эълом доштааст, ки баъзе аз камбудҳое, ки дар номаи модари Ёқуб Салимов дар бораи онҳо ишора рафтааст, тасдиқи худро наёфтанд. Шерхон Салимзода гуфтааст, ба Ёқуб Салимов натанҳо кӯмаки тиббӣ расонида мешавад, “балки вай аз ҳама ҳуқуқҳо бархӯрдор аст”.

Ҳафтаномаи “Фараж” менависад, муддати чанд соли ахир аст, ки модари Ёқуб Салимов борҳо ба унвони афрод ва ниҳодҳои сатҳи болои Тоҷикистон, аз ҷумла раиси ҷумҳур, додгоҳи олӣ, додситони кулл, вазорати адлия ва ҳамчунин омбудсмени тоҷик номаҳо ирсол кардааст. Ба навиштаи ин нашрия, “дар соли гузашта Зариф Ализода, омбудсмени тоҷик таъйид кард, ки номаи модари Ёқуб Салимов ба дасти ӯ расидааст ва онро мавриди омӯзиш қарор медиҳад, вале бо гузашти чанд моҳ натиҷаи ин нома рӯшан нашуд”.

Максим Боқиев: “Писари сархӯри дадош?”

Мавзӯи Қирғизистонро ҳам нашрияҳои Тоҷикистон ба таври густурда ба баррасӣ гирифтаанд.

“Нигоҳ” дар саҳифаи аввали худ акси Қурмонбек Боқиев ва писараш Максимро бо кӯлоҳи қирғизие, ки рӯи замин хобидааст, чоп кардааст. Ин матлаб “Писари сархӯри дадош ё рӯзи сиёҳи як президенти худкомаи ғайримардумӣ” ном дорад.

Нашрияи “Нигоҳ” ва чанде дигар аз нашрияҳои Тоҷикистон ба ин боваранд, ки маҳз хешутаборбозии аз ҳад афзун пояи ҳукумати Қурмонбек Боқиевро заиф кардааст. “Пояи ҳокимияти Боқиевро писаронаш заъиф карданд, хоса писарии хурди дадош-Максим Боқиев”,-навиштааст “Нигоҳ”.

“Акнун бо гузашти ҳазорон сол ҳам дар ин кишвари ҳоло мотамзада аз президенти “ваҳдатсозу сулҳпарвар”, яъне Қурмонбек Боқиев чун аз раҳбаре ёд мекунанд, ки барои ҳифзи манфиатҳои шахсиву оилавӣ ва ҳукумати аз сар то по дар фасодғӯтидаи худу хешовандонаш дастури оташ кушодан ба сӯйи мардумро дода, хун рехт”, -хулоса кардааст ин нашрия.

“Фараж” низ ба ин маънӣ матлаберо зери сарлавҳаи “Сари Боқиевро хешовандонаш хӯрдаанд?”, нашр кардааст. Ҳафтанома гуфтааст, иллати дигари шикасти Боқиев дар он буд, ки ӯ баъд аз 15 соли ҳукумати демократии Аскар ак Оқоев хост Қирғизистонро ба як кишвари феодалӣ, ки дар он тасмимҳои як нафар нақш мебозанд, мубаддал созад.

Инчунин, ҳафтаномаҳои “Озодагон” бо сарлавҳаи “Сабақҳои қирғизӣ”, “Боргоҳи сухан” бо номи “Ҳодисаҳои Қирғизистон дар Тоҷикистон такрор мешаванд?” ва “Наҷот” бо номи “Мукофоти амал”, чоп кардаанд.

Кӣ даркору кӣ нодаркор?


Ҳафтаномаи “Наҷот”, нашрияи ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон зери сарлавҳаи “Даркориҳои нодаркор” ба як мавзӯи доғ таваҷҷӯҳ кардааст. Ин ҳафтанома шикояти баъзе аз сокинонро, ки фарзандонашон дар замони ҷанги дохилии Тоҷикистон хидмат карда қурбон шудаанд, ба баррасӣ гирифтааст.

Хайрулло Худойдодов, як сокини шаҳри Кӯлоб ба хабарнигори “Наҷот” гуфтааст, фарзандаш ҳангоми хидмати аскарӣ дар Тавилдара дар соли 1996 захмӣ шуда, пас аз он дар беморхона мефавтад, “лекин дар тӯли ин муддат онҳо аз ҳич куҷое кӯмак дарёфт намекунанд”.
Ва ҳафтаномаи “Нигоҳ” зери сарлавҳаи “Агар умр вафо кунад...” сӯҳбати академик Муҳаммадҷон Шакуриро чоп кардааст.

Оқои Шакурӣ дар ин сӯҳбаташ таъкид кардааст, ки камбудҳои ҷиддие, ки дар қарни гузашта дар забони тоҷикӣ ба вуҷуд омаданд, бартараф намешаванд. “Мутаассифона, барои бартараф кардани онҳо кӯшишу талош ба назар намерасад”,-афзудааст ӯ.
XS
SM
MD
LG