Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Вайронкориҳои сел дар Сарбанд


Бо гузашти беш аз 72 соат аз боришоти шадид ва сел дар ноҳияи Сарбанди вилояти Хатлон, 120-километрии ҷануби Душанбе, ҳанӯз ҳам кӯмакҳои аввалияи ҳукумати маҳаллӣ барои осебдидагони офати табиӣ нарасидааст.

Сафар Аламуродови 42-сола, сокини деҳаи Оқгазаи ҷамоати Гулистон, ки хонаи ӯ дар пайи бориши сел комилан тахриб шудааст, мегӯяд, мақомоти ҳукумат пас аз сар задани офат ба маҳалли зисти ӯ ҳозир шуданд, аммо то имрӯз ба ваъдаҳои худ вафо накардаанд. Вай мегӯяд, офати табиӣ талафоти ҷонӣ ба дунбол надошт, аммо сокинони маҳаллӣ хисороти барои худ миёншикан бардоштаанд. Ба гуфтаи Сафар Аламуродов, сел ва тахрибкориҳои он ҳамчунин ба саломатии ҳамдеҳаҳояш низ беасар намондааст. Хуршед, ноболиғи 12-сола, ки аз тарси омадани сел бемор шудааст, мегӯяд, хоб дар чашмаш намеояд, чун аз такрори офати табиӣ бим дорад.

Сели омада дар ҷамоати Гулистони ноҳияи Сарбанд ду манзили истиқоматиро комилан ва наздик ба 30 хонаро қисман тахриб кардааст. Ҳамчунин, заминҳои кишти ғаллаву пахта ва сабзиҷоту меваҷотро валангор намудааст. Кӯкӣ Қаюмови 70-сола, сокини деҳаи Оқгаза, мегӯяд, парвариш ва фурӯши сабзиҷот як воситаи аслии даромади хонаводагиаш будааст, ки бар асари офати табиӣ ҳосили онро талаф додааст.

Ҳикматулло Раҷабов, раиси шаҳри Сарбанд, мегӯяд, ҳукумати маҳаллӣ бо даст додани имкон дар барқароркунии манозил ва заминҳои кишти тахрибшуда мусоидат хоҳад кард. Вай мегӯяд, селбориш беш аз 200 ҳектор замини киштшуда, аз ҷумла 120 ҳектор замини гандум, 21 ҳектор пахта ва 16 ҳектор сабзиҷот ва пулҳои нақлиётиву хатҳои барқгузарро ҳам хароб кардааст. Раиси Сарбанд ҳамчунин гуфт, дар ноҳия ситоди вижаи арзёбии хисороти офати табиӣ созмон дода шуда, барои рафъи оқибатҳои сел дар маҳалли офат тадобир андешида хоҳанд шуд.

Як соли пеш, моҳи апрели 2009, боришоти шадид ва сел дар ноҳияи Хуросони вилояти Хатлон ҳам беш аз 500 хонаводаро бехонаву дар кард. Хисороти расида дар пайи офат чандин миллион сомонӣ арзёбӣ шуда буд. Ҳамакнун, сокинони осебдидаи Хуросон дар манозили нави худ, ки ташкилоту муассисаҳои давлатии Хатлон бо пули худ бунёд кардаанд, ба сар мебаранд.
XS
SM
MD
LG