Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Додситони кул: «Бутақозиев дастгир нашудааст»


Шерхон Салимзода, додситони кули Тоҷикистон мегӯяд, «Бутақозиев дастгир нашудааст». Қаблан расонаҳо аз боздошти Неъматулло Ботақозиев, як фаъоли ҳуқуқи башари Қирғизистон дар Тоҷикистон хабар дода буданд.

Шерхон Салимзода иллати ин амрро ҳуҷҷати тасдиқкунандаи шахсият надоштани Бутақозиев унвон кард ва гуфт: «Ӯ на дар СИЗО ё тавқифгоҳи нигаҳдории муваққатӣ, балки мутобиқи қонунгузории Тоҷикистон дар муассисаи нигаҳдории муваққатии раёсати корҳои дохила ҷой дода шудааст».

Ин дар ҳолест, ки вакили мудофеи Бутақозиев мегӯяд, зерҳимояи вай охири моҳи марти соли ҷорӣ аз сӯи кормандони ниҳодҳои интизомӣ боздошт шуда ва ба ниҳодҳои амниятии Тоҷикистон дода шудааст ва вай дар СИЗО –и Кумитаи давлатии амнияти миллӣ нигаҳдорӣ мешавад.

Дар ҳамин ҳол Шерхон Салимзода иттилоъ дод, ки аз додситонии кули Қирғизистон унвонии додситони кули Тоҷикистон номаи дархостӣ барои бозпас гардондани Бутақозиев расидааст, ки ба маълумоти ҷониби Қирғизистон ин шахс дар қаламрави он кишвар ҷиноят содир кардааст.

Додситони кулли Тоҷикистон афзуд, номаи ҳамтои қирғизашонро маврид омӯзиш қарор хоҳанд дод.

Ин дар ҳолест, ки Бутақозиев ба ҳадафи дарёфти паноҳгоҳи сиёсӣ вориди Тоҷикистон шудааст.

Шерхон Салимзода таъкид: «Агар ҷиноятҳои содиркардаи Бутақозиев характери сиёсӣ надошта бошад ва ҷиноятҳои умумӣ бошад, албатта пас гардонда мешавад. Аммо агар характери сиёсӣ дошта бошад ва ӯ паноҳгоҳи сиёсӣ талаб карданӣ бошад, мутобиқи қонунгузории Тоҷикистон қарор қабул карда хоҳад шуд».

Ин дар ҳолест, ки ҳамакнун низом дар Қирғизистон, ба хусус Бишкек тағйир карда ва номаи додситонии кули Қирғизистон низ қабл аз таҳаввулоти ахири он кишвар ба Тоҷикистон расидааст.

Акнун суоли ин ааст, ки додситонии кулл дар ин ҳолат чи гуна рафтор хоҳад кар?

Шерхон Салимзода дар посухи ин суол гуфт: «Ин мавзӯъ бо ҷониби додситонии кули Қиитзистон мувофиқа хоҳад шуд ва дар сурати бозпас гардондан ва ё нагардондани Бутақозиев ба кишвари ҳамсоя хабар хоҳем дод ва онҳо дар навбати худ метавонанд таклифу дархости худро пешниҳод намоянд».

Посухи додситонии кулл ба модари Ёқуб Салимов


Шерхон Салимзода, ҳамчунин гуфт, додситонии кулли Тоҷикистон ба номаи модари Ёқуб Салимов, вазири пешини умури дохила, ки дар зиндон мебошанд, посух додааст.

Ба гуфтаи Салимзода, дар ҷавоби додситонии кулл омадааст, ки «дар мавриди иҷрои ҷазои ҷиноятӣ қонуншиканӣ дида намешавад ва маҳкумшуда Ёқуб Салимов аз ёрии духтур ва аз ҳама ҳуқуқҳое, ки қонун нисбати маҳкумшуда пешбинӣ кардааст, бархурдор мебошад.»

Додситони кулл таъкид кард, ки «қонунгузорӣ низоми ҷазо ва адои онро муайян кардааст ва Ёқуб Салимов дар доираи он ҷазоро адо мекунад».

Муддати чанд соли ахир модари Ёқуб Салимов, борҳо унвонии ниҳодҳои сатҳи болоӣ, аз ҷумла раёсати ҷумҳурӣ, додгоҳи олӣ, додситонии кулл, вазорати адлия ва омбудсмен ё ваколатдори ҳуқуқи башари Тоҷикистон номаҳо ирсол карда ва ҳатто матни ин номаҳо дар матбуот низ ба табъ расидаанд, ки вай эҷоди шароити нигаҳдорӣ барои фарзандаш, ба хусус таҳвили ӯ аз зиндони низомаш сангин ба низоми умумии маҳкумшудагонро тақозо кардааст.

Дар соли гузашта, Зариф Ализода, омбудсмен ё ваколатдори ҳуқуқи башари Тоҷикистон низ таъйид карда буд, ки номаи модари Ёқуб Салимов ба ин ниҳод расидааст ва он мавриди омӯзиш қарор мегирад, аммо бо гузашти чанд моҳ ҳеҷ натиҷае аз пайгирии ин нома нашуд.

Ёқуб Салимов аз чеҳраҳои калидии Фронти Халқӣ ва ҳукумати Эмомалӣ Раҳмон дар солҳои нахустини истиқлол буд. Раёсати собиқ кумитаи гумрук ва вазирии корҳои дохилии кишварро низ бар дӯш дошт, вале пас аз барканорӣ аз қудрат аз Тоҷикистон фирор намуд. Баъдан, дар Маскав боздошт гардид ва ба Душанбе истирдод шуд ва ба 15 соли маҳбас маҳкум шуд.

Тафсилоти бештар аз конфронси матбуотии Шерхон Салимзода дар фурсати наздиктарин нашр хоҳад шуд.
XS
SM
MD
LG