Мирасрори Фарғонӣ, хабарнигори бахши тоҷикии Радиои Озодӣ аз маҳалли ҳодиса хабар медиҳад, ки ин гирдиҳамоӣ дар деҳаи зодгоҳи Қурмонбек Боқиев баргузор шуд ва дар он тақрибан ҳазор нафар ҷамъ омаданд.
Қурмонбек Боқиев гуфт, ӯ аз вазифааш истеъфо надодааст ва истеъфо доданӣ нест. Ӯ гуфт, аз кишвараш фирор накардааст ва берун рафтанӣ нест.
Президенти маъзули Қирғизистон ҳукумати муваққатии Отунбоеваро ғайриқонунӣ номид. Ӯ ҳамчунин иттиҳомот дар мавриди он ки фармони кушодани оташ ба мардум дар эътирозоти 7-уми апрелро додааст, рад намуд. Ӯ гуфт, бархе аз кушташудаҳо аз тири худи эътирозгарони, ба истилоҳи ӯ, «бандитҳо» кушта шудаанд.
Ӯ иқрор кард, ки нерӯҳои вижа барои муҳофизати президент омода буданд, вале, гуфт Боқиев, «ин нерӯҳо ба сӯи осмон тир мекушоданд, на ба сӯи мардум».
Дар эътирозоти 7-уми апрел дар Қирғизистон, бино бар омори расмӣ 79 нафар кушта шуданд ва садҳои дигар ҷароҳат бардоштаанд.
Ду дархости Қурмонбек Боқиев аз фиристодаи СММ
Қурмонбек Боқиев, раиси ҷумҳури Қирғизистон, ки баъд аз сарнагунӣ аз қудрат бори аввал дар маҳзари ом зоҳир шуд, бо фиристодаи СММ низ мулоқот кардааст. Вай афзуд: "Ман дирӯз бо Ян Кубиш, фиристодаи вижаи СММ сӯҳбат ва чун раиси ҷумҳур аз вай ду дархост кардам. Пеш аз ҳама, ман аз вай хостам, ки ба шимоли кишвар нируҳои посдори сулҳи худро бифиристад. Дархости дуввуми ман аз Як Кубиш ин буд, ки камисиюни мустақили байналмиллалиро биорад ва ба рӯйдодҳои 7-уми апрел расидагӣ сурат бигирад".
Бино ба гузоришҳои расида аз Қирғизистон, Боқиев аз ҷонибдорони худ хостааст, ки аз рӯзи сешанбе ба баъд дар атрофи шаҳри Ҷалолобод ва шаҳракҳои дигар роҳпаймоиҳо анҷом диҳанд.
Дар ин гирдиҳамоии Ҷалолобод афроди дигар низ суханронӣ карданд ва Боқиевро президенти худ донистанд. Мардум шиорҳое ҳам бо худ оварда буданд - аз ҷумла ин ки "дастатро аз президенти қонунӣ каш", "ҷавонон бо президенти қонунӣ", "ҷони худро барои президент қурбон мекунем", "ҳама гуноҳи оппозитсия аст", "мо бояд ба шимолу ҷануб тақсим нашавем" ва ғ.
Дар ин гирдиҳамоӣ як узви ҳукумати муваққатии Отунбоева баромад карданӣ шуд ва хост, мардумро ба ваҳдат даъват кунад, вале мардум ба суханҳои ӯ гӯш надоданд ва ӯро ронданд.
Сипас, боз Қурмонбек Боқиев баромад кард. Ӯ аз онҳое, ки дар даст силоҳ доранд, даъват кард, то аз истифодаи он худдорӣ намоянд. Ӯ ба мардум хитоб кард, то имрӯз пароканда шаванд ва фардо боз дар хиёбони марказии Ҷалолобод ҷамъ оянд.
Шаҳрдори Ҷалолобод дар вокуниш ба эълони гирдиҳамоӣ дар ин шаҳр гуфт, онҳо монеъи баргузории ҳеҷ гирдиҳамоие нахоҳанд шуд, вале гирдиҳамоӣ бояд дар фазои амну субот доир шавад. Шаҳрдори Ҷалолобод гуфт, мақомот аз ҳар гуна талоши тахрибкорӣ ҷилавгирӣ хоҳанд кард.
Дар анҷоми гирдиҳамоӣ ба хотири гиромидошти қурбониёни эътирозоти 7-уми апрел Қуръон тиловат карда шуд.
Қурмонбек Боқиев ахиран дар мусоҳибаи худ бо бахши қирғизии Радиои Озодӣ гуфт, бояд нерӯҳои посдори сулҳ зери парчами СММ вориди Қирғизистон шаванд ва ҳамчунин гуфт, як комиссияи вижаи босалоҳият барои таҳқиқи ҳодисаҳои апрелӣ таъсис ёбад. Ӯ гуфт, омода аст, бо ҳукумати муваққатӣ вориди гуфтушунид шавад.
Вале дар ҳамин маврид, ҳукумати муваққатӣ мегӯяд, бо Боқиев ҳеҷ гуфтушунид кардан намехоҳад ва Боқиев бодя ба истеъфо равад.
Дар ин миён Ҳилларӣ Клинтон, вазири корҳои хориҷии ИМА, бо Роза Отунбаева, раиси ҳукумати муваққатии Қирғизистон, сӯҳбати телефонӣ доштааст. Коршиносон мегӯянд, сӯҳбатҳои телефонии афроди дуввуми Русия ва Амрико бо ҳукумати муваққатӣ далели эътирофи ин ҳукумат аст.
Хабаргузориҳо менависанд, мавзӯъи Қирғизистон дар дидори Барак Обама, раисҷумҳури Амрико, бо ҳамтои қазоқаш Нурсултон Назарбоев дар Вашингтон низ баррасӣ шудааст. Қазоқистон феълан сарварии Созмони амният ва ҳамкории Аврупоро бар дӯш дорад. Хабаргузориҳо менависанд, Қазоқистон мехоҳад миёнарави амн берун рафтани Қурмонбек Боқиев бошад. Вале дар ҳамин ҳол, ҳукумати муваққатии Қирғизистон гуфтааст, кафолати амнияти раисҷумҳури маъзулро дода наметавонад.