Додрасҳои олии Тоҷикистон ба масъулини ин нашрияҳо пешниҳоди оштӣ карда ва барои аз роҳи музокирот ҳаллу фасл кардани қазия вориди гуфтугӯ шудаанд.
Зафари Сӯфӣ, сардабири нашрияи «Озодагон», таъйид кард, ки бо ибтикори додрасҳои Додгоҳи олии кишвар Нур Нурову Улуғбек Мамадшоев ва додраси додгоҳи шаҳрӣ Фахриддин Додоматов нахустин даври музокирот бо масъулони нашрияҳо баргузор шуд, ки дар он масъалаи оштӣ ва қатъи идомаи мубоҳисоти додгоҳӣ дар миён гузошта шуд. Оқои Сӯфӣ гуфт, ин иқдоми додрасҳо, ки мехоҳанд баҳс дар чаҳорчӯби музокирот хотима ёбад, шоистаи таҳсин аст. Вале, гуфт ӯ, шарти пешгузоштаи онҳо ва ҳамчунин чопи як матлаб бо имзои муовини раиси Додгоҳи олӣ дар мавриди қазияи пешомада самимияти пешниҳоди оштии додрасҳоро зери шубҳа қарор додааст.
Нур Нуров, додраси Додгоҳи олӣ ва яке аз даъвогарон алайҳи нашрияҳо, мегӯяд, додрасҳо ба соҳибони ин нашрияҳо шарту шурути худро пеш гузошта, дафъатан вокуниши онҳоро тақозо накардаанд, балки барои қабул ва ё радди ин шароит ба онҳо мӯҳлат дода шудааст. Улуғбек Мамадшоев, додраси дигари Додгоҳи олӣ, низ гуфт, дар баҳси қазияҳои шаҳрвандӣ оштии ҷонибҳои даъвогар як амали маъмулист, вале ҳанӯз сӯҳбате, ки миёни додрасҳо ва соҳибони нашрияҳо сурат гирифт, чизе бештар аз сӯҳбат буда наметавонад. Оқои Мамадшоев гуфт, вақте аснод барои оштӣ тартиб ва таъйид мешавад, онгоҳ метавон дар бораи оштии тарафҳо сӯҳбат кард.
Баҳси додгоҳӣ миёни нашрияҳои «Азия плюс», «Фараж» ва «Озодагон» ва додрасҳои Додгоҳи олии Тоҷикистон баъди чопи ҳамзамони номаи бози адвокат Солеҳҷон Ҷӯраев алайҳи ин додрасҳо ба унвони раисҷумҳури Тоҷикистон, Маҷлиси намояндагон, додситонии кулл ва Омбудсмени ин кишвар дар ҳафтаномаҳои мазкур шурӯъ шуда буд. Дар ин нома Солеҳҷон Ҷӯраев додрасҳои додгоҳи олии Тоҷикистон Нур Нуров ва Улуғбек Мамадшоевро дар муҳокимаи ғайримунсифона ва ноодилона ва ҳамчунин содир кардани ҳукми ғайриқонунӣ дар мавриди бархе аз парвандаҳои ҷиноятӣ ва афроди мазнун айбдор карда, аз мақомоти Тоҷикистон хост, ки пеши роҳи, ба гуфтаи ӯ, қонуншиканиҳо дар Додгоҳи олӣ гирифта шавад.
Додрасҳои Додгоҳи олӣ ва як додраси додгоҳи шаҳри Душанбе, ки мавриди интиқоди қарор гирифта буданд, ин нашрияҳоро бо иттиҳоми тӯҳмат ва паст задани обрӯву эътибори инсон ба додгоҳ кашида, барои ҷуброни маънавӣ аз ин нашрияҳо 5,5 миллион сомонӣ товон талаб кардаанд.
Нахустин мурофиаи додгоҳии ин нашрияҳо моҳи феврали соли ҷорӣ дар додгоҳи ноҳияи Сино сурат гирифта буд. Вале сардабирони нашрияҳо мегӯянд, чопи ин матолиб бо риояи қавонини кишвар сурат гирифтааст.
Дар пайи ин қазия созмони байналмилалии Гузоришгарони бидуни марз бо нашри як баёния аз мақомоти Тоҷикистон хост, ки фишор болои мабтуоти мустақилро аз тариқи додгоҳ хотима диҳанд. Кумитаи дифоъ аз ҳуқуқи журналистон (CPJ), қароргоҳаш дар Амрико, аз се додраси Тоҷикистон даъват кард, ки аз даъвои худ бо се нашрияи чопи Душанбе даст бикашанд. Зимнан, баҳси додгоҳи миёни нашрияҳои мустақили дигар « Миллат» бо вазорати кишоварзӣ ва «Пайкон» бо идораи « Тоҷикстандарт» низ то ҳанӯз идома дорад.