Феълан Бейшен Болотбеков, раиси ҳукумати вилояти Талас нопадид шудааст ва бино ба хабарҳо дар дохили бинои ҳукумат бебандуборӣ ҳукмфармост.
Як нафар ходими ОМОН ё дастаи милисаи махсус низ мавриди латтукуби эътирозгарон қарор гирифтааст. Ин ходими милиса муҳофизи дафтари кории раиси вилоят будааст.
Бино ба хабарҳои қаблӣ эътирозагон Қуйсин Қурмоналиева, ҳамоҳангсози Ҳизби сиёсии «Ата Мекан»-и Таласро раиси вилоят эълон карда буданд.
Эътирозгарон Шералӣ Абдилдаевро раиси ҳукумати вилояти Талас таъйин карданд. Гуфта мешавад, ки Шералӣ Абдилдаев 45 сол дошта ва яке аз фаъолони Ҳизби сиёсии «Ата Мекен» дар вилояти Талас муаррифӣ шудааст.
Бино ба хабарҳои расида аз Талас ҳудуди 2000 тазоҳургар талош кардаанд, бинои раёсати умури дохилаи вилоятро низ тасарруф кунанд, вале кормандони милиса алайҳи онҳо аз гази ашковар истифода кардаанд ва нагузоштаанд, ки эътирозгарон вориди бинои раёсати корҳои дохилӣ шаванд.
Як тан аз тазоҳургарон аз тири резинӣ ҷароҳат бардошта ва бистарӣ шудааст. Ҳамзамон як гурӯҳи дигари эътирозгарон аз ин оташакҳои ашковар заҳролуд шудаанд ва онҳо низ таҳти назорати пизишкон қарор доранд.
Дар идомаи ин таҳаввулот аз шаҳри Талас хабар расид, ки эътирозгарон аксҳои президент Қурмонбег Боқиевро оташ заданд.
Омурбек Текебоев, раиси Ҳизби «Ата Мекен» дар сӯҳбат бо Озодӣ гуфт, аз эҳтимол дур нест, ки ҳукумат алайҳи тазоҳургарон аз чораҳои шадидтарин кор бигирад.
Ба гуфтаи ӯ, Ҳизби сиёсии «Ата Мекен» аз сафоратҳои ИМА ва Русия дар Бишкек хостааст, ки ба вазъият таваҷҷӯҳ кунанд ва дар сурати истифодаи нерӯ алайҳи тазоҳургарон, ҳукуматро ба масъулият даъват намоянд.
Тибқи охирин хабарҳо ҳамчунин дар вилояти Норин низ гурӯҳе аз мӯйсафедон ҷамъ омада ва талаби истеъфои раиси ҳукумати вилояти Норинро пеш гузоштаанд. Ҳамзамон аз баргузории як тазоҳуроти дигар дар ноҳияи Оқсии вилояти Ҷалолобод, зодгоҳи раиси ҷумҳур Боқиев низ хабар дода мешавад.