Дар маросими ба хоксупории ӯ пайвандону дӯстон, адабиётшиносон ва масъулони Иттиҳоди адибони Тоҷикистон ширкат доштанд.
Абдулҳамид Самадов, муовини раҳбари Иттиҳоди нависандагон, Расул Ҳодизодаро “фозили давр” номид ва хидмати ӯ дар бахши адабиёти тоҷикро нотакрор хонд:
“Аз шахсиятҳои барҷастаи ҳам адабӣ буданд ва ҳам илмӣ. Хидматҳои эшон дар бахши рушди илми суханшиносии тоҷик ва дар риштаи адабиёт ҳам назудуданӣ аст ва ҳамеша дар ёдҳо ва дар саҳифаи фарҳангу адаби тоҷик ҷовидон хоҳад монд”.
Кароматулло Олимов, раиси Пажӯҳишгоҳи шарқшиносии Фарҳангистони улуми Тоҷикистон, низ дар маросими ба хоксупории Расул Ҳодизода ширкат дошт. Вай даргузашти оқои Ҳодизодаро “бохте барои риштаи адабиётшиносии тоҷик” унвон кард:
“Хидматҳои зиёде карданд. Асарҳои илмӣ ва адабияшон ба хазинаи тиллоии фарҳанги тоҷик дохил шудааст. Бинобар ин, ёди чунин шахс ҳамеша зинда хоҳад буд”.
Расул Ҳодизода соли 1928 дар Самарқанд ба дунё омада, Донишгоҳи давлатии Осиёи Марказӣ дар шаҳри Тошкандро хатм кардааст. Ӯ аз соли 1954 дар Пажӯҳишгоҳи забон ва адабиёти ба номи Рӯдакӣ дар Душанбе ба кор оғоз кард ва ба истиснои муддати кӯтоҳе дар солҳои 70-уми қарни гузашта, боқии умрашро дар ҳамин маркази таҳқиқотӣ сарф намуд.
Сайфиддин Назарзода, раиси Пажӯҳишгоҳи забон ва адабиёти тоҷики ба номи Рӯдакӣ, мегӯяд, ин марказ ба таҳқиқи ҳамаҷонибаи осори Расул Ҳодизода хоҳад пардохт. Оқои Назарзода дар идомаи сӯҳбаташ Расул Ҳодизодаро “яке аз беҳтарин муҳаққиқони осори Рӯдакӣ” донист: “Тақрибан дар 50 соли ахир ба таҳқиқи рӯзгор ва осори Рӯдакӣ машғул буданд. Дар нахустин таҷлили расмии ҷашни Рӯдакӣ дар соли 1958 устод Ҳодизода аз нафарҳои аввалин ба шумор мерафтанд. Дар соли 2008 низ яке аз шахсони фаъоли ҷашни Рӯдакӣ буданд. Инчунин, матни интиқодии умумии осори Рӯдакӣ, ки аз тарафи Расул Ҳодизода ба чоп расидааст, яке аз беҳтарин корҳо дар бобати эҷодиёти Рӯдакӣ мебошад”.
Ҳамин тавр, аксари ҳамсӯҳбатони мо аз Расул Ҳодизода ба некӣ ёд мекарданд ва ҳар кадоме дар навбати худ аз хидматҳои намоёни ӯ сухан мегуфтанд. Аксари онҳо нақши Расул Ҳодизодаро бахусус дар пажӯҳиши таърихи ҷараёни маорифпарварии авохири асри 19 ва авоили асри 20 дар аморати Бухоро муҳим хонданд.
Аз Расул Ҳодизода як силсила осори илмӣ ва ҳамчунин осори гаронбаҳои адабие низ боқӣ мондааст. Романи “Ситорае дар тирашаб” дар бораи зиндагии Аҳмади Дониш, “Парвози Шоҳин” аз рӯзгори Шамсуддини Шоҳин ва “Қиссаи Мансури Ҳаллоҷ” аз ҷумлаи муҳимтарин мероси ӯ барои адабиёти тоҷик дониста мешаванд.
Дигар маҳсули хидмати ӯ ба адабиёт ба ҳуруфи сирилик баргардонидани осори классикони мо будааст. Девони ашъори Рӯдакӣ, “Калила ва Димна”, “Асарҳои мунтахаб”-и Аҳмади Дониш, “Девон”-и Анварӣ, “Дафтари дилкушо”-и Соиб ва даҳҳо намунаҳои бебаҳои адабиёти ҳазорсолаи форсиро хонандаи тоҷик бо шарофати заҳматҳои Расули Ҳодизода бо хатти сирилик мутолиа кардааст. Ҳамчунин, ба гуфтаи ҳамсӯҳбатони мо, Расул Ҳодизода дар солҳои охири умраш ёддоштҳои худро низ ба чоп расонидааст, ки “Самарқанднома” ва “Худоё, худамро шиносам” аз ҷумлаи онҳо будааст.
Бо ин ҳол, ба гуфтаи Абдунабӣ Сатторзода, адабиётшиноси тоҷик, Расул Ҳодизода на ба он андозае, ки бояд аз сӯйи мақомоти давлатӣ қадрдонӣ мешуд, тақдир шудааст: “Ҳамин гуна як олими бузург, як донишманди бузург дар риштаи адабиёт унвони узви вобаста ё узви пайвастаи Академияи улум надоштанд. Ҳол он ки эшон зеби Академия буданд. Мутаассифона, ҳамин тур чизҳо ҳаст. Аммо мақоми шахс, махсусан, мақоми донишманд ба он унвонҳое, ки дар зиндагӣ мегирад, вобастагӣ надорад”.
Адабиётшиносони тоҷик мегӯянд, бо марги Расул Ҳодизода сафи намояндагоне, ки зодаи Самарқанд буданду дар ҳаёти адабию илмии Тоҷикистони нав хидмат мекарданд, тақрибан тамом шудааст. Онҳо мегӯянд, нашри осори то ҳанӯз чопнашудаи Расул Ҳодизода ва баррасии осори ӯ аз сӯи муҳаққиқон шояд як навъ эҳтиром ба ӯ ва самарқандиҳое хоҳад буд, ки то ин муддат барои адабиёт дар Тоҷикистон заҳмат кашидаанд.