Нишасти мақомоти амниятии кишварҳои узви СҲШ дар пойтахти Узбакистон, пас аз вуқӯъи инфиҷорҳои бузург дар Русия сурат гирифт. Амалҳои террористие, ки дар маҷмӯъ ҳудуди 50 нафарро кушта, зиёда аз 100 тани дигарро захмӣ намудааст.
Ин аст, ки ба гуфтаи Сергей Смирнов, муовини раиси хадамоти амниятии Русия ё ФСБ, ҳамоҳангии фаъолияти неруҳои амниятии кишварҳои узви СҲШ дар муқобала бо терроризм, ифротгароӣ ва ҷудоихоҳӣ дар меҳвари нишасти Тошканд қарор гирифт. Аз сӯи дигар, соҳибназарон мегӯянд, вазъ дар Афғонистон, ба хусус фаъол шудани гурӯҳҳо, созмонҳои террористӣ ва ифротгароӣ дар қаламрави ин кишвар, ниҳодҳои амниятии Созмони ҳамкориҳои Шонҳойро водор ба ҳамкории бештаре дар мубориза алайҳи терроризм кардааст. Зеро Афғонистон, ки аз пойгоҳҳои аслии ҳузури гурӯҳҳо ва созмонҳои террористӣ ва ифротгароӣ, назири ал–Қоида, Толибон, Ҳаракати исломии Узбакистон, Ҳизбуттаҳрир ва ғайра дар минтақа маҳсуб мешавад, бо кишварҳои узви СҲШ марзи муштарак дорад. Ба ин далел, нигаронии кишварҳои минтақа низ аз эҳтимоли таҳдид тавассути ин гурӯҳҳо аст.
Ҳарчанд гузоришҳо ҳокист, ки бештари нерӯи террористҳо дар манотиқи ҷанубии Афғонистон фаъоланд, аммо Шараф Файзуллоев, муовини раиси Идораи марзбонии Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон, вуҷуди гурӯҳҳои алоҳидаи террористон дар шимоли Афғонистонро таъид кард. Ӯ афзуд: «дар шимоли Афғонистон гурӯҳҳои хурде ҳастанд, зидди ҳукуматанд. Онҳоро Толибон мегӯянд. Аммо барои ҳуҷум ба Тоҷикистон қувва надоранд. Аммо ба таври пинҳонӣ гузаштани ин гурӯҳҳо ҳамеша ҳаст, мо дар ин замина кор карда истодаем. Тарафи мо омодааст, ки сарҳадро аз ин хатарот нигоҳ дорад. Мо ба ин боварӣ дорем».
Аз сӯи дигар, Пол Куин Ҷаҷ, масъули дафтари ICG ё гурӯҳи пажӯҳиши бӯҳронҳо дар Осиёи Марказӣ низ, мегӯяд, теъдоде аз ҷангиёни Ҳаракати исломии Узбакистон дар минтақаи Кундузи Афғонистон дар рӯ ба рӯи марзи Тоҷикистон қарор доранд, ки метавон ба унвони хатаре барои кишварҳои Осиёи Марказӣ маънидод кард.
Ӯ мегӯяд: «Хабарҳое дар даст аст, ки ҷангиёни Ҳаракати исломии Узбакистон дар Кундуз ҳастанд ва имкони вуруди онҳо ба Осиёи Марказӣ, ба эҳтимоли зиёд аз тариқи Тоҷикистон ва Қирғизистон вуҷуд дорад. Хатар ва нигаронӣ дар ин замина мантиқӣ аст. Аммо бо ин ҳам далели собите дар мавриди ворид шудани онҳо ба марзи кишварҳои Осиёи Марказиро дар даст надорем».
Пол Куин Ҷаҷ, бар ин назар аст, ки дар ҳоли ҳозир ал- Қоида даргир бо Амрико ва муттаҳидонаш аст ва мақсади гурӯҳи «Толибон» низ аз байн бурдани Карзай ва даст ёфтан ба ҳукумати Кобул аст. Аммо, вай мегӯяд, дар фаъолияти Ҳизбуттаҳрир, талоши бо роҳи зурӣ расидан ба Осиёи Марказӣ ва таъсиси Хилофати исломӣ дар ин минтақаро намебинад. Ба ин далел, ба бовари ҷаноби Ҷаҷ, танҳо Ҳаракати исломии Узбакистон дар фикри аз байн бурдани низомҳои мавҷуд дар кишварҳои Осиёи Марказӣ ва бештар аз ҳама сарнагунии ҳукумати Узбакистон аст.
Фаррух Умаров, коршиноси тоҷик, иддао дорад, ки Ҳаракати исломии Узбакистон ҷузъи созмони ал-Қоида аст ва дар сурати саркӯбии ин созмон дар Афғонистон эҳтимоли рӯ ба кишварҳои Осиёи Марказӣ овардани ҷангиёни он ба вуҷуд хоҳад омад. Зеро, ба таъкиди вай, «ҲИУ муддати чанд сол аст, ки бо ал-Қоида пайвастааст ва аз ин сабаб дар сурати саркуб шудани неруҳои Толибон ва ал-Қоида, пеш аз ҳама ҲИУ аз тариқи сарҳади Тоҷикистон ва Узбакистон вориди минтақаи Осиёи Марказӣ хоҳанд шуд. Беҳуда нест, ки дар Қирғизистон як маркази мубориза алайҳи терроризм бо ҳамкории Иёлоти Мутаҳҳидаи Амрико дар ҳоли таъсис аст, ки ин нишонаи он аст, ки аллакай баъзе кишварҳои Осиёи Марказӣ ин эҳтимолиятро дар мадди назар доранд».
Ин дар ҳолест, ки ба таъкиди соҳибназарон гурӯҳҳои террористӣ умдатан дар фасли баҳор ва тобистон бештар фаъол шуда ва пайи ноором кардани вазъ дар кишварҳои минтақа мешаванд. Ин соҳибназарон аз вуруди теъдоде аз афроди мусаллаҳ, ба хусус ҷангиёни Ҳаракати исломии Узбакистон дар аввалҳои тобистони соли гузашта ба минтақаи шарқи Тоҷикистон ёдовар мешаванд, ки ба муқовимати шадиде бо неруҳои давлатӣ ру ба ру шуда буданд.
Ҳамин тариқ, соҳибназарон мегӯянд, нишасти Тошканд далолати он аст, ки кишварҳои минтақа «бо хотири ҷамъ нанишаста», балки ба манзури ҷилавгирӣ аз ҳар гуна амали тахрибкорона тавассути гурӯҳҳои террористӣ андеша мекунанд.
Ин аст, ки ба гуфтаи Сергей Смирнов, муовини раиси хадамоти амниятии Русия ё ФСБ, ҳамоҳангии фаъолияти неруҳои амниятии
Шараф Файзуллоев: "дар шимоли Афғонистон гурӯҳҳои хурде ҳастанд, зидди ҳукуматанд. Онҳоро Толибон мегӯянд. Аммо барои ҳуҷум ба Тоҷикистон қувва надоранд."
Ҳарчанд гузоришҳо ҳокист, ки бештари нерӯи террористҳо дар манотиқи ҷанубии Афғонистон фаъоланд, аммо Шараф Файзуллоев, муовини раиси Идораи марзбонии Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон, вуҷуди гурӯҳҳои алоҳидаи террористон дар шимоли Афғонистонро таъид кард. Ӯ афзуд: «дар шимоли Афғонистон гурӯҳҳои хурде ҳастанд, зидди ҳукуматанд. Онҳоро Толибон мегӯянд. Аммо барои ҳуҷум ба Тоҷикистон қувва надоранд. Аммо ба таври пинҳонӣ гузаштани ин гурӯҳҳо ҳамеша ҳаст, мо дар ин замина кор карда истодаем. Тарафи мо омодааст, ки сарҳадро аз ин хатарот нигоҳ дорад. Мо ба ин боварӣ дорем».
Аз сӯи дигар, Пол Куин Ҷаҷ, масъули дафтари ICG ё гурӯҳи пажӯҳиши бӯҳронҳо дар Осиёи Марказӣ низ, мегӯяд, теъдоде аз ҷангиёни Ҳаракати исломии Узбакистон дар минтақаи Кундузи Афғонистон дар рӯ ба рӯи марзи Тоҷикистон қарор доранд, ки метавон ба унвони хатаре барои кишварҳои Осиёи Марказӣ маънидод кард.
Ӯ мегӯяд: «Хабарҳое дар даст аст, ки ҷангиёни Ҳаракати исломии Узбакистон дар Кундуз ҳастанд ва имкони вуруди онҳо ба Осиёи Марказӣ, ба эҳтимоли зиёд аз тариқи Тоҷикистон ва Қирғизистон вуҷуд дорад. Хатар ва нигаронӣ дар ин замина мантиқӣ аст. Аммо бо ин ҳам далели собите дар мавриди ворид шудани онҳо ба марзи кишварҳои Осиёи Марказиро дар даст надорем».
Пол Куин Ҷаҷ, бар ин назар аст, ки дар ҳоли ҳозир ал- Қоида даргир бо Амрико ва муттаҳидонаш аст ва мақсади гурӯҳи «Толибон» низ
Фаррух Умаров: "дар сурати саркӯб шудани неруҳои Толибон ва ал-Қоида, пеш аз ҳама ҲИУ аз тариқи сарҳади Тоҷикистон ва Узбакистон вориди минтақаи Осиёи Марказӣ хоҳанд шуд."