Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Даргузашти падари Лангарӣ


Салмон Лангариев, яке аз фармондеҳони шинохтаи Фронти Халқӣ, падари Лангарӣ ва Сӯҳроб Лангариевҳо имрӯз, 29-уми март, дар синни 84-солагӣ аз дунё даргузашт.

Наздикони Салмон Лангариев мегӯянд, ӯ пас аз боздошти фарзандаш Сӯҳроб дар ду соли қабл аз фишори хун ва маризии қалб азият мекашид. Дар ҳоли ҳозир, Сӯҳроб Лангариев дар маҳбас қарор дорад ва аз фарзанди дигари Салмон Лангариев, Бахтиёр, собиқ корманди Вазорати корҳои дохилӣ, ҳеҷ хабар нест ва мегӯянд, ки ӯ ба беруни кишвар фирор кардааст.

Дар вақти зинда буданаш Салмон Лангариев ҳамеша таъкид мекард, ки ӯ дар "барқарор кардани ҳукумати конститутсионӣ саҳми арзанда" дорад. Як фарзанди ӯ Лангарӣ Лангариев яке аз фармондеҳони маъруфи Фронти Халқӣ буд ва дар аввалҳои ҷанги шаҳрвандӣ дар яке аз муҳорибаҳо захм бардошта, дар бемористони шаҳри Хуҷанд аз дунё даргузашта буд.

Дар моҳи майи соли 2008 дар пайи як амалиёти густардаи нерӯҳои интизомии ҳукумат фарзанди хурдии Салмон Лангариев - Сӯҳроб
Сӯҳроб Лангариев рӯзи 27-уми майи соли 2008 боздошт шуда буд.
Лангариеви он замон 29-сола, ҳамроҳ бо Аъзам Лангариеви он замон 24-сола (фарзанди Лангарӣ Лангариев), Нурмуҳаммад Сафарови он замон 22-сола (фарзанди Сангак Сафаров ва додарарӯси Сӯҳроб Лангариев) ва дигарон ҳамроҳонаш боздошт шуда буданд. Ба қавли Кумитаи амнияти Тоҷикистон, он замон Сӯҳроб Лангариев сӯи кормандони интизомӣ тир кушодааст ва даргирӣ байни гурӯҳи ӯ ва нерӯҳои ҳукуматӣ 15 соат давом кардааст.

Додгоҳи олӣ Сӯҳроб ва 7 ҳамроҳи ӯро, аз ҷумла фарзанди Сангак Сафаровро дар мухолифати мусаллаҳона бо ҳукумат, нигоҳдории ғайриқонунии лавозимоти ҷангӣ, тиҷорати ҳаҷман бузурги маводи мухаддир ва убури ғайриқонунии марз, муҷрим дониста, ба ҳукми абад маҳкум кард. Аъзам Лангариев ба 21 соли зиндон маҳкум гардида буд. Мурофиаи гурӯҳи Суҳроб Лангариев пушти дарҳои баста дар зиндони Кумитаи амнияти миллии Тоҷикистон гузашта буд.

Салмон Лангариев аксари иттиҳомот нисбат ба фарзандашро рад карда, ҳукми Додгоҳи олиро ноодилона медонист. Салмон Лангариев, падари Сӯҳроб, гуфта буд, талош мекунад, дар гуфтугӯ бо раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон зиёдаравии нерӯҳои интизомиро ҳангоми ҳабси Сӯҳроб ва шариконаш баррасӣ бикунад. Ӯ то охирин лаҳзаи умраш умед дошт, ки бо раисҷумҳур мулоқот мекунад, вале ин умедро ҳамакнун бо худ ба хок бурд. Навори видеоии сӯҳбати зер тобистони соли 2008 сабт шудааст:




Салмон Лангариев ҳамчунин гуфта буд, пас аз он амалиёт фарзанди дигараш, Бахтиёр Лангариев, ки корманди вақти ВКД буд, аз тарси боздошт аз Тоҷикистон фирор намуд.

Салмон Лангариев имрӯз пас аз зӯҳр ба хок супурда хоҳад шуд.
XS
SM
MD
LG