Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Оқил Оқилов - сарвазири Тоҷикистон


Рӯзҳое, ки мансабдорони воломақоми Тоҷикистон дар тантанаҳои наврӯзӣ ширкат мекарданд, ҳадди аққал як нафар аз онҳо ҳатто вақти сархорӣ надошт – сарвазир Оқил Оқилов дар қароргоҳи СММ дар Ню-Йорк бо мақомоти гуногун мушкили об дар Осиёи Марказиро баҳсу баррасӣ мекард.

Сарвазири Тоҷикистон баъд аз суханронӣ дар як нишасти ҷаҳонӣ дар мавзӯъи мушкили об бо Дабири Кулли СММ Бан Ки Мун дидору гуфтугӯ дошт ва даъват кард, ки Созмони Милал ба баҳси тақсими об миёни кишварҳои болооб ва поёноби Осиёи Марказӣ нуқта гузорад.

Шадидуллаҳнтарин изҳороти Оқилов

Дар Ню Йорк ҳамчунин шадидуллаҳнтарин изҳороти ӯ дар чандин соли сарвазирияш садо дод – дар нишасти хабарӣ Оқил Оқилов Узбакистони ҳамсояро дар эъмоли фишор болои Тоҷикистон айбдор кард. Дар посух ба суол дар бораи боздошти беш аз ҳазор вагон бо маводи сӯхт ва таҷҳизотии фаннӣ барои Тоҷикистон дар қаламрави Узбакистон ӯ гуфт, ки сари вақт нарасидани вагонҳо дар киштукори кишоварзони тоҷик, дар парвози ҳавопаймоҳо, дар кори бузургтарин корхонаи алюминиюми кишвар монеъа эҷод хоҳад кард.

Оқил Оқилов иддаои Тошкандро дар мавриди он ки боздошти қаторҳои Тоҷикистон бо тахриби баъзе қитъаҳои роҳи оҳани Узбакистон бар асари селу обхезӣ марбут аст, “баҳонаҷӯӣ” номид.

Оқил Оқилов, сарвазири Тоҷикистон дар нишасти СММ
Ӯ гуфт. “вақте, ки расидагӣ анҷом додем, ҳеҷ гуна харобии ҷиддӣ ба назар нарасид ва имкон дошт, ки ин қаторҳои бору колоҳо бидуни мушкил аз роҳи оҳан ҳаракати худро идома диҳанд. Ба ҳамин сабаб ин танҳо баҳонаест, ки кадом мушкили техникӣ дар роҳи транзити бор ба Тоҷикистон вуҷуд дорад".

Коршиносон мегӯянд, дар асл Оқил Оқилов бо ин изҳорот кишвари ҳамсояро дар шурӯъи муҳосираи иқтисодии Тоҷикистон айбдор намуд. Онҳо мегӯянд, бори аввал нест, ки Узбакистон молу коло ва маводи сӯхт барои Тоҷикистонро бидуни далели ҷиддӣ дар қаламраваш боз медорад ва аммо амалкарди ахири Тошканд – ҳушдори ҷиддитар ба ҳукумати Тоҷикистон аст, ки талаби Узбакистон барои қатъи идомаи бунёди нерӯгоҳи Роғунро нодида гирифта ва зиёда аз ин Роғунро ба як идеяи муттаҳидсози мардуми кишвар табдил кардааст.

Таҳлилгар Қосими Бекмуҳаммад талошҳои сарвазир барои ҷалби таваҷҷуҳи ҷомеъаи ҷаҳонӣ ба мавзӯъи захоири об ва пуштибонӣ аз тарҳҳои энерҷии кишварро муҳим мехонад: “Дар канори он ки Туркманистон, Қазоқистон ва Ӯзбакистон барги баранда ё “козирная карта”-и нафту газро доранд, мо низ бо арзи вуҷуди ин тарҳҳо ва захоири об дар пайи бештар ҷалб кардани назари кишварҳои калидӣ ва созмонҳои байнулмилалӣ дар ин замина дар омадаем, ки суханронии Оқил Оқилов дар Созмони Милал ва ибрози назаре, ки дар нишасти хабарӣ кард, ба назари ман бозгӯкунандаи ин воқеъият аст”.

“Ин як сиёсати хирадмандона нест”

Таҳлилгари дигари тоҷик Саймиддин Дӯстов бо ин гуна мавзеъгирии ҳукумати Тоҷикистон ва то ба сатҳи байнулмилалӣ боло бурдани баҳси обу бунёди нерӯҳгоҳҳо мувофиқ нест. Ба гуфтаи ӯ, “суханронии Оқил Оқилов аз рӯи он вазифаҳое, ки дар назди ӯ гузошта шуда буданд, албатта, хуб буд, вале мавзӯъи гидроэнергетика дар Тоҷикистонро то ҳадди баҳсҳои байнулмилалӣ баровардан, ин як сиёсати хирадмандона нест”.

“Ҷаноби Оқил Оқилов, аҳсан ба марди майдон!” “Офарин, Оқил Оқилов, ҳуввияти миллиро бардоред!” “Раҳмат ба сарвазири мо. Имрӯзҳо сарвазирон ба монанди Путин ва оғои Оқилов бояд пурра аз ӯхдаи кори худ бароянд, то сарварон ба дигар корҳои ҷиддитар машғул шаванд” – ин чанд пора аз ибрози назарҳои хонандагони сомонаи интернетии мо ба суханронии ахири сарвазири Тоҷикистон аст. Ва аммо Оқил Оқилов воқеъан ҳам “марди майдон” аст ва то куҷо аз ӯҳдаи кори худ мебарояд? Коршиносон мегӯянд, беш аз даҳ соли нахуствазирияш Оқил Оқилов як чеҳраи барои аксар мардум мармӯз, ношинос ва пуштипардагӣ боқӣ мемонад.

Фаъолияти ӯ дар расонаҳои давлатӣ бозтоби густарда надорад ва ба назар мерасад, ки худи ӯ ҳам аз чеҳра намудан дар телевизиону нашрияҳо парҳез мекунад.

Масъуд Собир, иқтисоддони тоҷик, сабаби ҳамеша паси парда мондани яке аз мақомҳои калидӣ дар давлати Тоҷикистонро бо он марбут мекунад, ки Оқилов дар ҳукумат нақши чашмгире надорад, зеро тибқи Қонуни асосӣ бештари ваколатҳои ӯ бар дӯши раисиҷумҳур вогузор шудааст.

Аммо Саймиддин Дӯстов мегӯяд, ки маснади сарвазир дар ҳукумати Тоҷикистон аз мақоми мудири котиботи раисиҷумҳур бештар нест ва дар тасмимгириҳо тақрибан саҳме надорад.

Ӯ мегӯяд, ки “дар ҳукумати Эмомалӣ Раҳмон қарорҳои муҳимтаринро як нафар ё маркази ягона қабул мекунад. Аз ин рӯ ҳеҷ як сарвазир дар Тоҷикистон тақрибан наметавонад, он нақшеро бозад, ки сарвазирони кишварҳои дигари низомашон президентӣ мебозанд”.

“То 20 солагии истиқлол истеъфо таҳдид намекунад”


Оқил Оқилов соли 1999 дар мақоми сарвазирӣ Яҳё Азимовро иваз карда буд. Моҳи декабри соли 2006 раисиҷумҳур ӯро дубора дар ин мақом таъин кард. Ба гуфтаи коршиносон ва сиёсатмадорон, муддати тулонӣ дар ин мақом боқӣ мондани Оқил Оқилов чанд сабаб дорад – қабл аз ҳама ӯ ягон ҳадафи бузурги сиёсӣ надорад ва сониян, ӯ дар қиёс бо баъзе аз раҳбарони кишвар ягон манфиати тиҷоратиро думбол намекунад. Саймиддин Дӯстов мегӯяд, ки барои раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон ин гуна сарвазири технократ ва орӣ аз аҳдофи сиёсӣ айни муддаъост.

Аз нигоҳи ҳамсӯҳбати дигари мо Масъуди Собир сабаби дар мақом боқӣ мондани Оқил Оқилов боз он аст, ки ӯ ҳеҷ гоҳ барои дарёфти ваколатҳои сарвазирӣ талош накардааст: “Барои ҳукумати Тоҷикистон сарвазир будани маҳз Оқил Оқилов хело хуб аст, зеро ӯ аз пайи салоҳиятҳояш ва ё барқарор кардани салоҳиятҳояш ягон вақт мубориза намебарад. Нафари дигар, нафари бохабар аз сохтори давлатӣ ва салоҳиятҳои сарвазирӣ метавонад назди президент масъала гузорад, ки ин ваколатҳоро бояд ман дошта бошам, вазифаҳоям хело маҳдуд аст, агар ҳамин хел аст, пас сарвазири ман чӣ мантиқ дорад?”

Ва аммо, мегӯянд мусоҳибони мо, бо вуҷуди ваколатҳои маҳдудаш мақоми сарвазирӣ дар Тоҷикистон як “луқмаи лазиз” дар ҳукумат боқӣ мемонад. Ва шояд ба ин хотир аст, ки ҳар сол, ба вижа, қабл аз ҷаласаи солонаи ҳукуматӣ овозаҳо дар бораи истеъфои Оқил Оқилов паҳн мешаванд.

Саймуддин Дӯстов мегӯяд, ки пахши ин овозаҳо кори он расонаҳои хусусии Тоҷикистон аст, ки аз ин ё гурӯҳ ё фарди алоҳида дар ҳукумат пуштибонӣ мекунанд.

Ӯ меафзояд, онҳое, ки ин овозаҳоро паҳн мекунанд, бо вазъи воқеъӣ дар долонҳои ҳукумат ошно нестанд: “Ман фикр мекунам, ки дар доираҳои ҷиддии сиёсии Тоҷикистон ҳадди аққал дар се соли ахир ин масъала боре ҳам матраҳ нашудааст. Доираҳои сиёсие, ки ба раисиҷумҳури Тоҷикистон наздиканд ва алгоритми қабули қарорҳо аз ҷониби Эмомалӣ Раҳмонро хуб медонанд, ҳатто тасаввур карда наметавонанд, ки раисиҷумҳур Оқил Оқиловро бидуни як сабаби воқеъӣ, бигирем бемории ҷиддияш, ба истеъфо фиристад. Ба фикри ман, ба Оқилов ҳадди аққал то 20 солагии ҷашни истиқлол ҳеҷ гуна истеъфо таҳдид намекунад ва худи ӯ низ ин масъаларо хуб мефаҳмад ва вақтҳои ахир, бо вуҷуди синну сол, ӯ хело пурэнержӣ дар хизмати ҳукумати Тоҷикистон аст.”

Сарвазири қаноатпеша

Аз сӯи дигар, ба гуфтаи коршиносон, Оқил Оқилов аз мансабдорони ангуштшумори кишвар аст, ки қаноатро пеша кардааст ва рӯзгори хоксорона дорад. Ӯ солҳо боз дар як манзили сеутоқа дар маркази пойтахт, дар пушти чойхонаи “Роҳат” ба сар мебарад.

Яке аз ҳамсояҳои ӯ, ки солҳои пеш дар ҳукумат кор мекард, ба мо гуфт, соли аввали сарвазирияш ба Оқил Оқилов барои бунёди хонаи алоҳида маблағ ҷудо карданд ва аммо ӯ он пулро нагирифт ва изҳор намуд, ки барои ӯ ҳамин хонаи семанзила комилан кофист.

Раҳмон Улмасов, донишманди тоҷик ва сардабири пешини нашрияи “Бизнес и политика”, ки солҳо боз дар ҳамсоягии Оқил Оқилов ба сар мебарад, дар бораи ӯ мегӯяд, ки “ӯ шахси хоксор аст, шахсест, ки мисли дигар роҳбарҳо барои худашу фарзандҳояш хона сохтану мошин гирифтану вазифа доданро дӯст намедорад ва аз ин корҳо тамоман дур аст. Дар ҳамон хонаи сеҳуҷрагие, ки давраи шӯравӣ гирифта буд, бо аҳли оилааш зиндагӣ мекунад. На дар хонаҳои замонавӣ, дар ҳамон хонаҳои пештара, ки баъзан дар онҳо барқ намешавад, баъзе рӯзҳо газ ҳам нест. Мисли мардуми оддӣ зиндагӣ дорад. Агар дар ҳамин бино ягон тӯю тамошо шавад, меояд, табрик мегӯяд, агар маросими фотиҳа бошад, фотиҳа мекунаду меравад. Ӯ мисли дигар роҳбарҳо нест, ки ҳар рӯз хонааш пур аз меҳмон бошаду онҳоро меҳмондорӣ кунад”.

Дар ҳамин ҳол як собиқ муовини вазири ҳукумат, ки нахост ному насабашро ифшо кунад, дар сӯҳбат бо мо гуфт, Оқил Оқилов дар кор ҳам орому бонизом ва фурутан аст ва аммо сари ҷаҳл метавонад сӯи зердасташон шишаи об ё папкаи пур аз аснодро ҳам партоб кунад...
XS
SM
MD
LG