Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Гугуш "Ҳаҷми Сабз"-ро муаррифӣ кард


Гугуш, овозхони маъруфи эронӣ дар Дубай албоми навашро, ки бо пуштибонии Радиои Озодӣ таҳия шудааст, муаррифӣ намуд

Овозхони маъруфи эронӣ рӯзи 23 март дар Дубай як консерти хубе доир намуда, дар он оҳангҳои албоми навашро хидмати ҳаводорони ҳунар пешкаш кард. Дар таҳияву нашри ин албом, ки "Ҳаҷми сабз" ном дорад, Радиои Озодӣ ба вижа ҳамкоронамон аз Радиои Фардо, яъне бахши форсии Радиои Озодӣ саҳм гирифтаанд. Гугуш мегӯяд, Дубай маконест, ки дар он худро роҳат эҳсос мекунад. Мисли он, ки дар Эрон бошад:

ГУГУШ: "Одам эҳсос мекунад, ки ба мамлакат наздик аст. Бештар ҳис мекунам, ки бо бачаҳои Эрон дар иртиботам. Ва як гармии хосе дорад Дубай. Шунидаам, ки хонандаҳои дигар низ ҳамин ҷумлаи маро гуфтаанд, ки одам эҳсос мекунад, ки дар мамлакати худаш мехонад."

Дар як сӯҳбати хосе, ки Радиои Фардо бо Гугуш доир намуд, ҳамкорамон Муҳаммади Зарғомӣ аз хонум Гугуш суол кард, ки чаро "Ҳаҷми сабз"? Яъне Гугуш бо мухолифини ҳукумати имрӯзаи Эрон ҳамфикр асту ин албомро ба онҳо ҳадя мекунад?

Гугуш таъкид кард, ки таҳияи албоми "Ҳаҷми Сабз" пеш аз интихоботи президентии Эрон ва эътирозҳои мухолифин бар пирӯзии Маҳмуди Аҳмадинажод шурӯъ шуда буд:

ГУГУШ: " Исми "Ҳаҷми сабз"-ро интихоб кардам ва ба англисӣ ҳам гузоштамаш 'Green X". Ман қабл аз ин, ки таронаҳоямро ҳатто бишнавам, маълум шавад, ки ман чӣ таронаҳоеро мехоҳам интихоб кунам аз чӣ касоне, қарор гузошта будам, ба албоме, ки мунташир мекунам, "Ошиқона" ном гузорам. Баъд дар ҳини забти корҳо ин иттифоқот ҳам дар Эрон уфтод ва ва ҳамаи мардум, ҳамаи эрониҳоро дар ҳар ҷое, ки ҳастанд, таҳти таъсир қарор додааст. Аммо ман ин исмро ба хотири алоқае, ки ба ашъори Суҳроби Сипеҳрӣ, ба хусус маҷмуаи "Ҳаҷми Сабз"-аш дорам ва ин маҷмуаро хеле ошиқона мебинам, тасмим гирифтам исми албомро "Ҳаҷми Сабз" гузорам."

Дар ҳунарнамоии Дубай Гугуш ду оҳанги албоми "Ҳаҷми сабз"-ро муаррифӣ намуд. Баъзе ҳозирин ба таври маҷонӣ нусхаҳои албомро аз Радиои Озодӣ тӯҳфа гирифтанд.

Ин албоми ошиқонаро метавон навоварӣ дар эҷодиёти Гугуш номид. Ҳарчанд, ки Гугуш албомро бо ҳамон дӯстони деринааш таҳия кардааст.

ГУГУШ: "Албоми "Ҳаҷми Сабз" як маҷмӯаи таронаҳои бештар ошиқона аст, ки бо ҳамкории дӯстони деринаам Ардалони
Сарфароз, Фариди Зуланд, Бобаки Аминӣ - як навозандае, ки аз Эрон ҳамроҳ бо ман ба Канада ва Амрико омад, таҳия шудааст. Ҳамин гуна, ду таронаи бисёр зебо аз ду ҷавони ҳунарманд гирифтам, ки яке аз онҳо Раҳо Эътимодӣ ва дигарӣ Куруши Самиӣ аст, ки то ҳанӯз худашро надидаам. Самиӣ "Шабе бе ман"-ро сурудааст ва ман аз тариқи Фариди Зуланд онро дарёфт ва иҷро кардам."

Соли 1979 дар давраи инқилоби исломии Эрон Гугуш дар хориҷ аз Эрон буд, вале бо хоҳиши худ ба Ҷумҳурии Исломӣ баргашту тӯли беш аз бист сол хомӯш буд.

Дар соли 2000-ум Гугуш имкон ёфт Эронро тарк намуда, дар Ғарб маскун шавад. Аввалин албоми ӯ баъди хомӯшии тӯлонӣ "Зардушт" ном дошт, ки ҳоли ин овозхони эронӣ дар ҳамон давраро инъикос мекард.

ГУГУШ: "Ман ҳар корро дар замонаш иҷро кардаам. Дӯсташон доштаам ва ба ҳар ҳол фикр мекунам дар замони худашон таъсире доштаанд. Он таъсир мусбат аст ва ё манфӣ, бо он кор надорам. Аммо фазои албоми "Зардушт" фазое буд, ки дар давоми 21 соли буду бошам дар Эрон ба зеҳнияту рӯҳияи ман ҳоким буд. Баъд аз он албоми "Кю-Кю банг-банг" буд, ки ман худам хеле дӯсташ дорам. Албомҳои "Охирин хабар" ва "Манифест"-ро ҳам дӯст дорам. Корҳое, ки ҳамроҳ бо Шаҳёр Қамбарӣ ва Меҳрдод кардаам... ҳамаи ин корҳоро писандидаам, ки иҷро кардаам. Ин ҳама моли замони худаш буд ва ҳоло ин таҷриба (таҷрибаи нав)-ро раҳандозӣ кардаам."

Гугуш тарзу услуби оҳангхонони ҷавонро ҳам таҷриба кардааст. Дар оҳанги "Шак мекунам", ӯ рэп ҳам хондааст.

ГУГУШ: "Ман ин имтиҳонро кардам, вале касоне, ки ба корҳои ман одат кардаанд ё аз назари носталгия ба он нигоҳ мекунанд, аксаран (навовариҳоро) намеписанданд. Аслан онҳо он корҳоеро таваққӯъ доранд, ки қаблан аз ман шунидаанд. Аммо чун худам саъй дорам кори тоза анҷом бидиҳам ва сабкҳои ҷадидтарро таҷриба кунам, ин корро кардаам ва боз ҳам агар бошад, дар ҳадде, ки латма назанад ва кори қабуле бошад, анҷом медиҳам. Ҳамин гуна оҳангеро бо номи "Шак мекунам" дар ҳамкорӣ бо Шаҳёр Қамбарӣ ва Меҳрдод иҷро кардаам."


XS
SM
MD
LG