Барои аввалин бор аст, ки ин гурӯҳ ҳайъати баландпояии худро барои музокирот ба Кобул мефиристад. Ин дар ҳолест, ки президент Карзай аз шӯришгарон даъват кардааст, аз “Ал қоида” дурӣ биҷӯянд, силоҳро ба замин гузоранд ва якҷо бо ҳукумат дар бунёди дубораи кишвар саҳм бигиранд.
Гулбиддин Ҳикматиёр, яке аз қаҳрамонҳои ҷанги зидди Шӯравӣ, раҳбари Ҳизби исломӣ аст, ки дар замони ҳукумати муҷоҳиддин як мудддат нахуствазири Афғонистон низ буд.
Ин гурӯҳи мухолиф бо нерӯҳои НАТО ва сарбозони афғон дар қисмати шарқӣ ва шимолу шарқи Афғонистон вориди задухӯрд мешуд. Ва инак, ба хотири анҷоми ин даргириҳо, Ҳикматиёр ноиби худ, Қутбиддин Ҳилолро барои оғози музокирот ба Кобул фиристод.
Барномаи сулҳи Ҳикматёр
Ҳорун Зарғун, сухангӯи Ҳизби Исломӣ гуфт, ҳайъати иборат аз панҷ нафар барномаи пешниҳоди сулҳи Ҳикматиёрро ба Карзай супурданд. Ин барнома аз 15 банд иборат буда, масоили баргузории интрихоботи нави президентиву порлумонӣ ва хуруҷи нерӯҳои хориҷӣ аз каламрави Афғонистонро дар миён гузоштааст. Дар барнома пешниҳод шудааст, ки нерӯҳои хориҷӣ бояд аз моҳи июни ҳамин сол ба хориҷшудан аз кишвар шурӯъ кунанд.
Зарғун гуфт, ки ин тарҳи пешниҳодии сулҳ ниҳоӣ нест ва бар сари бандҳои он мешавад гуфтушунид кард. Ӯ ҳамчунин афзуд, ки ҳайъати Ҳизби исломӣ ҳамчунин бо раҳбарони Толибон дар Афғонистон мулоқот хоҳад кард. Ҳизби Исломӣ ба думболи шикасти худ дар набард бо Толибон, авоили моҳи равон дар минтақаи Бағлон, ба мулокот бо мақомоти расмии Кобул розӣ шуд.
Гуфта мешуд, ки ба думболи ин шикаст ва аз даст рафтани контроли деҳкадаҳо, нерӯҳои Ҳикматиёр дар иҳотаи сарбозони ҳукуматӣ қарор гирифтанд. Дар тӯли 30 соли ҷангаш дар Афғонистон Ҳизби Исломӣ чандин дафъа тағйири мавқеъ карда, аз баъзе аҳдофи Толибон пуштибонӣ кардааст. Аммо ҳамчун як гурӯҳи ҷангии сарсахт дар танҳоӣ амал кардаааст.
Баъди шурӯъи амалиёти зиддитеррористии Амрико дар Афғонистон, дар соли 2001 Гулбиддин Ҳикматиёр аз назарҳо пинҳон шуд, вале аксар аъзои ҳизби ӯ бо ҳукумати Карзай ҳамоиш ёфтанд.
Музокира кай бор меоварад?
Сухангӯи президент Карзай, Воҳид Умар вуҷуди мулоқоти рӯзи душанберо тасдиқ кард, аммо дар бораи мӯҳтавои он ҷузъиёт надод. Ӯ афзуд, ки эҳтимолан гуфтушунид рӯзҳо ва ҳафтаҳоро дар бар бигирад.
Сухангӯи сафорати Амрико дар Афғонистон Кетлин Ҳайден ин шоъеяро, ки гуё мақомоти Амрико бо намояндагони Ҳикматёр мулоқот кардаанд, рад кард.
Гуфтугӯи Ҳизби Исломӣ бо мақомоти Кобул дар ҳоле шурӯъ шудааст, ки Амрико ният дорад нерӯи худро дар Афғонистон то 30 ҳазори дигар афзун кунад. Интизор меравад, ки ин нерӯҳо ба амалҳои поккории манотиқи ҷанубушарқи кишвар, аз вуҷуди Толибон ва гурӯҳҳои дигар ҳамроҳ шавад. Ин манотиқ ба гунаи суннатӣ аз такягоҳҳои аслии Толибон шинохта мешавад.
Президенти Амрико Барак Обама қавл додааст, ки соли 2011 ба хуруҷи нерӯҳо аз Афғонистон шурӯъ мекунад.