Эмомалӣ Раҳмон – раиси ҷумҳури Тоҷикистон гуфтааст, “рӯзи расидан ба истиқлолияти энержӣ” дар кишвар наздик аст ва бунёди нерӯгоҳи барқи обии Роғун қадами муҳиме дар ин самт мебошад. Зимни суханронӣ дар расми таҷлили Наврӯз дар шаҳри Душанбе, Эмомалӣ Раҳмон гуфтааст, рушди оянда ва зиндагии шоистаи мардум дар Тоҷикистон, ба бунёди нерӯгоҳи Роғун вобаста аст. Эмомалӣ Раҳмон эълом кард, ки ба хотири таҷлили ҷашни Наврӯз, аз ин пас нерӯи барқ бидуни маҳдудият ба хонаҳои мардум интиқол дода хоҳад шуд. Тоҷикистон, ки ҳамасола дар фасли сармо ба камбуди нерӯи барқ мувоҷеҳ мешавад ва аз ин рӯз то нимаҳои моҳи май нерӯи барқро ба рустоҳои кишвар то се - чаҳор соатӣ интиқол медиҳад. Ширкати давлатии “Барқи Тоҷик» мегӯяд, имсол маҳдудияти нерӯи барқ чиҳил рӯз пештар аз солҳои қаблӣ аз байн бардошта шуд.