Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Вижагиҳои Наврӯзи тоҷикони Қазоқистон


Наврӯзро дар ноҳияҳои Махтаарал ва Сариоғочи Қазоқистон, ки бештари тоҷикони Қазоқистон дар ин навоҳӣ зиндагӣ мекунанд, ҳамроҳ бо қазоқҳову узбакҳо ва дигар миллатҳо баргузор карданд.

Тавре Акабой Худойқулов, раиси Маркази фарҳангии тоҷикони вилояти Қазоқистони ҷанубӣ мегӯяд, Наврӯз дар ин ноҳияҳо ҳарсола ба ҷашни воқеии дӯстӣ табдил меёбад.

Як вижагии ҷашни имсолаи Наврӯз дар Қазоқистон ин аст, ки ин ҷашни фархундаро панҷ рӯз таҷлил мекунанд. Соли гузашта ҳукумати Қазоқистон ҷашни Ҷумҳуриятро лағв карда, ҷашни Наврӯзро аз як рӯз ба се рӯз расонд. Бар илова Наврӯзи имсола ба рӯзҳои истироҳат рост омад ва аз ин хотир бо қарори ҳукумат мардум панҷ рӯз Наврӯзро таҷлил мекунанд.

Наврӯз дар Махтаааралу Сариоғоч нахуст дар кӯчаву гузар ва мактабҳо ҷашн гирифта шуд ва баъд дар маркази деҳу шаҳрак бо ширкати мардуми зиёд таҷлил гардид.

Хони наврӯзӣ аз таомҳои тоҷикиву қазоқӣ

Акабой Худойқулов мегӯяд, хони наврӯзии мардуми Махтааралу Сариоғоч асосан аз таомҳои тоҷикиву қазоқӣ иборат аст ва ғизоҳои наврӯзии тоҷикони ин минтақа ба дастурхони наврӯзии тоҷикони шаҳрҳои Самарқанду Бухоро ва Хуҷанду Истаравшан шабеҳ аст, вале боз ҳам дар ин маврид тафовутҳое ба назар мерасанд.

Раиси Маркази фарҳангии тоҷикони вилояти Қазоқистони ҷанубӣ мегӯяд, ки чун дар ҳама маъракаҳои тоҷикӣ шоҳтаоми навӯзӣ, албатта, палави тоҷикист ва ғизоҳои вижаи наврӯзӣ мисли суманак, оши сари сол, ҳалим ё ҳалиса, сафеда, кӯчӣ аз ҷуворимаккаву дӯғ ва самбӯсаҳои алафии танӯриву дегии хушлаззат ва қанду шираворҳои болаззати тоҷикӣ хони ҷашни сари солро оро медиҳанд.

Албатта, як тарафи хони наврӯзиро бешбармоқу баурсоқ ва қазии қазоқӣ зеб мебахшанд.

Гунаҳои оши сари сол

Акабой Худойқулов мегӯяд, ки ҳарчанд пухтани суманаку палав барои ҳамагон маълум аст, вале оши сари солу кӯчӣ ва ҳалим, ки таоми вижаи наврӯзист, на дар ҳама ҷой маъмул аст.

Вай таъкид мекунад, ки оши сари сол чандин гуна аст. Аз ҷумла, оши сари солро аз гандуму дӯғ ва ё аз ҷуворимаккаву нахуд таҳия мекунанд. Барои тайёр кардани он аввал масалан ҷуворимаккаро дар келӣ мекӯбанд ва бо ҳамин роҳ пӯсташро ҷудо карда, тоза мекунанд ва баъд ба об каме тар карда мемонанд ва баъд дар дег мепазанд. Баъд дӯғро пухта онро бо ҷуворимакка ҳамроҳ мекунанд ва кӯчии болаззати сари солӣ тайёр мегардад.

Оши сари соли аз ҳама машҳур ва маъмул онест, ки аз 7 навъ гиёҳу сабзавот ва дон пухта мешавад, ки ба он гандуму нахуд, лӯбиё, пиёз, биринҷ, мош, равған, ҷуворӣ дохил мешаванд ва албатта онро низ бо дӯғ омехта мекунанд.

Ҳалим ё ҳалиса

Вале таоми дигари наврӯзӣ ҳалим, ки дар Бухорову Самарқанд онро ҳалиса ном мебаранд, аз ҷиҳати вақти омода карданаш шабеҳи сумалак аст ва он ҳам дар як шабонарӯз тайёр карда мешаваду ба истилоҳ ҷузъи муҳимтарин он низ гандум аст. Фақат агар барои сумалак гандумро сабз кунанду аз он шираашро бигиранд, барои ҳалим худи гандуми тозакардаро истифода мекунанд.

Умуриддин Наҷмиддинов, ки солҳои зиёде раиси Маркази фарҳангии тоҷикони Сариоғоч буду ҳоло муовини раиси мактаби ба номи Бобоҷон Ғафуров аст, мегӯяд, барои ҳалим як рӯз қабл моли калонро кушта гӯшташро тайёр мекунанд ва маҳз гӯшту гандум аз ҷузъҳои асосии ин ғизои наврӯзӣ маҳсуб мегардад.

Ба деги калони пуроб ҳама гӯшти поракардашуда ва 25-30 кило гандум меандозанд ва онро бо оташи паст як шабонарӯз мепазанд. Соатҳои чаҳори субҳ ба муддати се соат даҳ -дувоздаҳ ҷавон онро бо навбат бо чӯбҳои махсус тайёр кардашуда беист мекобанд. Дар натиҷа, дар дег ягон нишонаи гӯштро пайдо карда наметавонед ва гандум ҳам пурра ҳал мегардад ва ин ғизо монанд ба атолаи ғафси хеле ширин мегардад.

Сафедак

Умуриддин Наҷмиддинов таъкид мекунад, ки агар суманак ва оши сари солу ҳалим яке дар ағлаби минтақаҳои тоҷикнишин ва дигаре дар баъзе маҳалҳо пухта шаванд, вале сафедак ном ғизои наврӯзиро, ки дар Сариоғоч тайёр мекунанд, вай дар ҷое надидааст.

Оқои Наҷмиддинов мегӯяд, «дар ҷои мо урум ном рустание мерӯяд, ки решаи онро гирифта аз он атола мепазанд. Ин рустанӣ дар таркибаш оҳор , яъне крахмал дорад ва барои ранги сафед доштани ин таом онро сафеда мегӯянд. Мисли сафеда хӯрокеро ман дар ҷое надидаам. Он хӯроки бисёр боқувват, зудҳазмшаванда ва шифобахш аст, зеро он аз решаи рустании шифобахши кӯҳӣ тайёр карда мешавад».

Ҳамчунин пухтани самбӯсаву нони дегӣ ва қатламаву тайёр кардани нишолло барои тоҷикони ин минтақа аз расмҳои маъмул аст. Оқои Наҷмиддинов мегӯяд, ки чун дар ҷануби кишвар насими Наврӯз пештар аз дигар минтақаҳо ба машом мерасад ва табиат зуд бедор мешаваду гиёҳҳо сар аз замин боло мекунанд.

Духтарон ба чидани гиёҳҳо мебароянд ва аз онҳо самбӯсаҳои хушлаззат тайёр мекунанд. Дар мактабҳои тоҷикии ноҳияи Сариоғоч ҳар сол дар ҷашни Наврӯз озмуни духтарони самбӯсапаз гузаронида мешавад ва дар ин озмун соли равон дар як худи мактаби ба номи Бобоҷон Ғафуров беш аз 70 нафар духтарон ширкат карданд.

Ошпазҳои Наврӯз

Умуриддин Наҷмиддинов мегӯяд, ки ҳама ғизоҳои наврӯзӣ пазандагони хешро доранд. Масалан, ҳалиму палави маъракаро танҳо мардон мепазанд. Вале сумалак ва оши сари сол ва сафедакро занон мепазанд ва барои ин кор занони ҳунарманд ва ба истилоҳ дасту дилашон пок ҷалб мегарданд.

Агар дар бисёр маҳалҳои тоҷикнишин барои маъракаи наврӯзӣ нишоллоро мардони ҳунарманд тайёр кунанд, дар Сариоғоч ин кор имтиҳонест барои наварӯсон ва маҳз онон дар арафаи Наврӯз ба таври дастаҷамъӣ аз ин санҷиш мегузаранд.

Табиист, ки онҳо ба ин имтиҳон қаблан омода мешаванд , яъне онҳо дар давраи наврасӣ аз модару хоҳаронашон тайёр кардан нишоллоро меомӯзанд.

Маъруфияти палаву оши сари соли тоҷикӣ

Дар Сариоғочу Махтаарал чун тоҷикону қазоқҳо ва ӯзбакону дигар миллатҳо дар ҳамсоягии ҳамдигар зиндагӣ мекунанд, расму русум ва анъаноти онҳо низ ба ҳам хеле наздик гардидааст ва чунин таъсири мутақобиларо дар омода кардани таомҳо низ метавон мушоҳида намуд.

Акабой Худойқулов мегӯяд, ки палав аз байни ғизоҳои тоҷикон паҳншудатарин аст ва он алъон дар ағлаби манотиқи Осиёи Марказӣ ва берун аз он таҳия карда мешавад ва ҳатто ба як навъ таоми миллии дигар миллатҳо низ табдил ёфтааст.

Аз ҷумла, ба гуфтаи сарвари Маркази фарҳангии тоҷикони вилояти Қазоқистони ҷанубӣ, ҳоло дар бисёр маъракаҳои қазоқон низ палав мепазанд. Ҳамчунин қазоқҳо чун оши сари сол ғизои наврӯзӣ доранд, ки онро Наврӯз- кӯҷа меноманд.

Тоҷикони ин минтақа пухтани бешбармоқ ва боғурсоқу қазиро аз қазоқҳо омӯхтаанд. Оқои Худойқулов таъкид мекунад, ки ҳарчанд тоҷикон чун тупа ғизои шабеҳи бешбармоқ доранд, вале ҳоло дар баъзе хонаводаҳои тоҷикон маҳз бешбармоқи қазоқӣ мепазанд.

Савту навои наврӯзӣ

Дар Сариоғочу Махтаарал ағлаби маъракаҳо бо ширкати фаъоли дастаҳои ҳунарии «Зарафшон» ва «Анис» сурат мегирад. Маҳкамбой Қурбонов, сарвари дастаи ҳунарии «Зарафшон», мегӯяд, ки онҳо дар ин базми наврӯзии деҳу ноҳияаашон Махтаарал низ бо таронаҳои халқии наврӯзӣ ва оҳангҳо аз Шашмақом, рақсҳои зебо ва сурудҳои қазоқиву ӯзбакӣ хотири ширкатдорони базмро болида гардониданд.

Бунёд Исоматов, сарвари дастаи ҳунарии «Анис», ки худ низ овозхони хуб аст, изҳор мекунад, ки Наврӯзи имсоларо онҳо бо комёбиҳои назаррас пешвоз гирфтанд, махсусан он барои узви дастаашон Сироҷ Раҳимбердиеви 13 сола хотирнишин буд.

Ба гуфтаи сарвари даста, «Сироҷ соли гузашта дар озмуни ҷумҳуриявӣ дар Остона ҷои аввалро гирифт. Ҳоло вай дар студияи шаҳри Тошканд таронаҳои нав тайёр карда истодааст. Ҳоло Сироҷ бист тарона ва 15 клип дорад».

Бунёд Исоматов изҳор мекунад, ки Сироҷ ҳарчанд ҳоло наврас аст, вале аллакай дар Сариоғочу Махтаарал ва берун аз он ӯро чун овозхони ояндадор мешиносанд ва дӯст медоранд. Сироҷу ҳамдастаҳояш бо таронаҳои дилангези хеш базми наврӯзии имсоларо хотирнишину пуршукӯҳ гардониданд.


XS
SM
MD
LG