Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шукурҷон Зуҳуров - раиси Маҷлиси Намояндагон


Дар ин ҳафта ҳайъати ҷадиди Маҷлиси намояндагон, маҷлиси поёнии порлумони Тоҷикистон нахустин иҷлосияашро баргузор ва Шукурҷон Зуҳуров, собиқ вазири шуғли аҳолӣ ва ҳифзи иҷтимоиро раис интихоб кард.

Шукурҷон Зуҳуров парвардаи мактаби комсомоли собиқ буда, то расиданаш ба симати раисии парлумон тақрибан ҳама зинаҳои поёнтари қудратро тай кардааст.

Аммо чаро маҳз Шукурҷон Зуҳуров ва оё бо омадани ӯ метавон мунтазири тақвияти обрӯ ва нуфузи парлумон дар сохтори сиёсии Тоҷикистон шуд?

Ба шахси раҳбари нави парлумон дар бахши навбатӣ аз силсилаи Симои ҳафта ҳамкори ман дар ин барнома Мирзои Салимпур пардохтааст. Ба гузориши ӯ гӯш медиҳем.

БО АРЗИ СИПОС АЗ ҶАНОБИ ОЛӢ

Раиси ҷадиди Маҷлиси намояндагон, маҷлиси поёнии парлумони Тоҷикистон нафарест, ки бо вуҷуди адами кадом дастовардҳои фавқулодда, дар ҳар мақоме ки кор кардааст, тавонистаст бо ҳилму тамкин, фаҳмиши масоил ва ситораи гарме, ки дорад, аз худ таассуроти мусбат боқӣ гузорад. Ҳамин тавр, дар иҷлоси нахустини Маҷлиси намояндагон низ аз номзадии Шукурҷон Зуҳуров кулли вакилон - чӣ тарафдорони давлат ва чӣ мухолифин - бо иттифоқи оро пуштибонӣ карданд.

Оқои Зуҳуров дар нахустин суханрониаш ба ҳайси раиси Маҷлис бо изҳори сипос аз аҳли толор ва махсусан аз раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон гуфт: “Мо солҳои бисёр вазнин ва душворро аз сар гузарондем. Аммо ҳама вақт дастгирӣ, пуштибонӣ ва ғамхории ин шахсияти бузургро ман эҳсос мекардам ва аз насиҳату маслиҳатҳои ҷаноби олӣ бархурдор будам ва ба ин рӯз расидем. Як бори дигар ба шумо ташаккур, ҷаноби олӣ.”

РОҲИ ШУКУРОВ БА СӮИ ҚУЛЛАИ ҚУДРАТ


Шукурҷон Зуҳуров аз аъзои дерина ва собиқадори давлати кунунии Тоҷикистон аст, ки вусъати парвозаш тайи 18 соли ҳукумати Эмомалии Раҳмон яксон набудааст. Аммо парвози Зуҳуров ба қуллаҳои қудрати имрӯза ҳанӯз аз замони шӯравӣ оғоз мегирад.

Шукурҷон Зуҳуров. Соли 1954 дар ноҳияи Панҷи вилояти вақти Қӯрғонтеппа ба дунё омада, соли 1976 Донишкадаи заминсозии Маскав ва соли 1989 Академияи улуми ҷамъиятӣ, собиқ мактаби олии КПСС, ҳизби коммунисти Иттиҳоди Шӯравиро хатм кардааст.

Дар даври шӯравӣ Зуҳуров то мақоми котиби кумитаи марказии комсомоли Тоҷикистон “сабзид” ва соли 1990 раиси кумитаи тарбияи кадрҳои Тоҷикистон таъйин шуд. Аз соли 1992 вазири кор ва шуғли аҳолии Тоҷикистон буд ва дар ду даври аввали музокироти сулҳи тоҷикон дар Маскав ва Теҳрон раҳбарии ҳайъати давлатро низ бар дӯш дошт.

Аз соли 1998 раҳбарии маркази барномаҳои эъмори баъдиҷангии Тоҷикистонро бар ӯҳда гирифт ва соли 2001 раиси ноҳияи Панҷ таъйин шуд. Дар интихоботи соли 2005 вакили Маҷлиси намояндагон интихоб шуд, ба Душанбе баргашт ва дар поёни соли 2006 дигарбора вазири шуғли аҳолӣ ва ҳифзи иҷтимоии Тоҷикистон таъйин шуд. Дар интихоботи рӯзи 28 феврал дар ҳавзаи Рашт бар вазири пешини иқтисод Давлати Усмон омад ва вакили парлумон интихоб шуд.


АВВАЛИН ХИШТҲОИ СУЛҲ


Шукурҷон Зуҳуров тайи ду даври аввали музокироти сулҳи байни давлат ва Иттиҳоди мухолифини тоҷик дар Маскав ва Теҳрон раҳбарии ҳайъати ҳукуматро бар дӯш дошт. Раҳбарони мухолифин он замон аз ҳукумат интиқод мекарданд, ки ба чунин музокироти муҳим як вазири дараҷаи дуввумро фиристодааст.

Донишманди тоҷик Абдунабӣ Сатторзода, ки дар ин музокирот узви ҳайъати мухолифин буд, мегӯяд, Зуҳуров дар ин гуфтугӯҳои мушкил ҳамчун як нафари ботавозӯъ, фаҳмида, мӯътадил ва хеле фаъол намудор шуд ва бо он ки ҷониби мухолифин дар давраҳои аввали музокирот ба Шукурҷон Зуҳуров назар ба ҳар намояндаи дигари ҳукумати вақт бо назари эътимоди бештар нигоҳ мекард, тавонист дар эҷоди эътимод миёни тарафҳои даргири ҷанги Тоҷикистон аввалин хиштҳоро бигузорад: “Дар он давра интиқод на аз шахси Зуҳуров буд, ки чаро маҳз ӯро фиристоданд. Интиқод аз ин буд, ки тасмимгирӣ чандон дар дасти эшон нест. Он замон як шароити хосе буд, ки тасмимгириҳо дар ихтиёри раҳбарони аввали ҳукумати вақти Тоҷикистон қарор дошт, на дар ӯҳдаи сардори ҳайъат. Ва ба ҷойи Зуҳуров ҳар нафари дигареро, ки мерафт, ҳатман интиқод мешуд. Аммо ӯ буд, ки дар ду даври аввали музокирот ҳайъати ҳукуматро раҳбарӣ кард, аз нафарҳои фаъоли ҳайъати ҳукумат дар музокирот буд. Як касе буд, ки маълум буд, сулҳро мехоҳад ва дар ҳақиқат кӯшиш мекард, ки сулҳи оштӣ ба зудӣ ба даст биояд. Ин ҳақиқатест, ки мо бояд имрӯз инро аз рӯи инсоф эътироф ва таъкид кунем. Шукурҷон Зуҳуров нафари сазоворе ба раҳбарии парлумони Тоҷикистон аст, аз назари ман.”


САДОҚАТ Ё ҲУНАР?


Ба муҷарради аз ҳавзаи Рашт пешбарӣ шудани номзадии Шукурҷон Зуҳуров маҳофили Тоҷикистон боитминон мегуфтанд, ки ба раёсати парлумони оянда маҳз ӯро бар хоҳанд гузид. Аммо чаро маҳз Зуҳуров? Далели аввал, бидуни шакк, аз водии Рашт будани ӯст ва раиси парлумони Тоҷикистон одатан аз миёни намояндагони шарқи кишвар баргузида мешавад.

Саидаҳмади Қаландар, коршиноси маркази таҳлилии “Сипеҳр” мегӯяд, фазилатҳои Шукурҷон Зуҳуров ҳамчун раҳбар ва инсон, ҳатто агар асосӣ набошад ҳам, дар интихоби ӯ шояд беаҳамият набудааст: “Дар муқоиса бо афроди дигар, ӯ дар ҳамин замони мушкил - замони набардҳо ва баъд – симояшро духура накард. Дар ҳар мақоме ки ӯро гирифтанд, партофтанд, баргардонданд, бурданд, рост истод ва дар ҳама ҷо кораш хуб буд. Махсусан дар барномаи эъмори манотиқи ҷангзадаи кӯҳистон Зуҳуров хеле кор кард. Ва ҳамин тавр, дар вазорати шуғли аҳолӣ ва ҳифзи иҷтимоии Тоҷикистон.”

Аммо хабарнигор ва таҳлилгари мустақил Раҷаби Мирзо мегӯяд, дар канори мансубият ба шарқи Тоҷикистон садоқати шахсии ӯ ба раҳбари давлат ва муҳимтар аз он, эътимоди Эмомалӣ Раҳмон ба шахси Зуҳуров низ дар ин амр нақши муҳим бозӣ кардааст: “Шукурҷон Зуҳуров як шахсияти барои ҳукумат алакай санҷидашуда аст. Нафарест, ки аз водии рашт, ё худ Қаротегин намояндагӣ мекунад, ва дар бисёр лаҳзаҳои ҳассос ва мушкилро ҳам бо ҳамин ҳукумат пушти сар кардааст. Яъне дар мавриди Зуҳуров ба ғайри аз мансубияти минтақавии ӯ эътимоди зиёд ба шахсаш низ меъёр шудааст. Зуҳуров дар солҳои ҷанги шаҳрвандӣ низ бо намояндагӣ аз ҳукумат тавонист, як навъ дилгармии мардуми манотиқи шарқ ба ҳукумати марказиро ба даст биорад.”

АРШИ СИЁСИИ “ЛУБНОНӢ”

Аз се минтақаи мухталиф интисоб шудани се раҳбари аввали кишвар анъанаест, ки ҳанӯз аз нахустин солҳои таъсиси Тоҷикистон дар аҳди шӯравӣ оғоз гирифта, то ба ҳол дар тӯли тақрибан ҳамаи 86 соли вуҷуди ин ҷумҳурӣ муроот шудааст. Албатта, ба истиснои муддати кӯтоҳе авоили солҳои навад, ки ба бовари таҳлилгарон, сарфи назар кардани чунин тавозун аз омилҳое шуд, ки Тоҷикистонро ба гирдоби ҷанги хунини шаҳрвандӣ кашонид. Баъдан ин суннати давлатдорӣ аз нав эҳё шуд, вале акнун бо чунин сурат, ки раисиҷумҳур аз ҷануб, сарвазир аз шимол ва аммо раиси парлумон ҳамчунон аз манотиқи шарқи кишвар намояндагӣ мекунад.

Бархе аз таҳлилгарон чунин низоми тақсими қудрат дар Тоҷикистонро бо низоми ҳоким дар Лубнон монанд мекунанд, ки раисиҷумҳураш ҳатман аз аҳли насоро, сарвазираш аз сунниҳо ва раиси парлумонаш низ ҳатман намояндаи шиъаҳост.

Аммо Абдунабии Сатторзода мегӯяд, мурооти чунин тавозуни қудрат дар арши олии Тоҷикистон ба фарқ аз Лубнон заминаҳои ҳуқуқӣ надорад, балки танҳо ба хотири ҳифзи манофеъи минтақаҳои мухталиф дар сатҳи олии раҳбарии кишвар анҷом мешавад: “Ин тавозуни ба истилоҳ “лубнонӣ” дар он кишвари Ховари Миёна дар Қонуни асосиаш дарҷ шудааст. Дар мо чунин меъёри ҳуқуқӣ вуҷуд надорад, ки тақсими қудратро аз нигоҳи минтақавӣ ҳаллу фасл кунад. Вале дар амалия чунин ҳолат ҳаст, ки фикр мекунам, беасос набуд. Ҳадаф аз чунин шева риояи манофеъи минтақаҳо ва тавозун миёни онҳост.”

Саидаҳмади Қаландар аз маркази таҳлилии “Сипеҳр” мегӯяд, дар гузашта курсии раёсати парлумонро маъмулан ба он намояндагони водии Рашт вогузор мекарданд, ки аз эътибори чандони сиёсӣ бархӯрдор набуданд. Вале ба эътиқоди ӯ, Шукурҷон Зуҳуров аз ин ҷумла истисност: “Дар замони шӯравӣ низ чунин чеҳраҳо нақше надоштанд, лӯхтакӣ буданд. Барои мисол, бо вуҷуди дар сари қудрат будани Мунавваршоҳ Шоҳгадоев, ё Мирзо Раҳматов, ё Муҳаммадуллоҳ Холов, кори зиёде аз дасти онҳо намеомад. Ин як чизи табиист. Ҳукуматҳо танҳо ба хотири риояи тавозуни кадрӣ онҳоро ба ин мақом интисоб мекардам. Имрӯз низ ҳол ҳамин аст. Сайдулло Хайруллоев бо вуҷуди чандин сол раҳбарӣ карданаш ба парлумон, дар бобати ин ки садо ё вазни сиёсӣ дошта бошад, надошт. Ин аз менталитети шарқӣ бармеояд, ки вақте як клан, ё як хонавода, ё як маҳалл қудратро ба даст гирифт, ба хотири дар зеҳни мардуми авом талқин кардани мурооти тавозун чунин бозиҳо мекунад. Аммо муҳим ин аст, ки ба ҷои Шукурҷон Зуҳуров метавонист як нафари тасодуфӣ ва нобалад биояд.”

“ҚАРТАИ МАҲАЛЛ”

Аммо Раҷаби Мирзо мӯътақид аст, ки дар Тоҷикистони имрӯза қартаи маҳалл чунон муҳим нест , ки дар солҳои навад буд ва Душанбе ин бор метавонист бароҳатӣ намояндаи на ҳатман водии Раштро ба раёсати парлумон биорад: “Мардум чунон саргардони бори рӯзгори худ шудааст, ки дигар зиёд парвои ин масоил надорад. Масалан, вақте Ғаффор Мирзоев, ё Муҳаммадрӯзӣ Искандаров ва ё Ёқуб Салимовро боздошт карданд, бисёриҳо фикр мекарданд, ки ҳамшаҳриҳои онҳо даст ба коре ҳатман хоҳанд зад. Вале дидем, ки ин ҳама ором гузашт. Ин ба чунин маъност, ки “қартаи маҳал” дар Тоҷикистон дигар он қадар асосӣ нест.”

АЗ ЗУҲУРОВ ЧӢ ХОҲАД МОНД?


Ва аммо як масъалаи, ба бовари аҳли назар, миёншикан барои Шукурҷон Зуҳуров ва парлумони ӯ дар чашми ҷомиа боло бурдани нуфуз ва эътибори тайи солҳои охир хеле заминшудаи Маҷлиси намояндагон низ ҳаст. Таҳлилгари мустақили тоҷик Раҷаби Мирзо мегӯяд, Зуҳуров ба фарқ аз руасои пешини парлумон талош хоҳад варзид, ки дар ин росто низ корҳое ба анҷом бирасонад, вале вобаста ба қудрат ва тавоноӣ ва дар маҳдудае, ки ҳукумати иҷроия барояш қоил шавад.

Ба назари маҳофил, Шукурҷон Зуҳуров акнун ба ҳайси раиси Маҷлиси намояндагон имконоти бештаре дар даст хоҳад дошт, то масоилеро, ки то кунун матраҳ карда, вале ҳалл карда натавонистааст, аз ҷумла пиромуни таъсиси як вазорати воҳиди муҳоҷиратро дар сутуҳи болотаре дар миён гузорад ва ҳалл кунад. Зимнан пешниҳоди таъсиси ин вазорати муҳоҷират аз ангуштшумор ибтикорҳои се солу се моҳи раҳбарии ӯ ба вазорати шуғли аҳолист, ки дар ёди маҳофил мондааст. Баъди чор сол бубинем, ки аз раҳбарии Шукурҷон Зуҳуров ба парлумони Тоҷикистон дар ёди мардум чӣ хоҳад монд.
XS
SM
MD
LG