Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Изҳороти Узбакистону Қазоқистон дар бораи Роғун


Узбакистону Қазоқистон омодаанд дар консорсиюми байнулмилалии нерӯгоҳи Роғун саҳм бигиранд, дар сурате, ки масоили зистмуҳитии ин нерӯгоҳ аз сӯи коршиносони байнулмилалӣ баррасӣ шавад.

Нурсултон Назарбоев пас аз дидору гуфтугӯ бо ҳамтои узбакаш дар Тошкант, дар ҷамъи хабарнигорон гуфт, ин тақозои ду президент нест, балки хоҳиши мардумони ду кишвари поёноб аст, ки мехоҳанд мутмаин бошанд, сохтмони нерӯгоҳи Роғун ва Қамбарота-2 дар Қирғизистон барои мардуми ин минтақа хатари техногенӣ ва зистмуҳитӣ эҷод намекунад.

Ин изҳороти руасоси ҷумҳури Қазоқистон ва Узбакистон дар замоне садо дод, ки раисҷумҳури Туркманистон, кишвраи поёноби дигар, барои анҷоми як сафари расмӣ вориди Тоҷикистон шуд. Гузашта аз ин, ин дидгоҳ дар замоне дубора матраҳ шуд, ки Тоҷикистон барои экспертизаи байнулмилалии Роғун розӣ аст ва дар ин бора бо Бонки ҷаҳонӣ меморандум имзо кардааст. Ба ин далел, бархе аз коршиносон пуштибонии Нурсултон Назарбоев аз мавқеъи Узбакистон дар робита бо сохтмони нерӯгоҳи Роғунро ҷузъ як иқдоми дипломатӣ чизи дигаре намедонанд.

Сӯҳроб Шарифов, раиси маркази тадқиқоти стратегии Тоҷикистон, ҳам аз сухани президент Назарбоев ёдовар гардид, ки гуфта буд, Тоҷикистону Қирғизистон ҳақ доранд, то дар қаламрави худ нерӯгоҳҳо бунёд кунанд, агар сохтмонҳо бар асоси экспертиза сурат бигиранд. Бо вуҷуди ин ҷаноби Шарифов,тақозои ахири ду раисҷумҳурро дар мавриди экспертиза иқдоми дершуда медонад, зеро, ба бовари ӯ, Тоҷикистону Қирғизистон пеш аз ин изҳорот ба экспертиза розӣ шудаанд ва аз он ҳарос надоранд.

Ҷаноби Шарифов гуфт, тақозои экспертизаи фанниву зистмуҳитӣ як баҳона аст. Ба ин далел, Тоҷикистон лаҳзае дар сохтмони нерӯгоҳ таъхир нахоҳад кард, ҳарчанд Тошкант ва Остона гуфтаанд, ки Тоҷикистон бояд то поёни экспертиза кори сохтмонро бояд қатъ кунад.
Ба эътиқоди ҷаноби Шарифов, имкон дорад баҳси кишвраҳои поёноб ва болооб бо натиҷаи экспертиза хулоса нашавад, вале ҷомеаи ҷаҳонӣ наметавонад танҳо ба назари як кишвар гӯш диҳад.

Бархеи дигар аз коршиносон низ изҳороти ахири раисҷумҳурони Қазоқистон ва Узбакистонро дершуда меҳисобанд. Вале ба назари онҳо, дар ин инҳорот низ манфиати он кишварҳо матраҳ аст, Яъне раҳбарони он ду кишвар медонанд, ки экспертиза сохтмони нерӯгоҳҳоро қатъ намекунад ва ин нерӯгоҳҳо бо пуштибонии Ғарб сохта хоҳанд шуд. Ба ин васила мехоҳанд аз саҳм гирифтан дар ин сохтмон ва масъалаҳои тақсими захираҳои об бенасиб намонанд.
XS
SM
MD
LG