«Симои ҷадид»-и пойгоҳи 201-и Русия
Дар ин бора подполковник Игор Горбул, сухангӯи фармондеҳии Ҳавзаи низомии Поволжеву Урал дар Душанбе, дар доираи маҳдуди рӯзноманигорон сӯҳбат кард ва гуфт, тағйирот дар пойгоҳи низомии 201 дар пайи ислоҳоти кулли нерӯҳои мусаллаҳи Русия сурат мегирад. Вай гуфт, ба ин хотир генерал-лейтенант Аркадий Бахин, фармондеҳи Ҳавзаи низомии Поволжеву Урал, ба Тоҷикистон омад ва тайи сафари серӯза бо вазъи ҷузъу томҳои пойгоҳи 201 дар Кӯлобу Қурғонтеппа ва Душанбе ошно шуд ва бо вазири дифоъи ин кишвар Шералӣ Хайруллоев мулоқот кард. Дар посух ба он суол ки «оё дар пайи ислоҳоти қарибулвуқӯъ дар пойгоҳи 201 теъдоди хидматчиёни низомии рус коҳиш хоҳад ёфт?», оқои Горбул гуфт:
«Мухтасар бо як ҷумла ба суолҳо дар бораи тағйири зист кардани оилаҳои хизматчиёни низомии рус чунин посух мегӯям, ки онҳо дар пойгоҳи низомӣ беш аз 3 сол хизмат карданд ва барои идомаи хизмат ба ҳудуди Русия интиқол дода мешаванд. Ҳоло ротатсияи нақшавӣ ҷараён дорад. Аз рӯи нақша ин ҷо афсарҳо, сержантҳо ва сарбозҳои дигар меоянд. Боз таъкид мекунам, ки ротатсияи нақшавӣ идома дорад»
Оқои Горбул аз ироаи иттилоъи бештар худдорӣ кард. Аммо тибқи иттилоъи расонаҳои хориҷӣ, ки дар бораи ислоҳоти низомии Русия навиштаанд, ин кишвар аз низоми шӯравии артиш даст кашида, мехоҳад ба низоми амрикоӣ, аз ҷумла шартномавӣ гузарад.
Оқои Горбул ҳам ба ҷои полку баталонҳои қаблӣ ташкил шудани бригадаҳоро таъйид ё такзиб накард. Оқои Горбул гуфт, мавзӯъи сӯҳбати фармондеҳи Ҳавзаи низомии Поволжеву Урал ва вазири дифоъи Тоҷикистон омодагӣ ба гузаронидани тамринҳои зиддитеррористии Созмони паймони амнияти дастаҷамъӣ ё ОДКБ таҳти унвони «Рубеж-2010» будааст, ки моҳи апрел дар Тоҷикистон баргузор мешавад.
Русия меравад ё намеравад?
Изҳороти мақомоти Русия дар мавриди ислоҳоти пойгоҳи низомии 201 дар ҳолест, ки тайи як соли ахир дар пасманзари баҳсҳои Русияву Тоҷикистон рӯи тарҳҳои энержии ахирӣ иддае аз расонаҳои тоҷикӣ мавзӯъи хуруҷи пойгоҳи низомии рус аз хоки Тоҷикистонро ба миён гузоштанд. Ва ҳамчунин ҳукумати Тоҷикистон аз Русия барои будубоши пойгоҳаш 300 миллион доллар тақозо кард.
Тибқи иттилоъи расмӣ, дар пойгоҳи низомии 201 беш аз 7 ҳазор низомӣ хизмат мекунанд. Коршиносон мегӯянд, тайи ислоҳоти қарибулвуқӯъ эҳтимоли бамаротиб коҳиш ёфтани ин шумора вуҷуд дорад.
Аммо оё ислоҳоти пойгоҳи низомии 201-ро метавон заъиф шудани ҳузури низомии Русия ва ба ҳамин минвол фароҳам шудани заминаҳои хуруҷи ин нерӯҳо аз Тоҷикистон унвон кард? Рашид Ғанӣ Абдулло, коршиноси тоҷик, заъиф шудани ҳузур ва хуруҷи пойгоҳи низомии Русияро баъид дониста, мегӯяд, баръакс ин кишвар хеле тавонманд шудааст ва дар ҳоли ҳозир мехоҳад барои ҳузури низомиаш камтар харҷ кунад, аммо онро дар ҳамон сатҳе, ки буд, нигаҳ дорад:
«Шояд дар чаҳорчӯби, ба истилоҳ оптимизатсияи вазорати дифоъи Русия кадом як тадбире дида шавад. Масалан, теъдоди афрод кам ва дар кул шакли вуҷуди пойгоҳ дигар шавад. Амрико ҳам ин корро мекунад. Дар ҷойҳое, ки ҷангу ҷанҷол нест, инфраструктура ё зерсохторҳо дорад, аммо теъдоди афродашро кам мекунад. Дар ҳолати зарурӣ афродро бо тайёраву баҳру дигар роҳҳо меораду аз ин инфраструктураи мавҷуда, яъне ҳар гуна амбори силоҳ, хобгоҳҳову дигар имконот истифода мебарад. Ин як чизи табиист. Зеро қисмати бештари буҷа дар кишварҳои пешрафта барои нигаҳ доштани афрод аст, на техникаву силоҳ»
Оқои Абдулло гуфт, 300 миллион долларе, ки Тоҷикистон барои пойгоҳи 201 хост, тақрибан ҳамон интизороти молиявиест, ки Душанбе барои тарҳҳои энержиаш мехоҳад. Ба қавли ӯ, ба назар мерасад, рӯи ин масъала тавофуқе ҳосил шуда, ки баҳсҳо ҳам дар ин маврид дигар вуҷуд надоранд.
2014. Баъд чӣ?
Созиши истифодаи пойгоҳи низомии Тоҷикистон дар Русия соли 2004 ба муддати даҳ сол ба имзо расидааст. Аз ин рӯ, эҳтимол ҳар тағйире, ки дар мавриди пардохти пул ба Тоҷикистон мадди назар аст, бо фарорасии соли 2014 амалӣ хоҳад шуд.
Русия дар Қазоқистон, Қирғизистон, минтақаҳои ҷудоихоҳи Абхазистону Осетияи Ҷанубии Гурҷистон, Озарбойҷон, Арманистон, Украина, Белорус, Молдова ва Сурия пойгоҳу дигар иншооти низомии аз лиҳози стратегӣ муҳим дорад, ки ҳузури низомиаш дар ИДМ ва Шарқи Миёнаро таъмин мекунанд. Дар ибтидои солҳои 90-ум пойгоҳу иншооташ дар Вйетнаму Куба баста шудаанд.
Иддае аз коршиносони тоҷик бар инанд, ки ҳузури низомии Русия дар Тоҷикистон низ рӯзе бояд ба поён расад. Аҳмади Иброҳим, коршиноси тоҷик, мегӯяд, ҳоло замонаҳои ҳалли низоъҳо тариқи зӯр ба поён расидаанд ва эҳтиёҷе ба як пойгоҳи кишвари ғайр дар Тоҷикистон нест:
«Сохтор дигар мешавад, ину он мешавад, ин кори худи пойгоҳ аст. Аммо барои мардуми бумӣ ин муҳим аст, ки инҳо ба пуррагӣ хеста раванд»
Зимнан, фирқаи тирандозии 201 Русия дар Тоҷикистон соли 1945 мустақар шуд ва соли 2004 ба пойгоҳи низомӣ табдил ёфт. Ҳадафашро ҳамоно ҳифзи марзҳои ҷанубии ИДМ арзёбӣ мекунанд. Аммо тибқи созишномаи Русияву Тоҷикистон мӯҳлати будубоши ин пойгоҳ то соли 2014 дар Тоҷикистон қонунӣ хоҳад буд.