Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Муҳаммадшариф Ҳимматзода ба хок супурда шуд


Муҳаммадшариф Ҳимматзода, раҳбари маънавии Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, дар гӯристони Сариосиёи шаҳри Душанбе дар паҳлӯи қабри Сайид Абдуллоҳи Нурӣ ба хок супурда шуд.

Муҳиддин Кабирӣ, раҳбари Ҳизби наҳзати исломӣ, пеш аз намози ҷаноза гуфт, "Муҳаммадшариф Ҳимматзода шаҳиди зинда буд, ки тӯли шаш соли бемориаш ҷонибдорон ва аъзои Ҳизби наҳзатро раҳнамоӣ мекард". Вай афзуд, Ҳизби наҳзати исломӣ бо аз даст додани Сайид Абдуллоҳи Нурӣ ва Муҳаммадшариф Ҳимматзода бераҳнамо монд ва онҳо акнун фақат ба мардум такя хоҳад кард.

Намози ҷанозаи Муҳаммадшариф Ҳимматзода дар масҷиди Имом Бухории шаҳри Душанбе бо ҷамъи аъзо ва ҷонибдорони ҲНИТ, шогирдон ва пайвандони ӯ ва ҳамчунин руҳониёни саршинос баргузор шуд.

Қаблан раёсати олии Ҳизби наҳзаи эълон карда буд, ки имоматии ин намозро Муҳиддин Кабирӣ ба уҳда хоҳад дошт. Вале бо машварат намози ҷанозаро домулло Муҳаммадӣ, руҳонии саршинос дар Қумсангир, имоматӣ кард.

Масъулони Ҳизби наҳзати исломӣ мегӯянд, дар соати 12-и имрӯз Шукурҷон Зуҳуров, раиси тозаинтихоби Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон, барои видоъ бо вакили пешини МН ба масҷиди Имом ал-Бухорӣ омада ва ба пайвандони Муҳаммадшариф Ҳимматзода ва Ҳизби наҳзати исломӣ изҳори таслият кардааст.

Ба гуфтаи масъулони ҲНИТ, онҳо барои баргузории маросими ҷанозаи Муҳаммадшариф Ҳимматзода дар берун аз масҷид ба мақомоти шаҳр дархост фиристодаанд, аммо ҷавобе дарёфт накардаанд.

Маҳмудҷон Тураҷонзода ва Ҳоҷӣ Мирзо, аз рӯҳониёни саршиноси кишвар, дар назди ҷамъомадагон дар бораи Ҳимматзода сӯҳбат карданд ва аз ӯ ба номи «донишманди бузурги ислом» ном бурданд ва хизматҳои ӯро дар навиштани зиндагинома ва корномаи Имоми Аъзам муҳим хонданд.

Сайфулло Сафаров, муовини раиси Маркази тадқиқоти стратегии назди раиси ҷумҳурии Тоҷикистон, низ дар маросими видоъ ширкат дорад. Вай аз Муҳаммадшариф Ҳимматзода ба унвони сиёсатмадор ва донишманд маъруф ёд кард ва хизматҳои ӯро дар музокироти сулҳи тоҷикон шоистаи таҳсин хонд.

Муҳаммадшариф Ҳимматзода, нахустин раис ва раҳбари маънавии Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон баъд аз бемории тӯлонӣ, субҳи рӯзи чаҳоршанбе, дар синни 59-солагӣ аз ҷаҳон даргузашт.
XS
SM
MD
LG