Дар чанд соли пеш як нафар хатмкардаи яке аз макотиби деҳоти дурдастро, ки барои шомил шудан ба кадом як мактаби олӣ ба Душанбе омада буд хостам имтиҳон кунам. Рӯзномаеро ба ӯ додам то мутолиа кунад ва хонданашро биозмоям. Ӯ як сутуни матлаберо дар рӯзнома мутолиа кард ва дар интиҳо расида хомӯш шуд ва пурсид аз куҷо идома диҳам? Зеро намедонист, ки матолиб дар рӯзнома бо сутунҳо нашр мешавад ва идомааш дар сутуни дигар аст. Аз ӯ пурсидам, ки чаро ин оддитарин чизро намедонӣ? Дар посух ӯ гуфт, боре ҳам рӯзнома нахондааст.
Шабеҳи ин мисолро феълан низ дар аксари деҳоти кӯҳистонии Тоҷикистон мешавад рӯ ба рӯ шуд. Зеро теъдоди аъзами насли солҳои баъди 90 уми қарни гузашта рӯзномаро аз наздик надидаанд, то он ки хонда бошанд. Ин иллат аз куҷо пайдо шуда ва чӣ паёмаде барои ҷомеа дошта метавонад?
Маҷаллаи «Як рӯз бо шумо» ин мавзӯъро дар деҳоти наздики пойтахтӣи Тоҷикистон таҳқиқ кард: