Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Таҷлил аз 1200 солагии Имом Бухорӣ дар Душанбе


Дар ҳамоиши саросарӣ бахшида ба 1200 солагии Имом Бухорӣ, таъкид шуд, саҳехҳарин ҳадисҳои пайғамбари Ислом ҳадисҳое ҳастанд, ки дар «Саҳеҳ»-и Имом Бухорӣ тадвин ва ба ҷахониён пешкаш шудаанд.

Абдулвоҳид Шамолов, роҳбари Пажӯҳишгоҳи фалсафаи Фарҳангистони улуми кишвар бо ишора ба таълифи саҳеҳи ҳадисҳои пайғамбари Ислом ҳаёт ва фаъолияти Имом Ал - Бухориро намунаи боризи сарсупурдагии як фарди мусулмон унвон кард. Донишманди тоҷик гуфт, Имом Бухорӣ дар овони наврасӣ 70 ҳазор ҳадис медонист, ки шаҳодати ҳофизаи фавқулодаи ӯ мебошад. Ба қавли Шамолов ҳиҷрати хонаводаи Имом ба Маккаву Мадина, дар ҳаёти ӯ саҳми бузург доштааст.

Таъкид шуд, ки ҳадисҳои пайғамбари ислом дар баробари “Қуръон” аз масдарҳои аслии ислом маҳсуб мешавад. Имом Ал-Бухорӣ ҳадисҳои саҳеҳу дурустро аз миёни нақлу ривоёти саҳобаҳо ва тобеъин бар асоси тарзу усули хос ҷудо сохта ва аҳодисро аз ривоятҳои сохтаю таққалубӣ пок кардааст. Ва ҳадисҳоро бо такя ба се нафар саҳоба гирдоварӣ намуда ва манбаҳои комилро истифода кардааст.

Маҳмадшо Илолов, раиси Фарҳангистони улуми Тоҷикистон, зимни суханронӣ дар ин кунфронс китоби “Саҳеҳи Бухорӣ”-ро пас аз “Қуръон”-и маҷид аз мӯътабартарин китоб дар бахши фиқҳи исломӣ хонд.

Оқои Илолов аз қавли уламои саршиноси исломӣ гуфт, ки то Имом Бухорӣ ва баъд аз ӯ низ ҳеҷ донишманд ё олим дар ҷаҳони ислом дар ин поя асаре иншо накардааст.

Муродулло Давлатов, сардори Маркази исломшиносии назди раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон низ бар ин назар аст, ки “Саҳеҳ”-и Бухорӣ яке аз манбаъҳои муҳим дар омӯзиши дини мубини ислом ва ҳаёти пағамбари он аст. Вале «Саҳеҳ»-и Бухорӣ то ба имрӯз аз зовияи дини ҷидӣӣ омӯхта нашудааст.

Дар «Саҳеҳ”-и Бухорӣ Тоҷикистон дар се ҷилд ба хати сирилик нашр гардидааст. Бархе аз муҳаққиқон изҳори нигаронӣ карданд, ки Имом Бухорӣ дар Тоҷикистон ва соири кишварҳои исломӣ ба таври бояду шояд омӯхта намешавад. Ва ҳатто дар замони асри бисту якум, ки сомонаҳо дар авҷи муаррифии тамаддунҳо нақши калидӣ мебозанд, дар бораи Имом Бухорӣ, маводи кофӣ ҷой дода нашудааст.

Рисолати шахсӣ ва таърихии Имом Бухорӣ ҳифз ва нигоҳ доштани суннати пайғамбари ислом буда ва ӯ "ин вазифаи муқаддасро" ба хубӣ иҷро кардааст. Ба гуфти муҳақиқон, ки Имом Бухорӣ, Муғйира, як марди суғдӣ ва мӯбади мӯбадон буд, ки пас аз тасарруфи Бухоро аз тарафи Қутайба ибни Муслим ба ислом гаравид ва ин мутафаккир тавонист дар ҷаҳони Ислом ба болотарин мақом бирасад.

Зимнан зикр гардид ки дар давраи густариши дини Ислом ва гаравидани миллатҳо ба он, хеле аз миллатҳо дар баробари дини ислом забони арабиро низ қабул мекарданд ва ин ҳол боиси аз байн рафтани ҳувияти он миллатҳо гардид.

Вале форсҳо тавонистанд Исломро қабул кунанд, бидуни он ки забони форсиро ба арабӣ иваз карда бошанд. Ва форсҳо, ба монанди Имом Абуҳанифа ва Имом Бухорӣ, бо фақеҳиву гирдоварии ҳадисҳои пайғамбари Ислом, шогирдони мактаби пайғмбар будани худро сбоит намуданд. Ва ин мактаб имрӯз садҳо шогирдонро дар бар мегирад.

Имом Бухорӣ 12 аср пеш соли 810 мелодӣ дар шаҳри Бухоро ба дунё омдаааст. Номи пураи вай дар асоси шаҷарааш Муҳаммад Абдӯабдуллоҳ ибни Абӯлҳасан Исмоил ибни Иброҳим ибни Муғийра инби Бардизбеҳ будааст. Имом Ал Бухорӣ дар асари дигараш «Таърихи кабир» дар ҷаҳони илми он давра бо як услуб ва нигориши ҷадид навишта шуда, инқилоберо падид овард.

Соли гузашта дар Тоҷикистон, соли Имоми Аъзам Абӯ Ҳанифа эълон шуда буд ва дар саросари кишвар бахшида ба ҳаёту фаъолияти асосгузори бузургтарин мазҳаби дини Ислом чорабиниҳои мухталиф баргузор шуданд.
XS
SM
MD
LG