Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бонки ҷаҳонӣ тарҳи фаннӣ ва экологии Роғунро баррасӣ мекунад


Мото Канишӣ, раиси минтақавии Бонки ҷаҳонӣ
Мото Канишӣ, раиси минтақавии Бонки ҷаҳонӣ

Моту Канишӣ, раиси минтақавии Бонки ҷаҳонӣ, мегӯяд, ки ин бонк барои таҳияи тарҳи фаннӣ ва экологии сохтмони нирӯгоҳи Роғун мусоидат хоҳад кард.

Ӯ ин матлабро пас аз мулоқоташ бо Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон эълом кард.

Ҷаноби Канишӣ гуфт, Бонки ҷаҳонӣ барои иҷрои ин барнома маблағ пайдо кардааст ва барои ин тарҳрезӣ гурӯҳи коршиносони байналмилалиро ҷалб хоҳад кард. Ба қавли ӯ, раванди ин барнома то 18 моҳ идома хоҳад кард.

Моту Канишӣ афзуд, натиҷаи ин пажӯҳиш ё экспертиза ба тамоми кишварҳои минтақа ироа хоҳад шуд, то онҳо дар бораи бехатарии сохтмони ин нерӯгоҳ мутмаин бошанд.

Ин дар ҳолест, ки Бонки ҷаҳонӣ аз чанд сол бад-ин сӯ дунболи таҳияи тарҳи фаннӣ ва экологии нерӯгоҳи Роғун аст, вале ҳар дафъа бо далоили мухталиф ин кор анҷом нашуда буд.

Вале Моту Канишӣ гуфт, ки ин қарори қатъии охирин аст ва Бонки ҷаҳонӣ ин барномаро бо назардошти вазъи минтақа ва талаботи кишварҳои ҳамсоя иҷро хоҳад кард.

Ба гуфтаи ҷаноби Канишӣ, Бонки ҷаҳонӣ пас аз пазируфта шудани тарҳи фаннӣ ва экологӣ аз сӯи созмонҳои байналмилалӣ ва кишварҳои минтақа, ба ташкили консорсиюми байналмилалӣ дар сохтмони нерӯгоҳи Роғун иқдом хоҳад кард.

Вай дар посух ба суоли радиои Озодӣ, ки давлати Тоҷикистон мехоҳад ин нерӯгоҳро бо тавони худаш бунёд кунад, гуфт: «Ин сохтмон ду давраро дар бар мегирад. Шояд Тоҷикистон тавонад даври аввали ин сохтмонро ба анҷом расонад, ки тавоноии он баробари нерӯгоҳи "Сангтӯда-1" аст, вале даври дуввум ҳазинаҳои зиёдеро талаб мекунад, ки бидуни ташкили консорсиюми байналимилалӣ ғайримумкин аст».

Ҷаноби Канишӣ афзуд, ки то омода шудани тарҳи фаннӣ ва экологӣ Тоҷикистон метавонад дар нерӯгоҳи Роғун корҳои омодагӣ ба сохтмони нерӯгоҳро анҷом бидиҳад, вале сохтмони воқеии воқеии ин нерӯгоҳ замоне мумкин хоҳад шуд, ки ин тарҳ аз сӯи созмониҳои байналмилалӣ пазируфта шавад.
XS
SM
MD
LG