Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Ҳам биҳишти зери по, ҳам хушунат"


Онҳо 56 дар сади вақти худро сарфи кори муфиди иқтисодӣ мекунанд ва мардон камтар аз 47 дар сади вақти худро. Ҳафтоду шаш дар сади вақти занони тоҷик барои кори бемузд сарф мешавад, ки манзур кори хона аст.

Дар талоши озодии комил

Нишонаи дигар аз вазъи воқеъии занон дар Тоҷикистонро метавон дар ҳамон ҳафтаномаҳои ғайрисиёсии кишвар дид, ки саропо аз достонҳои талху дилрешкунанда доир ба бонувони ҷабрдида аст, ки чӣ гуна шаҳвараш ӯро бо чанд фарзанд аз хона ронд ва ё бе ҳеҷ далеле аз ҷойи кораш маҳрум шуд. Мавзунаи Муҳаммадалӣ хабарнигори ҳафтаномаи “Чархи Гардун” мегӯяд: “Мо имрӯз доир ба мақоми зан дар ҷомеа бисёр ҳарф мезанем, масалан мегӯем, ки зани тоҷик имрӯз озод аст, ҳар ҷое хоҳад кор мекунад. Аммо озодии зани тоҷик нисбӣ аст, зани тоҷик озодии комил надорад.”

Бештар аз нисфи теъдоди афроди расман бекор дар Тоҷикистон занон ҳастанд. Бисёре аз занони қобили кор розианд ба ҳар кори каммузд машғул бошанд, аксарияти занони бекор кӯмакпулии расмӣ намегиранд. Бар асоси иттилоъи расмӣ, тафовути таносуби писарону духтарон дар макотиб ҳам зиёд аст.

Масалан, дар синфҳои болоӣ ин таносуб 60 ба 40 мебошад. Дар донишгоҳҳо, бештар аз 70 дар сади муҳассилин писаронанд ва камтар аз 30 дар сад духтарон. Агар докторҳои илмро қиёс кунед, 95 дар сад мардон ва 5 дар сад занон ҳастанд.

Дар саҳнаи сиёсии кишвар ҳам вазъ чунин аст. Бо вуҷуди дар чандин соли пеш қабул шудани барномаи давлатии боло бурдани мақоми зан дар ҷомеа ва таъйини квотаи 30 дар садии расмӣ барои занон дар ниҳодҳои давлатӣ, ин аҳди ҳукумат ҳеҷ нест, ки амалӣ шавад. Аммо занони тоҷик таҳти шароит дигар ҳам шудаанд.

Ба гуфтаи Марҳабо Зунунова – раҳбари созмони “Никоҳ ва Оила”, занони шаҳрнишини Тоҷикистон тайи солҳои ахир хеле пешрафт кардаанд, чизе ки наметавон доир ба занони рустонишин гуфт: “Дар шаҳрҳо занон ба қадри кофӣ пешрафт кардаанд, таъсири арзишҳои аврупоӣ зиёд аст. Масалан, ҳунарҳои зиёдеро аз бар кардаанд, ки пештар танҳо хоси мардон буд. Ҳоло, занҳо ронандаҳои таксӣ, сиёсатмадор хабарнигор ҳастанд ва аз ин қабил. Аммо дар манотиқи рустоӣ онҳо маҳдуд ҳастанд.“

“Эълонҳои занонаи рӯзномаҳо”

Аммо ончӣ ба гуфтаи ӯ барои ҳамаи занони тоҷик хос аст, ин сатҳи пасти дониши ҳуқуқист, ки намегузорад, зани тоҷик рушд намуда ва худро дар баробари беадолатиҳои мардону ҷомеа ҳифз намояд. Зиндагии сахту тоқатфарсо то андозае зани тоҷикро ба танг овардааст, ки дигар суннатҳои қадимаи ҷомеаи муҳофизакори Тоҷикистонро нодида гирифта ва аз тариқи рӯзномаҳо шавҳар меҷӯянд.

Эълонҳое ба мисли бонуи 34 – сола соҳиби писари хурдсол, бо ҳадафи издивоҷи дубора, мехоҳад бо марде ошно шавад, дигар касеро дар Тоҷикистон ба ҳайрат намеорад ва муаллифони аксари ин гуна эъломҳо бонувонанд.

Марҳабо Зунунова, хабарнигор ва раҳбари созмони ғайриҳукуматии “Никоҳ ва Ойила” мегӯяд, ҳатто духтарони ҳиҷобпӯш ва аз рустоҳои дурдасти Тоҷикистон барои ёфтани ҷуфти муносиб ба созмони онҳо муроҷиат мекарданд.

Ба гуфтаи Марҳабо Зунунова, барои боло бурдани мавқеъи зан дар ҷомеаи Тоҷикистон ва амалӣ кардани шиорҳои муболиғаомез дар васфи онҳо тағйир додани мафкураи занон ва боло бурдани сатҳи маърифати ҳуқуқии онҳо кофӣ нест. Вай мегӯяд, бояд мафкураи мардонро ҳам тағйир диҳанд, ки то онҳо дар симои зан на як “муштипари мутеъ”, балки фарди баробарҳуқуқ бо худро бубинанд.

Ба гуфтаи мусоҳибонам, ҷомеае, ки занон мақоми муносиб надоранд ва аз имконоту ҳуқуқи баробар бо мардон бархурдор нестанд, рушд мекунад, аммо ба сахтӣ ва хеле кунд.
XS
SM
MD
LG