Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Муҳиддин Кабирӣ


Эълони натоиҷи муқаддамотии интихоботи рӯзи 28 феврали порлумони Тоҷикистон дар ин ҳафта, раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, Муҳиддини Кабириро ба яке аз чеҳраҳои аслии хабарсоз дар саҳнаи ин кишвар табдил дод. Ва пеш аз ҳама, ба далели эътирозе, ки ӯ ва ҳизбаш дар рӯзи аввали баъди интихобот карданд.

Аммо Муҳиддини Кабирӣ ва ҳизби ӯ дар интихоботи ахир ба чӣ сурате намудор шуд ва эътирози ҲНИ ба натоиҷи, ба гуфтаи худи Кабирӣ, “золимона”-и интихобот то ба куҷо метавонад бикашад?

ЧАРО 8 ДАРСАД?

Бо вуҷуди сарфи нирӯ ва маблағи зиёд ва роҳандозии як маъракаи дар таърихи навини Тоҷикистон бесобиқаи таблиғотӣ ҳамагӣ ҳудуди 8 дарсад раъй гирифтани ҲНИТ боиси эътирози шадиди ин ташаккули умдаи мухолифин ва раҳбари он Муҳиддини Кабирӣ шуд. Оқои Кабирӣ натоиҷи интихоботро “золимона” ва ҳизбашро дар ин маърака як “мазлум” ба қалам дод ва гуфт, назҳат ба нишони эътироз аз Шӯрои ҷамъиятӣ хориҷ мешавад. Муҳиддини Кабирӣ мегӯяд, ба ҳисоби онҳо, ҳизби наҳзат дар интихобот на камтар аз 30 фоиз раъй овардааст, на он 8 дарсаде, ки Куммиссиюни марказии интихобот эълон кард.

Феълан як тими бузурги иборат аз тақрибан 50 ҳуқуқдон ба таҳияи шикоёти додгоҳии ин ҳизб машғул будаанд, вале, мегӯяд Муҳиддини Кабирӣ, агар додгоҳ низ ба доди онҳо нарасад, ҳизби наҳзати исломӣ истифода аз шеваҳои дигари эътироз, ҳатто фаро хондани номзадҳои пирӯзшудааш аз Маҷлиси намояндагон ва маҷолиси маҳаллиро низ сарфи назар намекунад: “Мо ба мардуме, ки ба мо раъй дод, шарҳ хоҳем дод, ки барои чӣ натавонистем овози онҳоро ҳифз кунем ва гунаҳкори ин кист? Албатта, вобаста ба шароит ва вазъи оянда мо як миқдор иқдомоти дигар низ шояд бигирем, вале дар марҳалаи аввал иктифо бо ҳамин иқдомот хоҳем кард. Вале ба ин нукта мехостам таъкид кунам, ки ҳама иқдомоти ҲНИТ дар чаҳорчӯби қонун ва бо назардошти манофеъи давлату миллат анҷом хоҳад шуд.”

АЗ ЁВАРӢ ТО РАҲБАРӢ

Коршиносони тоҷик мегӯянд, иқдомоти баъдии ҲНИ ба мавзеъгириҳои шахси Кабирӣ сахт бастагӣ хоҳад дошт ва аз ин зовия хулқ ва рафтори сиёсии ӯ аҳамияти вижа касб мекунад.

Муҳиддини Кабирӣ, бидуни шакк, аз боризтарин афродест, ки дар Тоҷикистон дар як даҳаи охир пой ба водии сиёсат гузоштаанд. Ӯ роҳаш ба ин водиро аз ёварии Саид Абдуллоҳи Нурӣ, раҳбари Куммиссиюни оштии миллӣ оғоз кард, дар мактаби раҳбарии нурӣ парвариш ёфт ва сипас ба симати муовинии Нурӣ дар ҳизб расид ва баъд фавти асосгузори ҲНИ дар соли 2006 ба раҳбарии ин умдатарин ташаккули мухолифи давлат дар Тоҷикистон нишаст.

Кабирӣ дар интихоботи ахири раёсатҷумҳурии Тоҷикистон номзад ва ҳамин тавр, рақиби Эмомалӣ Раҳмон нашуд ва гуфт, ҳизбашро ба интихоботи ояндаи парлумонӣ омода мекунад. Аз ин рӯ, интихоботи рӯзи 28 феврал нахустин интихобот ва нахустин имтиҳоне буд, ки аз севуним соли раҳбарии Кабирӣ ба ҲНИ натиҷагирӣ мекард.

Хуршеди Атовуллоҳ, сардабири ҳафтаномаи “Фараж” мегӯяд, бузургтарин хидмате, ки Кабирӣ дар ин муддат ба ҳайси вориси Нурӣ анҷом дод, ҳифзи худи вуҷуди ҲНИТ дар саҳна буд: “Кабирӣ дар воқеъ тавонист ҲНИТ-ро аз парокандашавӣ ба мисли Ҳизби сотсиалист ё Ҳизби демократ нигоҳ дорад, холигоҳеро, ки баъди марги раҳбари пешини ҳизб Саид Абдуллоҳи Нурӣ ба вуҷуд омада буд, пур кунад, нишон диҳад, муаррифӣ кунад ва исбот кунад, ки ҲНИТ ҳизби тундгаро нест. Бо суханрониҳои зиёдаш дар Ғарб ӯ нишон дод, ки як чеҳраи нав дар олами Ислом дар Тоҷикистон аст. Қабл аз интихобот мавзеъгириҳои ҲНИТ дар баробари сиёсатҳои давлат як каме мулоимтар шуд. Ба кадом хотир? Ба ин хотир ки интихобот шаффоф гузарад ва Кабириву ҳизбаш тавонанд овозҳоеро, ки ҷонибдоронашон ба онҳо медиҳанд, ҳифз кунанд. Вале имрӯз фикр мекунам, бояд барои Кабирӣ собит шуда бошад, ки наҳзат барои ҳукумат бегон буд ва бегона хоҳад монд.”

ФОРМАТИ НАВИ КАБИРӢ

Бо ин вуҷуд, ки мақомот ба ҲНИ ин дафъа низ тақрибан ҳамон орои 4 соли пешро қоил шуданд, аксари таҳлилгарон мегӯянд, ки Кабирӣ тавонист ҳизбашро дар ин маърака ба сифати ҷиддитарин рақиби ҳизби ҳоким ба намоиш дарорад ва пуштибонии нафақат қишри исломгаро, балки электорати эътирозӣ, яъне норозӣ аз ҳизби ҳокимро низ ба даст биорад.

Далер Ғуфронов, сардабири маҷаллаи сиёсии “Элита” мегӯяд, Муҳиддини Кабирӣ бо сарулибоси аврупоӣ ва бидуни риш намунаи як раҳбари нави исломиро дар Тоҷикистон ба намоиш гузошт ва касби ҳимояти ақшори дигар, аз ҷумла ҷавонон ва зиёиён дар интихобот маҳз бо шарофати шахси Кабирӣ буд: “Ин дастоварди худи Кабирист. Кабирӣ як сиёсатмадори формати нав аст барои Тоҷикистон, яъне омехтаи ҳам диниву ҳам дуняӣ. Масалан, чеҳрааш чеҳраи як нафари дунявист, вале дар ботин бо ақидаҳои исломӣ. Шояд ӯ як шахси идеалӣ набошад, вале бо он формати сиёсатмадориаш шароитеро фароҳам овард, ки мардум, сарфи назар аз он ки аз ақидаҳои исломӣ пуштибонӣ мекунанд ё на, ва аз ҷумла онҳое ҳам, ки ба Ислом шояд таваҷҷӯҳ надоштанд, тавассути Кабирӣ ба ҳизби ӯ таваҷҷӯҳ зоҳир карданд ва овоз ҳам доданд.“

Таҳлилгари тоҷик Саъдии Юсуфӣ мегӯяд, Кабирӣ аз ангуштшумор шахсиятҳои сиёсӣ дар Тоҷикистон аст, ки метавонад аз минбарҳои мухталиф ва бо забонҳои мухталиф сӯҳбат кунад ва, ба таъбири оқои Юсуфӣ, “азизи матбуот” шавад. Аз сӯи дигар, ба эътиқоди ин коршинос, ду кори умдае, ки Муҳиддини Кабирӣ дар севуним соли раҳбариаш ба ҲНИ анҷом дод, ҳизбсозӣ ва шахсиятсозӣ будааст: “Шароит дар дохили ҳизб ингуна набуд, ки ӯ биояду ҳама хиёлаш ба сохтани фақат ҳизб бошад, балки Кабирӣ шахсияти хешро низ дар ин дег пазонд. Ва гоҳо чунин ба назар мерасад, ки шахсиятсозиаш дар бисёри мароҳил аз ҳизбсозиаш муқаддамтар аст ва ҷилавтар. Ва агар ба таъбири шӯхиомезтаре ҳарф бизанем, ӯ тавонистааст, “азиз”-и матбуот бошад ва дар ҳамаи ҷо ба назар мерасад. Аммо ин боис шуд, ки дигар шахсиятҳо дар наҳзат зери соя бираванд ва дар ҳошия қарор бигиранд. Имрӯз Кабирӣ тавре дар дохили ҳизб аст, ки гӯё ин ҳизб дар Кабирӣ хулоса мешавад ва Кабирӣ - дар ин ҳизб. Ҳол онки ҳизб ҷоест, ки бояд шахсиятҳои дигараш низ бориз бошанд.”

ҲНИТ БОЯД АКНУН ЧӢ КУНАД?

ҲНИТ дар муқоиса бо соъир аҳзоби ба сурати умум хурду заифи мухолифи давлати Тоҷикистон аз нирӯ ва имконоти бамаротиб бузургтаре бархӯрдор аст. Аз ин лиҳоз, дар пасманзари интихоботи ахир ва орои каме, ки дар ин маърака ба ҲНИ доданд, чашми маҳофил чӣ дар дохил ва чӣ дар хориҷ низ акнун асосан ба сӯи ин ҳизб ва раисаш Муҳиддини Кабирист, ки дар қиболи натоиҷи интихоботи 28 феврал ниҳоят чӣ тасмим хоҳад гирифт.

Хабарнигори тоҷик, Хуршеди Атовуллоҳ мегӯяд, Кабирӣ бояд ба хотири дифоъ аз раъйи мардуме, ки дар интихобот аз ҳизби ӯ пуштибонӣ кард, бештар истодагарӣ кунад: “Иштибоҳи аввали Кабирӣ бовар карданаш ба ваъдаи давлат дар бораи баргузории интихоботи демократӣ буд. Фикр мекунам, Кабирӣ ба ин ваъдаҳо сахт бовар кард ва мавқеъашро ҳамчун раҳбари ҳизбе, ки мебоист дар рақобат бо ҳизби ҳокими халқӣ-демократӣ биистад, заиф кард. Иштибоҳи дуввум дар мавриди арзёбии натоиҷи интихобот бо як чизи беаҳамият – хуруҷ аз Шӯрои ҷамъиятӣ - иктифо варзидани ҳизб буд. Будан ваё набудани наҳзат дар ин Шӯро аҳамияте надорад, чунки дар охирин ҷаласаи Шӯрои ҷамъиятӣ танҳо чизе, ки Кабирӣ муваффақ шуд, ҷудо кардани як толор барои анҷумани пешазинтихоботии ҲНИТ буд. Ба назари ман, ба хотири ҳифзи манфиатҳои мардуме, ки дар интихобот ба наҳзат овоз доданд, бояд он ду нафаре, ки аз ин ҳизб ба парлумон вакил мешаванд ва якеаш худи Кабирист, аз парлумон берун мерафтанд.”

Аммо Хуршеди Атовуллоҳ мӯътақид аст, ки Кабирӣ ва ҳизби ӯ дар ниҳоят ба ягон гузашти андак розӣ хоҳанд шуд ва аз идомаи эътирозҳои феълии худ даст хоҳанд бардошт.

СИФАТИ “ИСЛОМӢ” ДАР ИСМИ ҲНИТ

Таҳлилгарон мегӯянд, вуҷуди сифати “исломӣ” дар номи ҳизбаш омилест, ки Кабириро маҷбур мекунад, дар иттихози ҳар тасмим назар ба соъир гурӯҳҳои сиёсии фаъол дар саҳнаи Тоҷикистон аз эҳтиёти бакарат зиёдтар кор бигирад. То мабодо бо як ҳаракати ноҷо ба мухолифини ин танҳо ҳизби исломии расман сабтиномшуда дар саросари Осиёи Марказӣ баҳона диҳад ва мисли соли 1992 саркӯб ва аз саҳна ронда шавад.

Муҳиддини Кабирӣ таъсири ин омилро эътироф мекунад, вале мегӯяд, ки он ҳаллкунанда нест: “Мо ҳатто агар як ҳизби дунявӣ ҳам мебудем, шахсан худи ман ба ин назар будам, ки ҳамеша бояд бидуни эҳсосот ва асабоният тасмимҳоро гирифт. Вале имрӯз ман бо гузориши як сафоратхонаи яке аз кишварҳои хориҷӣ дар Тоҷикистон шинос шудам, ки ҳушдор додааст, ки ба маҳзи эътирози ҲНИТ шояд як вазъи ноамнӣ дар Тоҷикистон ба вуҷуд биояд ва ба шаҳрвандони кишвари худ тавсия додааст, ки ба ин далел аз сафар ба Тоҷикистон худдорӣ варзанд. Бубинед, ки ҳама норозӣ буданд, вале вақте ҲНИТ як эътирози шадидтаре кард, ин алакай таъсири худро дар зеҳни хориҷиҳо ва баъзе доираҳо расонд.”

Коршинос Саъдии Юсуфӣ аз ин зовия муҳофизакориҳои Кабирӣ, яъне қаноати ӯ бо нақди андак ва тарҷеҳаш ба роҳи созишро ношӣ аз васиятҳои раҳбари фақиди ҲНИ Саид Абдуллоҳи Нурӣ мешиносад, ки ҳифзи вуҷуди ҳизбро аз ҳама аҳдофи дигари кӯтоҳмуддат болотар мегузошт. Ба гуфтаи оқои Юсуфӣ, Муҳиддини Кабирӣ сиёсатмадорест, ки дар майдони Исломи сиёсӣ пайкор мекунад. Майдоне ки назар ба ҳар майдони дигари сиёсат риски бештар дорад ва аз ин майдондорон камоли эҳтиёт ва дурандеширо тақозо мекунад: “Душвортарин навъи сиёсат дар ҷаҳони имрӯз ҳамин аст, ки шумо бо номи ислом бихезед ва сиёсатро пеш бубаред. Ин хеле риск мехоҳад, хеле қурбонӣ мехоҳад, хеле тавонмандиҳо мехоҳад, ки як одам дар ин водӣ гом биниҳад. Аз сӯи дигар, мо ҳарчанд дар дохили Тоҷикистон фазои нисбатан амну ором дорем, мунтаҳо, мо аз нигоҳи ҷуғрофӣ дар як минтақаи сахт ноором ва аз лиҳози амниятӣ осебпазир ҳузур дорем. Ман фикр мекунам, ин авомил боис мешаванд, ки оқои Кабирӣ аз эҳтиёти бештар кор бигирад ва ин дастовардҳоеро, ки дар тамоми тӯли фаъолият ҷамъ оварданд, дар як он ва дар як мавзеъгирии ғалат ин ҳамаро аз даст надиҳад. Сониян, Муҳиддини Кабирӣ аз таҷрибаҳои аҳзоби сиёсии кишварҳои дигар, алалхусус аҳзоби динии Туркия мехоҳад кор бигирад. Онҳо ҳамин гуна мавқеъгириҳои оҳиста-оҳиста доштанд ва дар дарозмуддат ин онҳоро ба қудрат расонд ва ба нирӯи қавие табдил дод, ки ҳама рӯяш ҳисоб мекунанд. Шояд ҳамин формуларо оқои Кабирӣ мехоҳад, дар ҷумҳурии мо низ пиёда кунад.”

САБАБҲОИ “ОБЪЕКТИВӢ”

Бархе таҳлилгарон ҳатто бар ин назаранд, ки тақаллуби фаровон ва ғайридемократӣ гузаштани интихоботи парлумонии Тоҷикистон дар ин кишвар тақрибан бенатиҷа будани роҳҳои қонунии муборизаи сиёсиро, ки якеаш ҳамин интихобот аст, бармало кард.

Аммо Муҳиддини Кабирӣ мегӯяд, ҳатто аз чунин “золимона” ғорат шудани орои ҳизбаш рӯҳафтода нашудааст: “Дуруст аст, ки хеле душвор аст барои як ҳизби сиёсии оппозиситсионӣ, ки бо роҳи қонунӣ ва дар як шароити боз андешаҳои худро барои ҷомиа матраҳ карда тавонад. Вале бояд сабр кард, таҳаммул кард ва пайгирона роҳи худро идома дод. Ман бовар дорам, ки як рӯз не , як рӯз, мо ба натиҷа хоҳем расид.”

Ба назари маҳофил, инки Кабирӣ тавонист дар интихоботи ахир қудрати воқеъии ҳизбашро ба намоиш дарорад ва ҳадди ақал ҳамон амонати аз Нурӣ барояш меросмонда, яъне ҳамон ду курсии вакилиро барои ҳизби худ ҳифз кунад, аломати муваффақияти ӯст. Бо бовари аксар, ин интихобот як чолиши ҷиддӣ барои худи Кабирӣ буд ва ӯ аз ин имтиҳони барояш фавқулодда муҳим гузашт.

Аммо он ки ин сарфи нирӯи бузург ва маъракаи бесобиқаи таблиғотӣ натавонист барои ҲНИ орои аз интихобти қаблӣ бештаре биорад, тақсири на Кабирист, балки бештар аз он “сабабҳои объективӣ”е бармеояд, ки мақомоти Душанбе дар шарҳи камбудиҳои интихобот ба нозирони САҲА мегуфтанд.

Ва ҳамин “сабабҳои объективӣ”-ст, ки Кабирӣ ва ҳизби наҳзати исломии ӯро шояд ин бор ҳам маҷбур кунад, ки натоиҷи эълоншудаи интихоботи ахирро низ фурӯ баранд ва бо ин нақди андаке, ки ба онҳо доданд, қаноат варзанд. Дастикам то замони пеш омадани сабабҳои нави “объективӣ”.
XS
SM
MD
LG