Каримҷон Абдулалимов, муовини ин марказ, мегӯяд, ҳадафи ин барнома ҳифзи пиряхҳои кишвар аст, ки манбаъи аслии оби Осиёи Марказӣ маҳсуб мешаванд. Вай афзуд, солҳои ахир обшавии босуръати пиряхҳо ба назар мерасад:
«Масалан, пиряхи Федченко аз соли 1937 то соли 2007 ба дарозии 1,5 километр ва ба баландии 800 метр об шудааст. Сабаби обшавӣ гармшавии иқлим ва бетаваҷҷӯҳӣ ба пиряхҳо аст. Агар боз эътибор надиҳем, суръати обшавӣ боз меафзояд»
Тибқи иттилоъи маркази ҳавосанҷӣ, дар Тоҷикистон 8 ҳазор пирях ҳаст, ки 8 дарсади ҳудуди кишварро ташкил медиҳанд. Пиряхҳо манбаъи аслии оби Тоҷикистон, яъне 60 дарсади оби Осиёи Марказӣ маҳсуб мешаванд. Тайи 60 соли ахир ҳарорати ҳаво 1 дараҷа аз рӯи Селсия боло рафта, сеяки ҳаҷми умумии пиряхҳои Тоҷикистон об шудаанд. Тибқи ин манбаъ, хатари нобуд шудани беш аз 1, 6 ҳазор пиряхи хурду миёна вуҷуд дорад.
Маркази ҳавошиносии Тоҷикистон бо роҳандозии барномаи ҳифзу омӯзиши пиряхҳо, ки солҳои 2010 то 2030–ро дарбар мегирад, ҳадаф дорад, ки раванди обшавии пиряхҳоро на фақат омӯзад, балки аз он ҷилавгирӣ кунад. Каримҷон Абдулалимов мегӯяд, таъсиси як Маркази миллии яхшиносӣ зарур аст, ки ин барномаро амалӣ кунад ва қабл аз ҳама як рӯйхати ҷадиди пиряхҳоро тартиб диҳад, қабатҳои ях тариқи моҳвораро таҳқиқ, захираҳои обро таҳлил ва дар кул бархӯрди илмӣ ба коҳиши обшавии пиряхҳоро роҳандозӣ кунад.
Тоҷикистон яке аз кишварҳоест, ки дербоз барои ҳифзи пиряхҳояш мекӯшад, то таваҷҷӯҳи ҷомеаи ҷаҳониро ҷалб кунад. Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури ин кишвар моҳи сентябри соли гузашта дар Конфронси саввуми ҷаҳонии иқлим дар Женева пешниҳод кард, ки як Бунёди байнулмилалии ҳифзи пиряхҳо таъсис дода шавад.
Анвар Ҳомидов, аз мутахассисони маркази ҳавошиносии Тоҷикистон, мегӯяд, вақте як кишвар дар сатҳи байнулмилал ин гуна пешниҳод мекунад, бояд худ барнома ҳам дошта бошад. Вай афзуд, ҳифзи пиряхҳо ба коҳиши фақр ва рушди иқтисоди Тоҷикистону минтақа низ рабт мегирад.
Яраш Пӯлодов, аз коршиносони масоили об, мегӯяд, дар ҳоли ҳозир тасвири илмие аз вазъи захираҳои оби минтақа вуҷуд надорад ва зарурати воқеии як барномаи ҳифзи пиряхҳо ба вуҷуд омадааст.
Коршиносон ҳамчунин бар ҳамкориҳои Тоҷикистон бо дигар кишварҳои минтақаву осиёӣ ишора мекунанд. Ба қавли онҳо, қабл аз ҳама ҳамкорӣ бояд бо Созмони омӯзиши кӯҳсор, ки аъзояш кишварҳои Непал, Бутан, Афғонистон, Покистону ва Чину Ҳиндустон мебошанд ва ҳадафаш ҳифзи захираҳои обии Ҳимолой аст, ба роҳ монда шавад.
Иддае дигаре ҳам таъкид мекунанд, вақте ин барнома аз обанборҳо дар манотиқи кӯҳистон пуштибонӣ мекунад, бар ҳассосияти кишварҳои поёноби Осиёи Марказӣ - Ӯзбакистон, Туркманистон ва Қазоқистон хоҳад афзуд. Онҳо мегӯянд, аз ин хотир ба кӯшишҳои Тоҷикистон ҷиҳати ҳифзи пиряхҳо онҳо бо шак хоҳанд нигарист.
«Масалан, пиряхи Федченко аз соли 1937 то соли 2007 ба дарозии 1,5 километр ва ба баландии 800 метр об шудааст. Сабаби обшавӣ гармшавии иқлим ва бетаваҷҷӯҳӣ ба пиряхҳо аст. Агар боз эътибор надиҳем, суръати обшавӣ боз меафзояд»
Тибқи иттилоъи маркази ҳавосанҷӣ, дар Тоҷикистон 8 ҳазор пирях ҳаст, ки 8 дарсади ҳудуди кишварро ташкил медиҳанд. Пиряхҳо манбаъи аслии оби Тоҷикистон, яъне 60 дарсади оби Осиёи Марказӣ маҳсуб мешаванд. Тайи 60 соли ахир ҳарорати ҳаво 1 дараҷа аз рӯи Селсия боло рафта, сеяки ҳаҷми умумии пиряхҳои Тоҷикистон об шудаанд. Тибқи ин манбаъ, хатари нобуд шудани беш аз 1, 6 ҳазор пиряхи хурду миёна вуҷуд дорад.
Маркази ҳавошиносии Тоҷикистон бо роҳандозии барномаи ҳифзу омӯзиши пиряхҳо, ки солҳои 2010 то 2030–ро дарбар мегирад, ҳадаф
Пиряхи Федченко аз соли 1937 то соли 2007 ба дарозии 1,5 километр ва ба баландии 800 метр об шудааст.
Тоҷикистон яке аз кишварҳоест, ки дербоз барои ҳифзи пиряхҳояш мекӯшад, то таваҷҷӯҳи ҷомеаи ҷаҳониро ҷалб кунад. Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури ин кишвар моҳи сентябри соли гузашта дар Конфронси саввуми ҷаҳонии иқлим дар Женева пешниҳод кард, ки як Бунёди байнулмилалии ҳифзи пиряхҳо таъсис дода шавад.
Анвар Ҳомидов, аз мутахассисони маркази ҳавошиносии Тоҷикистон, мегӯяд, вақте як кишвар дар сатҳи байнулмилал ин гуна пешниҳод мекунад, бояд худ барнома ҳам дошта бошад. Вай афзуд, ҳифзи пиряхҳо ба коҳиши фақр ва рушди иқтисоди Тоҷикистону минтақа низ рабт мегирад.
Яраш Пӯлодов, аз коршиносони масоили об, мегӯяд, дар ҳоли ҳозир тасвири илмие аз вазъи захираҳои оби минтақа вуҷуд надорад ва
Пиряхҳо манбаъи аслии оби Тоҷикистон, яъне 60 дарсади оби Осиёи Марказӣ маҳсуб мешаванд.