Ба иддаои ин шунаванда ҳарчанд то имрӯз аз ҷониби раёсати манзиливу коммуналӣ барои рафъи мушкилоти онҳо иқдоми чашмгире сурат намегирад, аммо кормандони раёсати хизматрасонии манзиливу коммуналӣ сари ҳар моҳ аз онҳо талаби пар дохти ҳаққи хизмат мекунаанд.
Дар ҷараёни пажӯҳиши ин масъала муайян шуд, ки аксари сокинони кишвар ба ҳамин мушкил мувоҷеҳанд ва мегӯянд, аз сӯи шӯъбаҳои ин ниҳод оддитарин шаклҳои хизматрасонӣ, аз ҷумла сари вақт тоза кардани партовгоҳҳову таъмиру пӯшонидани бомҳо ва лӯълаҳои об анҷом намешавад. Вале масъулини хадамоти манзиливу коммуналӣ мегӯянд, бинобар сари вақт пардохт нашудани маблағ аз сӯи сокинон онҳо наметавонанд хидматрасонии босифатро ба роҳ гузоранд.
Дар мавриди пардохти ҳаққи заҳмати ин хадамот миёни масъулин ва шаҳрвандон баҳсу нофаҳмӣ хеле зиё аст. Таҳқиқи мо ҳам печида будани ин масъаларо нишон дод. Ва барномаи «Як рӯз бо шумо» талош кард барои шарҳ додани ин мавзӯъ сокинон, масъулин ва намояндагони ҳукуматро ба сӯҳбат бикашад.
Барои шунидани ин барнома нишонии радиоро дар тарафи рости сафҳа ангушт бизанед.