Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Таассуроти Раҳмон, Маҳкамов, Кабирӣ ва Зойиров аз интихобот


Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, пас аз берун омадан аз ғурфаи райъдиҳӣ ҳозир нашуд, то дар баробари шумораи зиёди хабарнигорон сӯҳбат кунад.

Вай гуфт, тарҷеҳ медиҳад, ки дар рӯзи интихобот хомӯш бошад, то ин ки қонуншиканӣ рух надиҳад. Аммо сӯҳбати кӯтоҳи ӯ ба ин маъно буд, ки интихобот як чорабинии муҳимми сиёсӣ аст, мартаба ва мақоми Тоҷикистон бастагии мустақим ба тарзи баргузории онро дорад:

Эмомалӣ Раҳмон дар бораи интихобот
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:47 0:00


Ин таъкиди раисҷумҳури Тоҷикистон ва ҳамзамон раиси ҲХДТ дар бораи баргузории интихоботи шаффофу озод бори аввал нест. Ҳанӯз дар паёми худ ба мардум дар соли гузашта дар моҳи апрел ӯ таъкид карда буд, ки худ кафили баргузории интихоботи шаффофу озод мешавад.

Аммо ҳоло роҳбарони бархе аз аҳзоби сиёсии Тоҷикистон аз ҳодисаҳои зиёди қонуншиканӣ дар ҷараёни интихобот ҳарф мезананд.

Муҳиддин Кабирӣ, раиси ҲНИТ, ки дар қитъаи интихоботии рақами 32-юми ноҳияи Шоҳмансур раъйи худро ба сандуқ мерехт, гуфт, нозирони ҳизби ӯ ҳолатҳои фаровони тақаллубкорӣ дар манотиқи мухталифи кишварро сабт кардаанд.

Кабирӣ дар интихобот
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:43 0:00


Раҳматулло Зойиров, раиси ҲСДТ ва яке аз номзадҳои интихоботӣ аз ҳавзаи Сино, пас аз раъйдиҳӣ дар сӯҳбат бо хабарнигорон гуфт, дар соатҳои аввали интихобот бархе аз қонуншиканиҳо ба мушоҳида расидааст.

Дар интихоботи кунунии парлумонии кишвар ҳамаи 8 ҳизби сиёсӣ вориди корзор шудаанд. Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон аз 63 вакил иборат аст. Аз ин шумора, 22 вакил аз тариқи феҳристи ҳизбӣ ва ё ҳавзаи воҳиди сартосарӣ интихоб мешавад. Танҳо ҳизбе метавонад вориди парлумон шавад, ки панҷ дарсад аз раъйҳои умумиро бигирад.
XS
SM
MD
LG