Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Идрорпулии Менделеев барои донишҷӯёни тоҷик


Даҳ тан аз донишҷӯёни тоҷик баррандаи стипендияи ба номи Дмитрий Менделевии Фонди тавсеаи «Пажӯҳишгоҳи тадқиқотии АвруОсиё»-и Русия шудаанд.

Ба ин муносибат имрӯз бо ширкати масъулони ин Фонд, мақомоти Вазорати маорифи Тоҷикистон, сафорати Русия ва намояндагони донишгоҳҳои Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе маросими эътои дипломҳои стипендияи ба номи Менделеев сурат мегирад.

Барандагони идрорпулӣ асосан донишҷӯёне ҳастанд, ки дар фанҳои дақиқ бо баҳои аъло таҳсил мекунанд ва дар корҳои ҷамъиятӣ фаъоланд ...
Ин иқдом дар чорчӯби ҳамкориҳои байналмилалии илмию омӯзии Тоҷикистон ва ба ифтихори «Соли маориф ва фарҳанги техникӣ» эълон шудани соли 2010 дар ин кишвар анҷом мегирад.

Ноилшо Нуралиев, масъули дафтари матбуоти Вазорати маорифи Тоҷикистон ба Радиои Озодӣ гуфт, «даҳ донишҷӯ аз Донишгоҳҳои Миллӣ, Омӯзгорӣ, Технологӣ, Кишоварзӣ, Тиббӣ ва ҳамчунин Донишгоҳҳои Кӯлоб, Қурғонтеппа, Суғд ва Хоруғ ба дипломи ба номи Дмитрий Менделеев сарфароз гардонда хоҳанд шуд, ки онҳо ҳар моҳ дар муддати як сол ба миқдори 50 доллари амрикоӣ идрорпулӣ дарёфт хоҳанд кард».

Ба таъкиди ӯ, баррандагони идрорпулӣ асосан донишҷӯёне ҳастанд, ки дар фанҳои дақиқ бо баҳои аъло таҳсил мекунанд ва дар корҳои ҷамъиятӣ фаъоланд. Ҷаноби Нуралиев, мӯътақид аст, ки ин тасмим барои ҳавасманд шудани донишҷӯёни тоҷик такони ҷиддӣ аст. Тибқи иттилои вай, ҳоло мизони идрорпулии донишҷӯён дар донишгоҳҳои Тоҷикистон аз 50 то 100 сомонӣ, ё муодили 20 доллари амрикоист.

Бад ин тартиб теъдоди донишҷӯёни Донишгоҳҳои Тоҷикистон, ки соҳиби идрорпулии ба номи Менделевии Фонди тавсеаи «Пажӯҳишгоҳи тадқиқотии АвруОсиё» - и Русия шуданд, ба 20 нафар мерасад. Соли гузашта низ ба 10 нафар аз донишҷӯёни тоҷик чунин идрорпулӣ ҷудо шуда буд.

Сандуқи тавсеи «Пажӯҳишгоҳи тадқиқотии АвруОсиё»-и Русия соли 2005 таъсис шуда ва барқарорӣ ва густариши равобити илмӣ, фарҳангӣ ва башарӣ миёни кишварҳои Иттиҳоди давлатҳои мустақил аз ҳадафи аслии ин муассисаи илмӣ-пажӯҳишӣ аст.
XS
SM
MD
LG